Ин ном дар тамоми љањон машњур гардидаву нафаре нест, ки ин бонуро нашиносад. Коко Шанел номи афсонавї дар љањони муд аст. Шанел (Chanel) бо атрњои машњур, либосу лавозимоту љузвдонњои бо тарњу услуби замонавї омодашуда машњур гардидааст. Аммо то шуњратёр гардиданаш мушкиливу азобу санљишњои зиёди рўзгорро пушти сар карда, ки на њар касе аз саргузашти вазнини ў бархурдор аст.
Кўдакї
Номи аслиаш Габриэл Бонер (Коко) аст, ки 19 августи соли 1883 дар шањри Сомури Фаронса ба дунё омадааст. Коко соњиби 4 бародару 1 хоњар буд. Волидонаш Алберт Шанел ва Жанна Девол издивољи шањрвандї доштанд.
Ў аз кўдакиҳояш зиёд њарф задан намехоњад. Чун он овонро бо сангинињои зиёде пушти сар намудааст. Њанўз 11 сол дошт, ки модараш рењлат намуд. Пас аз ин воқеа падараш онњоро танҳо гузошта, ѓайб зад.
Чанд муддат њамроњи бародарону хоњараш дар хонаи хешовандон ба сар бурданд. Вале баъдтар онњоро ба хонаи кўдакон супурданд, ки ин солњоро Коко дар тарљумаи њоли худ яке аз душвортарин солњо дарљ намудааст.
Замони дар ятимхона будан Шанел њамарўза орзуи сарватманд шуданро мекард. Аввалин чизе, ки ўро асабонї мекард, њамарўза якранг ба бар намудани либосњо буд. Ба назари ў, дар ин либос тамоми кўдакон якхела менамуданд. Мањз дар он овон ў мехост, ки барои духтарон либосњои шинаму зебо офарад.
Ваќте синни Коко Шанел ба 18 расид, дар яке аз маѓозањои либосфурўшї ба њайси фурўшанда ба кор пардохт. Рўзона машѓули тиљорат буду шабона дар як клуби дилхушї сурудхонї менамуд. Лаќаби «Коко»-ро мањз дар њамон љо ба ў додаанд. Зеро пайваста суруди «Кo Кo Ri Кo»-ро иљро менамуд. Як муддат ў мехост, ки сароянда ва ё раќқоса шавад. Дар тамоми кастингњо иштирок намуд, аммо муваффаќ нагардид. Дар синни 22-солагї Коко озими шањри Париж шуд, то касби ороишгари либосро аз худ намояд. Бо гузашти 5 сол бо саноатчї – Артур Капел вомехўрад, ки ба ў дар ќадамњои аввалини касбиаш кўмак намуд.
Муваффақият
Ваќте Артур Капел бо ғояњои љолиби Коко Шанел ошно мегардад, ба истеъдоди фавќулодаи ў бањои баланд медињад. Тарроҳи љавон тавонист, ки соли 1910 аввалин дукони кулоњфурўшии худро дар шањри Париж ифтитоњ намояд. Тиљораташ чунон рушд намуд, ки пас аз 3 сол дукони дуввумашро дар шаҳри Довил ба истифода дод.
Бо ба даст овардани маблаѓи калон Шанел тиљорати худро озод ба роњ монда, бо тарњи љолиби кулоњњо тиљораташро васеъ намуд. Њамкориашро бо хонумњои сарватманд ба роњ монда, барояшон кулоњҳои гаронарзишро бо тарњу услуби ба онњо хос омода мекард. Њар рўз муштариёнаш бештар мешуданд. Дере нагузашта, миёни амалдорони фаронсавї маќоми махсусро соњиб гардид. Њама мехостанд, ки либосњои ороишгари љавони муд – Шанелро дошта бошанд, ки бо зебої ва тароват фарќ мекард. Коко риштаи марвориди афсонавиро, ки ороиши зебоест, низ ихтироъ намуд.
Соли 1921 Коко Шанел атри машњури Chanel No 5-ро муаррифї намуд, ки таърихи аљибе дорад. Ихтироъкори он аттори рус Эрнест Боб буд, ки тарроњ аз ў хоњиш менамояд, то атре эљод намояд, ки бўи махсуси занона дошта бошад. Бо њамин атри Chanel No 5 ихтироъ мешавад.
Ваќте Коко соли 1923 ба Канн меравад, пўсташ месўзаду рангаш иваз мешавад, ки он ваќт чунин пўст маъмул набуд. Њама ўро дида, гумон мекунанд, ки чунин ранги пўст ба муд даромадааст ва шурўъ мекунанд ба сўзонидани пўст дар зери шуои офтоб.
Ҳамин тавр, ў пас аз омода кардани кулоњ ба дўхтани шиму костюми занона шурўъ менамояд, ки то њол њамчун либоси бонувони хизматчии давлатї маъмул аст.
Бо талошу зањматњои зиёд Коко дар синни 50-солагї маъруфу машњур ва сарватманд гардид. Аммо бо оѓоз гардидани Љанги Дуюми Љањонї (1939-1945) Шанел маљбур шуд, ки дуконњояшро бубандад, зеро мардум дигар ба муд таваљљуњ надоштанд.
Тиљорати дигар
Тибќи баъзе маълумотњо, тарроњи мудро ба он айбдор донистанд, ки гўё бо љосуси Олмон – Њанс Гюнтер фон Динклаге робитаи зич дошта, ба ў маълумотњои махфиро ирсол менамудааст. Пас аз анљоми љанг тарроњро ба хиёнат ба Ватан муттањам карда, паси панљара бурдан хостанд. Черчил ваъда дод, ки агар тарки Фаронса намояд, ўро озод хоҳад кард. Шанел розї шуд ва озими Швейтсария гардиду 9 соли умрашро он љо сипарї намуд.
Пас, Шанели 70-сола тасмим гирифт, ки бо ифтитоњи хонаи муд дар пойтахти Фаронса бори дигар ба љањониён аз худ ёдовар шавад. Ин маротиба љузвдонњои ихтироъкардаашро ба намоиш гузошт. Соли 1954 Коко љузвдони машњури росткунљаеро бо номи «2.55» муаррифї кард. Љузвдони мазкур даста дар шакли занљири дароз дошт, ки ба шарофати он духтарон онро дар китфи худ бардошта метавонистанд. Тўли 3 сол хонаи муди ў на танњо дар Фаронса, балки берун аз њудуди он ба яке аз маъмултарин хонањои муд табдил ёфт. Бо ин роњ, ў дигарбора мардумро ба коллексияи либосу лавозимоти ихтироъкардааш љалб намуд.
Њаёти шахсї
Ба Коко Шанел мардони зиёде мароқ зоҳир менамуданд, аммо њељ кадоме натавонистанд, ки дили ўро ба даст оранд. Миёни дилбохтагонаш сарватманд кам набуд. Аммо Коко оромиши худро дар кору фаъолияти пайваста медид. Њамин буд, ки ў то поёни умр бидуни шавњару фарзанд зиндагї намудааст.
Коко Шанел дар яке аз њуљраҳои мењмонхонаи Ritz дар синни 87-солагї даргузашт. Сабаби маргашро сактаи ќалб гуфтаанд. Бо вуљуди тарроњи машњур будан пас аз марг аз љевони ӯ њамагї се адад либос пайдо кардаанд.
Бунафша РАЊМОНОВА