Зан – модар офаридаи беҳамтои табиат, асоси саодат, умеди имрӯзу фардои зиндагӣ, пешбарандаи фаъоли ҷомеа аст. Сарфарозиву саодати мардумро бе ҳастӣ ва ҳидояти неки модарон тасаввур кардан аз имкон берун аст. Зиндагии ҳар фарди ҷомеа аз меҳру муҳаббати самимӣ, сидқу вафодории зан – модар маншаъ мегирад. Ободии ҷомеа, сарсабзии рӯзгор аз фазилати чароғи мунаввари хонадон, таҳкимбахши ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, талошҳои пайвастаи зан – модар аст.
Саодат Сафаралиева аз зумраи модарони толеъбаланд аст, ки бо хислати неки инсонӣ, самимият, меҳнатдӯстиву садоқат дар дили аҳли хонавода ва наздикон ҷой гирифта, намунаи ибрати ҳамагон гардидааст. Ин зан – модари некирода бо ҳамсари ғамхору дилсӯз, табиби собиқадори соҳаи тиб Ҷӯрахон Ҳаётов дар шаҳраки Данғара умр ба сар мебарад.
Саодатбону 5 июни соли 1955 дар деҳаи Оқсу (ҳозира Сафобахш) - и ноҳияи Данғара, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети таърих ва ҳуқуқи Университети давлатии Тоҷикистон аст. Аз моҳи августи соли 1977 то соли 2005 муаллимаи фанни таърих ва ҳуқуқ дар мактабҳои шаҳраки Данғара буд, солҳои 2005 – 2007 чун котиби Ҷамоати шаҳраки Данғара фаъолият бурд. 1 духтару 4 писари онҳо соҳиби маълумоти олӣ буда, айни ҳол дар вазифаҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ дар пайравӣ аз падару модар фаъолият менамоянд. Фирдавс, муовини якуми Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саёҳат котиби деҳоти Корез, Масрур муовини якуми раиси суди шаҳри Ҳисор, Фарҳод корманди масъули стансияи роҳи оҳани шаҳри Хуҷанд, Фозил соҳибкор буда, ҳар яке дар самти кории хеш садоқатмандона кору хизмат намуда истодаанд.
Саодатбону дар баробари тарбияи фарзандон ва омӯзгори пешсафу муваффақ будан, инчунин, дар масоили тозагии муҳити зист, тарбияи экологӣ ва завқи зебоипарастӣ намунаи ибрат мебошад.
Ҷӯрахону Саодат истиқоматкунандагони Ҷамоати шаҳраки Данғара, борҳо ҳамчун оилаи намунавӣ бо ифтихорномаву мукофотҳои пулӣ қадр шудаанд.
Дар риштаи ҳамсоядорӣ ин хонавода бисёр ғамхор, дастгир, саховатманд ва бовафо мебошанд.
- Ҳамаи чор келинам соҳиби маълумоти олиянд. Ман ба онҳо ҳамчун модар муносибат намуда, ҳунарҳои кадбонугӣ, пухтупаз, дӯзандагӣ, меҳмоннавозӣ ва дигар ҳунарҳои ба зани тоҷик хос бударо омӯзондам. Моҳе як маротиба ҳамаи фарзандон ва набераҳоямонро ҳамроҳ бо модаронашон ба хона даъват карда, суҳбат мегузаронем, ки ин риштаҳои муносибатҳои оилавиро боз ҳам қавитар мегардонад, - ироа дошт Саодатбону.
Апаи Саодат кӯшиш ба харҷ медиҳад, то фарзандону наберагонро дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, ростқавлӣ, меҳнатдӯстӣ ва дигар хислатҳои поки инсонӣ тарбия намояд.
- Ман давраи донишҷӯии худро дар Донишгоҳ ба ёд оварда аз он афсӯс мехӯрдам, ки дар он замон оид ба таърихи халқи тоҷик соатҳои ниҳоят кам ҷудо шуда буданд ва ҳатто мо, ихтисосмандон, аз таърихи миллат тасаввуроти на он қадар хуб доштем. Хушбахтона, бо иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихи халқи тоҷик имрӯзҳо дар ҳамаи коллеҷу донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ пурра омӯзонда мешавад, ки ин ҳисси меҳанпарастии ҷавононро баланд мебардорад. Бо иқдоми Сарвари давлат тақсим гардидани китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров низ барои баланд бардоштани ҳувияти миллии халқ такон мебахшад, - мегӯяд ӯ.
Дар Иди модарон ва Наврӯзи хуҷастапай, иди баҳору шодӣ ин бонуи хушпайро таҳният гуфта, барои муҳаббату самимият нисбат ба аҳли хонавода ва ҷомеа беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно менамоем. Зиҳӣ, модар, бо чунин қудрату матонат, эҳсону ҷасорат ва меҳру садоқати беканор, ки бузургони олам пешат сар фуруд меоранд.
Асомуддин АЗИЗОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Данғара