РӮЗИ МОДАР МУБОРАК!
Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ
Модарону бонувони арҷманд
ва хоҳарони азиз!
Ба ифтихори Рӯзи модар, ки дар оғози фасли зебои баҳор фаро мерасад, тамоми модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони азизро самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки онҳо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори осуда орзу менамоям.
Модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мунису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия мекунад ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накукорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош менамояд.
Басо рамзӣ аст, ки Рӯзи Модар бо фаро расидани фасли баҳор, ки дар ҳақиқат арӯси сол меноманд ва аз эҳёи табиат мужда мерасонад, ҷашн гирифта мешавад. Вобастагии иди бонувон ба фасли баҳор ин рамзи амиқ ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон алоқаманд аст. Аз ин рӯ, мо ҳамеша ин рӯзи фараҳбахшро бо дили шоду эҳсоси гарм истиқбол мегирем.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи модар дар кишварамон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди Шумо - бонувони азиз дар ҷомеаи мо мебошад.
Бузургони олам дар назди Зан-Модар сари таъзим фуруд оварда, борҳо таъкид кардаанд, ки ӯ бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад.
Ҳар як халқу миллат бо занону модарони худ фахр мекунад, лекин ифтихори мо аз шумо- бонувони азиз беандоза аст. Зеро Зан-Модари тоҷик бо ақлу фаросат, донишу таҷриба ва муҳаббату садоқати худ дар ҳақиқат нигини тоҷи миллати мо мебошад.
Дар охир, бори дигар мехостам тамоми модарони азиз, хоҳарони мушфиқ ва духтарони сарбаланди кишварамонро бо фаро расидани иди фархундаи Рӯзи модар – ҷашни таҷассумгари сарсабзиву зебоӣ аз самими дил муборакбод гӯям.
Ба ҳама модарон тани сиҳат, руҳи болида, рӯзгори обод ва комёбиҳои беназир дар фаъолиятҳояшон орзумандам!
ЗАН АГАР ОТАШ НАМЕШУД… Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим Ҳар яки мо ҳамчун фарзанди олиҳаи зебоию муҳаббат – яъне, Зан-Модар ифтихормандем, ки дар радифи ҷашнҳои бузург Рӯзи Модар яке аз идҳои муҳим ва дӯстдоштании мост. Чунин муносибат ба ин ҷашн реша дар истиқболи бисёр гарму самимонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Оре, модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро бар дӯш дорад, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош меварзад. Баробари ин, боз дар сари гаҳвораи тифлаш шабзиндадорӣ карда, камолоти ӯро интизор мешавад ва тамоми ҳастиашро ба парвариши ҷигарбандаш сарф менамояд. Маҳз ба ҳамин хотир Зан-Модар нисбат ба мард имтиёз ва бартарӣ дошта, соҳиби мақому мартабаи муқаддасу беназир аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо назардошти масъалаи нигоҳ доштани манзалати бонувон мақоми занро як ҷузъи муҳими сиёсати давлатӣ қарор додааст, тарбияи кадрҳо аз ҳисоби бонувони болаёқат, дастгирии ташаббуси онҳо дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла роҳу нақлиёт ва ғамхорӣ нисбат ба оиларо аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Имрӯз бо дилпурӣ гуфта метавонам, ки дар Вазорати нақлиёт дастуру нишондодҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини духтарону занон бо кор ва ғамхорӣ ба бонувон пурра амалӣ гардидааст. Алҳол дар кулли муассисаву коргоҳҳои вазорат аз шумори умумии кормандон 37 дарсадро бонувон ташкил медиҳанд. 7 нафар дар мансабҳои роҳбарикунандаи Вазорати нақлиёт кор карда, натиҷаҳои заҳматашон аз мардон камтар нест. Барои он ки бартарии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон аз бисёр давлатҳои ҷаҳони сеюм ва ҳатто рӯ ба рушд равшантар ба назар расад, аз соҳаи нақлиёти кишвар мисоле меорам. Вазъи ҳуқуқии бонувон имрӯз барои кулли мардуми дунё рӯшан аст. Аммо дунявияту демократӣ будани сохти давлатдории мо барои бонувон имкон медихад, ки на танҳо паси фармони автомобил нишинанд, балки дар соҳаҳои муҳимтари роҳу нақлиёт қобилияти худро нишон диҳанд. Хушбахтона, сафи бонувони ронанда рӯз ба рӯз бештар меафзояд, мувофиқи маълумоти оморӣ, онҳо нисбат ба мардон воситаи нақлиётро эҳтиёткорона меронанд ва аз ин рӯ, шумораи садамаҳо хеле коҳиш ёфтааст. Албатта, ин танҳо як мисоли одии шарофати ҳузури бонувон дар ҷамъият аст. Ба туфайли иштироки занону духтарон дар ҷараёни корҳо, даҳҳо масъала роҳи ҳалли худро ба осонӣ меёбад, интизому тартиби доимӣ ҳукфармо мешаванд, мардон нисбат ба бахши фаъолияти худ ҷиддитар рафтор менамоянд. Бузургтарин устоди сухани воло Мирзо Турсунзода барҳақ фармудаанд: Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Дар ин рӯзи пурсаодат барои хоҳарон ва модарони азиз ободии хонадон, камоли умри фарзандон, тандурустии бенуқсон ва осудагии дилу ҷонро таманно менамоем. Идатон ҳумоюн бод, бонувони арҷманд!