Ба њавои сарду серуни субњидам нурњои зарњалини хуршед панља зада, рухсорањои арѓувониро андаке нарму муждаи рўзи гарм меовард. Дарвозаи калони наздики шоњроњро гўё бо симу зари ба њам омехта ранг зада буданд, ки љило медоду даричааш боз буд.
Бибии Шодигул болои кати тањи долон нишаста, ноништа мекард. Узри зиёд хост, ки назди мењмон бархестан барояш гаронї меорад. Ў яке аз бонувони солдидаи ноњияи Хуросон аст, ки ба остони 100-солагї ќадам менињад. 12 фарзандро ба дунё оварда, дар ањди шуравї ба гирифтани нишони тиллои Ќањрамонмодар шарафёб гаштааст. Њоло 40 набера, 150 абера ва як чабера дорад.
Шодигул Баротова аввалњои асри ХХ дар дењаи Оќмасљиди вилояти Сурхандарё дида рўшан карда, санаи таваллудаш љойе сабт нагаштааст. Бародарзодааш Шамсулло борњо таъкид доштааст: «Аммаљон, Шумо аз падарам, ки соли 1920 ба дунё омада буд, њамагї ду сол хурдед». Солњои 40-ум њини њуљљатнигорї санаи таваллуди ўро тахминан 1930 нињоданд. «Бачам, асло надонистам, ки кай таваллуд шудаам», - бо таассуф гуфт моми рўзгордида.
Панљ фарзанди хурдсоли ятиммонда, ки бо азобу уќубат бузург шуданд, он овони рўзгори мушкил сарбори дигарон гардиданд. Аз чашмони хирагаштаи пири барнодил торњои ашк љорї гаштанд. Ў сањифаи хотиротро вараќ гардонд:
- Модарро надидаам, њатто нохунашро. Падарам ду зан дошт ва баъди фавти модар ману бародарам зери парастории моиндар мондем. Тахминан 5 – 6 сол доштам, ки падар низ даргузашт. Чанде пас моиндарам, ки Муродгул ном дошт, бемор шуд. Рўзе рўи њавлї бозї доштем, ки њамсоязане ба аёдати моиндар омад ва чанде пас фарёд заду њамсояњоро ба хона хонд. Ў мурда буду наздаш тифлаки 2-сола даруни гањвора ѓаш мекард. Аз ў низ мањрум мондем. Он айём ду говро љуфт карда, гандум мекоштанд. Бародарам гандум мекишт, таги санг онро месуфту орд мекард. Ќотурмањо мепухту ба мо медод, ки сер намекардем ва мегиристем. Аз падар чорво монда буд, ки гўшти онњоро дар равѓани гов пухта медод, аммо намехўрдему нон мегуфтем. Ба ў саробонии чањор кўдак басо гарон омад, аммо лобалои таќдир ночор буд, - наќл кардаву бо нўги рўймоли сафед ашкњояшро барчид ў.
Шунида буданд, ки паси кўњ, дар дењаи Мингичар (дар Љамоати дењоти Лоњури ноњияи Рўдакї), аммае доранд ва роњ гирифтанд сўи манзили ў. Дере нагузашт, ки аммаи солхўрда њам дунёи фониро тарк гуфт. Шодигули кўчакро таѓо ба хонаи худ бурд, баъд холаи бефарзандаш духтар хонд.
- Бо мўйњои пахмоќ, пойњои барањнаву жандапўш рўзњои сарди зимистон барои обу њезум кўњњоро тай мезадам. Барф то зону буду аз ѓояти сардї бадан меларзид. Ба гову мол обу коњу дон дода, чўпонї њам мекардам, нон медоданд, мехўрдам, намедоданд, гурусна мегаштам, зери шиканља њам мемондам. Рўи бањор бо дастон гиёњу ќоќуњоро ба ќавле «хурканак» мекардем, оварда мељўшондему мехўрдем. Нони ятимї сахту дандоншикан будааст.
Духтари ќадрас будам, дар Њисор, дар колхоз кор мекардам. Бо асп љўяк мекашиданд ва мо пунбадона кошта, нињолњои пахта мепарваридем, сангпушт љамъ меовардем. Ёд дорам, ки Љанги Бузурги Ватанї (1941 -1945) идома дошту барои љанговарон хўроку либос мефиристодем. Се моњи зимистон дар кандани канали Њисор зањмат кашидем. Чуќурї канда, бо доман хокро берун мекардем ва дар саисхона пахол густурда, шаб мехобидем. Солњои вазнини гуруснагї буд ва мо ѓайри кадуву љуворимаккаи обпаз чизе барои тановул надоштем, - бо садои мањзун гуфт бибии Шодигул.
Замоне, ки бародари бузургаш ўву акаашро дар дењаи Мингичар ба парастории амма гузошт, чанде пас ба аёдат омад, аз даъват шуданаш ба љанг хабар дод. Шодигул дунболи бародар давиду сахт ба оѓўшаш гирифт. «Моро бо худ бар, танњо нагузор, метарсем, мезананд моро», - гуфту талхоба гирист. Бародар аз љабинаш бўсиду гуфт: «Рафта аз он сў апаву додаратро меорам ва њар чањоратонро бо худ мебарам. Шуморо танњо намегузорам, њатман бармегардам», - гуфт Бобї Баротов, ки 18 сол дошт. Вай таќрибан солњои 1941 – 1942 ба љанг сафарбар гашта, њамин хел бе ному нишон шуд.
- Ин охирин дидорам бо ў буд. Кадом сол аз тири душман парид, дар кадом шањр, чизеро дарак надорем. Касе набуд, ки суроѓи писари љанграфта кунад. Зери чўби мардум гоњо дар майдону гоњо дар дегдонхонаву саисхонањо гурусна хоб мерафтем, - оњи дардолуд кашиду оби дидагонашро, ки њамакнун шашќатор мерехт, пок кард бибї.
Хотироти талху ѓамолудро аз сараш зуд дур карданї шуда, хостам аз арўсињояш ќисса кунад.
- Ятими бекасро ки тўю сур мекард. Саидмурод Њалимов ном љавонеро аз рустои Дањанакиик (дењае дар Хуросони њозира), ки се моњ ќабл аз љанг баргашта буд, бароям хостгорї карданд. Ў бо падараш дар буѓчае як кафш, як пироњану пойљома, як тоќиву рўймол тўёна овард. Баъд дар Обикиик зистем. Шаш фарзандро дар хона ба дунё овардам, шаштои дигарро дар беморхона. Баъде, ки таваллудхона пайдо шуд, љонам дамид, - гуфт момои Шодигул.
Шодигул Баротова муддати 15 сол дар љамоат ва маќомоти ноњия фаррошї карда, фарзандонро ба воя расонду тањсилдида намуд. Чор писарро ба хизмати њарбї фиристод ва њамаро хонадор кард. Њоло бибии Шодигул дар њалќаи фарзандон, наберагону аберагон даври пирї меронаду ба љавонон аз рўзгори хеш панду андарз мегўяд.
- Кўдакиву љавонии мо дар сахттарин даврањо сипарї шуданд. «Нон» - гўён кўдакон пушти њар девор афтида љон медоданд. Бањор мешуд, барфњоро тит карда, баргу сабзањои газак гирифтаро мекандему намак зада мехўрдем. Шукр, ки нон њоло њама љо пур, рањмат ба Президент, Эмомалиљон, ки ѓами халќро мехўрад.
Агар касе ба ќадри ин ободиву сериву пурї нарасад, кўр мешавад. Мардум хонањои зебою замонавї месозанд, тањсил мекунанд, самараи зањмати худро мебинанд. Дар замони мо одамон заминро кофта, болояшро бо хасу гил пўшида, даруни он мезистанд. Боре аз болои тањхона харе афтида буд. Барои он ки љавонон ба ќадри чунин ободињо бирасанд, бояд як маротиба бо мо њамсуњбат шаванд, то донанд, ки дар даврони тиллої умр ба сар мебаранд, - пандомез афзуд момои Шодигул.
Пушти тирезаи мошин, ки сабук сўи пойтахт рањ мепаймуд, ду кафи ба дуо кушодаи бибї, ки чанд наслро дидааст, пеши назар омад. Ў оромиву осудагиро таманно мекарду панљањои зањматдидаашро бо дуо ба рўй мекашид.
С. АШЎРОВА,
Душанбе – Хуросон - Душанбе