Мухбира Аббосова хатмкардаи факултаи «Иқтисод ва ташкили хоҷагии қишлоқ»-и Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур) буда, фаъолияти меҳнатиашро дар Кумитаи комсомоли ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз бахшида, то ба зинаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ноҳия расид.
Дар ин зина ӯ аз дили зан, дарди зан ва шодию нишоташ воқиф гардид. Фаъолият бо бонувон барояш хеле ҷолиб буд. Зиндагии онҳоро омӯхта, ҳамрозу ҳамдил ва дардошнояшон гашт. Дар ҳалли муаммои зиндагӣ ӯ дасти бонувонро мегирифт. Баъдтар ба идораи кишоварзии вилоят ба сифати муовини сардор хонданд. Дар ин самт низ хеле сермаҳсул буд. Сафар ба ноҳияҳо, ошноӣ бо ҳаёти кишоварзон писандаш меомад. Бештар бонувон ба суҳбаташ муштоқ буданду ӯ мушкилоти зиндагии онҳоро саҳл мегардонд.
Дар муассисаи «Маркази татбиқи лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастрии замин» фаъолият намуд. Ҳамеша байни мардум буд, ба шаҳру ноҳияҳо, рустоҳо ба сафар баромада, дар ҳуҷҷатнигории онҳо ёрӣ мерасонд. Аз ин рӯ, аз ҳар минтақаи вилоят, кунҷу канори он имрӯз низ дӯстони кишоварзаш ба суроғаш меоянд.
Бале, Мухбира Аббосова зани бағоят хоксор ва шикастанафас буда, ҳамин хислати накуяш байни мардуми одӣ ӯро хеле баландмартаба намудааст. Ӯ бонуест, ки бо тамоми ҳастӣ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба кӯшиш менамояд. Мавсуф дар чандин мулоқотҳои Пешвои миллат ширкат варзида, бардошти хешро чунин изҳор медорад:
«Ҳар як мулоқоти Сарвари давлат бароям дарси ибрат, дарси зиндагӣ аст. Пайваста дар бораи баланд бардоштани мақоми зан, эҳтироми модар суханҳои самимӣ мегӯянд, ки он моро водор месозад, ки боз ҳам беҳтару бештар кор кунем.»
Имрӯз Мухбирабону дар Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд фаъолият намуда, баҳри дар амал татбиқ кардани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 бармеоянд, ҷаҳду талош дорад.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
шаҳри Хуҷанд