Ҳеҷ гумоне намебурд, ки баъди муҳоҷират ҳаёташ ба куллӣ тағйир меёбад. Ду соли дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия гузарондаашро як умр аз ёд намебарорад.
Ӯ як зани ботамкин, ором ва зебое буд, ки ҳама эҳтиром мекарданд, баъзеҳо ҳасад ҳам мебурданд. Саидабону ба Екатеринбург ҳамроҳи духтарони холааш рафта, дар яке аз ширкатҳои қаннодӣ заҳмат мекашид. Маоши хубе ҳам мегирифт. Хурсанд буд, ки бо пасандозе ба зодбум баргашта, хонаи худро обод мекунад. Аммо, ин ниятҳояш ҷомаи амал напӯшиданд.
Вақте ки ба хонаи шавҳараш баргашт, рӯзи хуб надид. Ҳар рӯз аз хушдоманаш суханҳои қабеҳ мешунид, вале сабуриро пеша мекард. Куҷо ҳам равад, ҷойи рафт надошт. Духтари дӯстрӯякаш Меҳронаи 11-сола тасаллои дилаш буд. Бо дидани ӯ ашк аз ду дида мерехт. Чӣ илоҷ. Савғотиҳое, ки ба аҳли хонавода оварда буд, роҳи таънаю маломати хушдоману шавҳарашро нагирифт.
Вақте ки бо Саидабону ҳамсуҳбат шудем, порае аз ҳаёти талхи худ нақл кард. Пеш аз ҷашни арӯсиаш, барои ба ӯ нишон додани домод ба наздаш акои шавҳарашро оварда будаанд. Саидабону гумон мекард, ки ин шахс ҳамонест, ки ӯро дар ҳаёт дастгиру мададгор мешавад. Аммо, ин тавр набуд. Вақте ки ӯро ба хонаи шавҳараш меоранд, тайи чодар марди дигарро дида ҳайрон мешавад. Ба ҷойи домод ба назди ӯ бародарашро ҳамчун номзад оварда будаанд. Домод касали рӯҳӣ доштааст.
Аз ин воқеа ба модараш хабар медиҳад, вале дар ҷавоб модар мегӯяд, тоқат кун духтарам, тақдир ҳамин будааст. Ҷудо шавӣ, ба куҷо меравӣ? «Сабрро пеша кардам. Қариб ҳар рӯз шавҳарам маро латукӯб мекард. Ҳатто намемонд чизе бихӯрам.
Вақте духтарчаам Меҳронаро таваллуд кардам, гумон намудам, ки ҳаётам тағйир меёбад, вале ин фикру хаёле беш набуд. Хостам духтарамро гираму ба куҷое рост ояд, биравам. Ҷуръат накардам. Фикри модарамро намудам ва бо ҳамин ғаму ғусса зистам. Ҳамин хел панҷ сол бо марде, ки як бор сухани хубе нагуфт, ба сар бурдам», - мегӯяд ӯ.
Модари Саидабону, Хосиятхола, ду писару ду духтарро танҳо худаш ба воя расондааст. Вақте ки Саидабону дар синфи сеюм мехонд, падар онҳоро партофт ва бемеҳрубонии қиблагоҳ ба воя расиданд.
Саидабонуи ноком ҳини аз хонаи хушдоман берун шудан, дар қадаш духтарчаи дуюмаш Нозия буд. Ба модараш гуфт, ки ӯ ҳомила аст, мехоҳад ба беморхона раваду исқоти ҳамл кунад. Модар ӯро тасалло доду бигуфт, ки ин кор гуноҳ аст, аз фарзанд ношукрӣ накун. Он лаҳза Саидабону аз шавҳараш дигар фарзанд намехост. Аммо суханони модар боис гаштанду Нозияи нозанин ба дунё омад.
Баъди ду сол бо духтарони холааш маслиҳат карда, роҳи кишвари Россия пеш гирифт. Ба шароиту тарзи зиндагии мардуми таҳҷоӣ одат кард. Оҳиста-оҳиста забони русиро низ омӯхт. Забондонӣ пеши роҳашро кушод. Дар як муддати кӯтоҳ байни ҳамкорон обрӯ пайдо намуд. Ҳар кореро, ки роҳбар ба вай месупурд, босарбаландӣ ба иҷро мерасонд.
Саидабону бо ду фарзанди хурдсол дар чорсӯ монда буд, аммо руҳафтода нашуд. Худро дарёфт, касб омӯхт.
Ин ҳиссае аз ҳаёт буд, ки Саидабону Давлатёрова қисса намуд. Чӣ гуна ҳаёти вазнинеро бархе аз шаҳрвандони мо, бахусус занон, аз сар мегузаронанд. Баъзеҳо баъди аз шавҳар ҷудо шудан, дар миёни роҳ мемонанд. Даҳҳо ҷавонзанон зиндагии ба ҳамин монанд доранд. Вале бояд мубориз буд. Саидабону дар зиндагӣ сабур буд ва сабурӣ ёри ӯ гардиду ҳаёташ маҷрои тоза гирифт. Дар ин боб Низомии Ганҷавӣ гуфта:
Гар сабр кунӣ, ба сабр бешак,
Давлат ба ту ояд андак-андак.
Анвар ЮСУФ