Модарҷон, модарҷони азизам, лаҳзае нест, ки симои гарму нурониат пеши назарам ҷилвагар нагардаду дидори мубораку суҳбати гарму хандаҳои ширинатро хумор нашавам. Бисёр мехоҳам, ки чун солҳои пеш ба аёдатат бишитобам, бароят беҳтарин либос, болаззаттарин ғизо, хонданитарин китобро ҳадия бибарам. Дарро ба рӯям бикушоию бо диданам гули табассум дар лабонат бишкуфад, аз рухсораат бибӯсам, сарамро ба китфат бигузорам, накҳату бӯйи биҳиштиат ба машомам бирасад ва лаҳзае аз ташвиши рӯзгор шона тиҳӣ бикунам, аммо афсӯс, сад афсӯс, ки ин ҳама дар олами руъёст…
Дасти андеша маро ба дунёи рангини кӯдакиам мебарад. Ба ёдам мерасад, ки тоқати лаҳзае ҷудоӣ надоштам аз барат. Ҳар куҷо мерафтӣ, думболат қадам мезадам, аммо ин таскини дилам намешуд ва аз бари доманат сахт медоштам. Бо дидани ҳол танҳо табассум менамудӣ, ҳамон табассуме, ки дар зеҳнам нақш бастааст. Намегузорам, ки раҳоям бикунад, охир, он табассум, табассуми модари ба ҷон баробарам аст, ки мислашро дар касе надидаам. Медонӣ, модарҷон, чаро он лаҳзаҳо ба додани ҷон розӣ будаму ба раҳо кардани доманат не? Акнун мегӯям, он замон ба назарам чунин менамуд, ки доманатро лаҳзае сар диҳам, меравию дигар намебинамат. Ин бим маро ҳамеша думболагир буд. Агарчи солору баркамол шуда бошам ҳам, ҳамеша эҳсос мекардам, ки бароям чизе намерасад, комил нестам, нимаам ва чун барои ёфтани посух сар ба зонуи тафаккур мениҳодам, дармеёфтам, ки он ҳузури фариштаи биҳиштиам, буда.
Ёд дорам, ки бори гарони нигоҳубин ва тарбияи шаш фарзанд бар дӯшат зам шуд. Номеҳрубонии тақдир вуҷудатро саропо сӯхту чун мӯйи гармидида дар худ печидию обу адо гаштӣ, вале дар ҳузури фарзандон вонамуд насохтӣ, худро бардаму тавонманд нишон додӣ. Ҳолати ҳукмфарморо имтиҳони зиндагӣ донистӣ ва гуфтӣ, ки сари зиндаро дар гӯр монда нашавад, ба хотири фарзандон зиндагӣ бояд кард. Моро бо меҳру муҳаббату навозишу дилбардорӣ аз руҳафтодагию ноумедӣ канор бурдию ба зиндагӣ дилгарм кардӣ.
Дар зеҳнам рӯшан мешавад, ки дар мактаби миёнаи №8 - и шаҳри Кӯлоб дарс мегуфтӣ, ба фарзандони мардум донишу ақлу фаросату адаб меомӯхтӣ. Ба пешаат сахт дилбастагӣ доштӣ ва тули чиҳил сол саргарми тарбияи шогирдон будӣ. Агарчи пас аз итмоми дарсҳо медидамат, ин барои сер шудани ман аз дидори муборакат камӣ мекард. Наметавонистам, ки то миёни дарсҳо домани сабр бигирам, мехостам боз бубинамат. Баъди дарс ба хона мешитофтаму баъд аз хӯроки чошт ва анҷоми корҳои хона боз ба мактаб рӯ меовардам, то дар канорат бошам.
Модарҷони меҳрубонам, хӯрондану пӯшондану баровардани ниёзи шаш кӯдак бароят кори осон набуд, аммо ҳеҷ гоҳ лаб ба шиква намекушодӣ, ҳама дарду ғами пешомадро таҳаммул мекардӣ. Ба хотири фарзандон дар ду баст дарс мегуфтӣ, баъди аз мактаб омадан, корҳои хонаро саранҷом дода, саъй мекардӣ, ки танамон пӯшидаву шикамамон серу хонаву дарамон ҳамеша тозаю озода бошад. Ба хондану дониш омӯхтан дилгарм ва дар оянда, дар зиндагӣ соҳиби касбу ҳунар шавем ва ҷойгоҳи муносиб пайдо намоем.
Модарам, модари заҳматкашам, борҳо дидам, ки шабҳо, чун дилпур мешудӣ, ки ба хоб рафтаем, сари дастгоҳи нақшдӯзиат менишастӣ, пироҳани чакану тоқию шероз медӯхтӣ ва аз ҳамсоязан хоҳиш мекардӣ, ки онҳоро дар бозор бифурӯшад ва маблағи бадастомада рафъи камбуди рӯзгор бигардад. Моро бо нӯги қаламу сӯзан калон кардӣ.
Модарам, модари ғамгусорам, акнун эҳсос намудам, ки замони даргириҳои дохилӣ, замоне, ки дар нуқтаҳои ноороми кишвар, шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) ва Душанбе дар вазифаи муфаттиши мақомоти милитсия, ки ҳатто бархе мардон ҷуръати бар дӯш гирифтани бори ин масъулиятро надоштанд, кор карданам чӣ андоза ғаму ғусса хӯрдию чӣ рӯзгореро паси сар кардӣ. Зарурат пеш омаду ба шаҳри Москва сафар намудам, то рисолаи номзадиамро ҳимоя намоям. Дарди фироқат, қуввати дилу пушту паноҳам ва дурии духтари якдонаам бароям таҳаммулнопазир буд. Бо даст додани фурсат занг мезадам. Бо шунидани садоям гиря гулугират мекард, мегиристӣ, агарчи хеле душвор буд, аммо саъй мекардам, овозам олуда ба оҳанги гиря нашавад, ки аламатро даҳчанд месозад, вале баъд аз гуфтугӯ талх мегиристам.
Модарҷонам, модарҷони ҳушманду хирадманду донишманду хушсуханам, қувваи ҳофизаат қавӣ буду шеъру мақол зиёд медонистӣ. Бо корбурд аз панди бузургон суҳбататро ширадору пандомӯзу хотирмон мекардию шунавандаатро хушҳолу аз ҳазор маънӣ бархӯрдор. Рубоиву дубайтиҳои халқиро, ки дарду аламатро бозгӯй мекарданд, замзама менамудию ашк мерехтӣ. Таҳаммули ин манзара бароям душвор буд, баробарат дилам месӯхт, гиря гулугирам мекард…
Имрӯз ташнаи шунидани сурудҳое ҳастам, ки ба модар бахшида шудаанд. Мешунаваму аз дарди фироқ зор-зор мегирям. Духтарам бо дидани ҳол маҳзун гашта, дилдиҳӣ мекунад, баробарам ашк мерезад ва мекӯшад, то маро аз ин амал канор барад. Чуноне ки сафову нуру баракати хонадонам, озори маро таҳаммул карда наметавонистӣ, ман ҳам бо набераат ҳамингуна бархӯрд дорам.
Модарам, модари дилсӯзу ғамгусорам, ба ёдам мерасад, ки ҳар саҳар, ҳини тараддуди корравӣ, дар даҳлез косаи шир, ширбиринҷ ва ё гардсӯзи нимгарм дар даст интизорам меистодӣ, намехостӣ, ки гурусна ба кор равам. Дуоят муҷиби сафову равшании рӯзу рӯзгорам ва барору нусратам буд. Қуввати дилам будӣ, бо ту худро ҳамеша аз ҳама ногуворӣ эмин медонистам. Чун дар давоми кор ёдат мекардаму мехостам садои ширинатро шунавам, занг мезадаму ҳолатро ҷӯё мешудам. Ҳамеша ду посух мешунидам: «Каломуллоҳ мехонам, духтари ҷон» ва ё «дар берун атола, дангича ё ош мепазам, ки ба мардум садақа бикунам». Ҳамин гуна хайрхоҳу дасткушоду савобҷӯ будӣ. Ҳамин хислатҳои ҳамидаат буд, ки пайвандону азизон, хешу табору ҳамсояҳо - нафароне, ки эҳтиромат мекарданду дӯстат медоштанд ва гирифтани дуоятро барои худ ҳатмӣ медонистанд, ёдат мекунанд.
Ҳарфи панду насиҳатат меъёри зиндагиам гаштааст: қаноатро пеша кардаам, аз оромию сулҳу суботи кишварам шукргузорам. Ба Роҳбари давлатам содиқам, мушкили ҳар корафтодаро мушкили худ медонам, агар ниёзашро бароварда натавонам, ҳарфи таскину дилбардорӣ мегӯям ва иззату икромашро ба ҷо меорам.
Модарҷон, забонам намегардад, ки бигӯям шаш моҳ аст бо мо нестӣ. Медонам, ки ҳақиқат дорад, аммо боварам намеояд. Ҳанӯз ҳам ба суроғат меоянд. Дар посухи саволи «ин ҷо кампири батақвову саховатпешае мезист, ки нону атола, дангичаву ош мепухту ба хурду калон тақсим мекард, куҷо бошад?» ҳарфи гуфтан надорам, чашмони пур аз ашкам ҷавобест ба он ҷониб. Баробарам ашк мерезанд, афсӯс мехӯранду сархаму маҳзун пас мегарданд…
Рӯзи мавлудат ҳам фаро мерасад, рӯзе, ки ҳар сол омаданашро бесаброна мунтазир мешудам ва барои таҷлили он омодагӣ мегирифтам. Зеро дар он рӯз бо сурати дигар медидамат, шукуфтарӯ, бештар аз пештар нуронӣ, хушҳолу хурраму болидаруҳ ва зери лаб таманно мекардам, ки ҳамеша чунин бимонӣ.
Акнун бори нахуст ин рӯзро бе очаҷонам ҷашн мегирем. Бемодарӣ дардест басо бузург, ки онро бар шонаи кӯҳи бузург биниҳӣ, аз ҳам мерезад, чӣ расад ба ман?…
САИДВАЛИЗОДА Барно Саиднабӣ,
сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои
ҳуқуқшиносӣ, генерал - майори милитсия