Субҳи содиқ ба деҳа расидем. Русторо торикӣ пурра тарк накарда, дар осмон ҳанӯз ситораҳо чашмак мезаданд ва, сипас, як - як дар уқёнуси беканори кайҳон гӯта мехӯрданд. Аз ҳавои деҳа чуқур нафас кашидам, ҳаловате дар ҷону тан ҳис кардам. Бале, ман дер боз аз ҳавои деҳа нафас накашида будам ва онро пазмон гашта будам.
Атроф ором буд, сукунатро танҳо садои оби дарёчаи шӯхе, ки аз канори деҳ мегузашт, халалдор месохт, лекин шилдироси рӯд ҳам ба гӯш форам мерасид. Лаҳзае ба садои он гӯш додам, деҳа оҳиста - оҳиста аз пардаи торикӣ мераҳид. Аз кӯчаҳо гузар карда, ҷониби хона роҳ гирифтам.
Хонаамон аз роҳи калони мошингард андаке дуртар аст. Бо наздик шудан ба ҳота, хуршед нурҳои тези хешро оҳиста - оҳиста дар теғаҳои кӯҳ паҳн кард, замину замон рӯшан гашт.
Аз баландии хонаамон бори дигар ба атроф дида дӯхтам. Деҳа ба назарам хеле зебо менамуд, он ҳақиқатан ҳам зебост, ҳама ҷо сабзу хуррам. Сокинон дар назди хонаҳои хеш машғули ҷунбуҷӯл.
Чун ба хона расидам, модарҷон ҳавлиро об мезад ва дар бораи чизе бо хештан гуфтугӯ дошт. Вориди ҳота мешаваму маро эҳсосоти аҷибе фаро мегирад. Зеро хона ва ҳар ашёи он бароям азизу муқаддас аст.
- Салом модарҷон, ман омадам.
- Омадӣ, духтаракам, биё, биё, чи хел омадани туро пайхас накардам. Ин дафъа кафи поям сих назад.
- Ин дафъа, модарҷон, поятон шуморо фиреб дод, - гуфтам.
Маро ба оғӯш кашидед, чи хел гуворост, дар оғӯши шумо будан, модарҷон. Ашкҳои шодӣ аз рухсораҳо равон шуданд, охир одати ҳамешагии мо ҳамин аст, вақти гусел ва ҳам пешвоз гирифтан оби дида мерезем.
Медонӣ, модарҷон, ҳангоми хурд буданам, бисёр мешунидам, ки духтар ба падар монанд бошад, хушбахт мешудасту баръакс писар ба модар монанд бошад, дари бахт ба рӯяш боз мегардад. Ман ин гапҳоро мешунидаму зиқ мешудам, зеро, модарҷон, охир ман ба шумо монандам - ку. Ман ҳам мисли шумо чашмони кабуд дорам. Каси маро дида: «Ту ба модарат монандӣ», - мегӯяд.
Бовар кунед, модарҷон, имрӯзҳо он лаҳзаҳоро ба хотир оварда, ба ростӣ, хиҷолат мекашам аз андешарониҳои беасосу бемантиқи хеш, наход хушбахтиву бадбахтии мо аз ин вобаста бошанд. Баъзан он лаҳзаҳоро ба ёд орам, ба ҳоли хеш механдам. Чи хел сода будаам, наход ин хел фикрҳо дар сар доштам. Алҳол мефахраму меболам, ки шумо барин модар дораму ба шумо монандам.
Модарҷони азиз, домони шумо биҳишти мост. Шумо ба сони фариштаед, ки аз само ба замин фуруд омада, насли инсонро раҳнамоӣ мекунад, неку бад, шириниву талхии ҳаёт, пастиву баландии зиндагиро аз шумо меомӯзем.
Баъди хатми донишгоҳ, чун падарам бемор буданд, назди шумоён ба деҳа омадам. Як рӯз аз болои дарахт ғалтидам, поям сахт лат хӯрд. Он рӯз шумо дар хона набудед. Хоҳаронам, ки ҳамроҳи ман буданд, аввал ба ҳолам хеле хандиданд. Онҳо гумон доштанд, ки шӯхӣ мекунам. Чун диданд, ки поям зарби сахт хӯрдааст, аз пайи табобат шуданд, вале аллакай дер шуда буд. Поям ба сӯзиш даромаду дар як дам варам кард.
Модарҷон, он рӯз чи қадар сахт шуморо пазмон шудам. Бегоҳӣ омадед, бо дидани чеҳраи меҳрбори шумо ман дардро ҳис намекардам. Маро дар он ҳолат дида зуд аз пайи табобат шудед, зардии тухмро гарм карда, ба ҷойи латхӯрда гузоштед. Бо расидани дастони муъҷизаофаратон гӯё дард гум шуд, маро хоб бурд. Аммо поямро болои замин гузошта наметавонистам, то се моҳ лангон - лангон роҳ мерафтам. Шумо ин гуна роҳгардиамро дида зиқ мешудед. Давояшро ҷустуҷӯ мекардед, вақти фориғ китоби «Канзи шифо» - ро варақ мезадед, мехондед.
Модарҷон, меҳрубониҳои шумо, ғамхориҳои шуморо то нафас дорам, фаромӯш намесозам.
Боре падарам барои кадом коре сахт сарзанишам карданду ман гиристам. Шумо, модарҷони азиз, наздам омада гуфтед: «Духтарам, аз сухани хуби мо хурсанд шаву аз гапи сахти мо хафа нашав». Баъди шунидани ин ҳарфҳо ман дигар аз сахтгириҳои шумо зиқ намешудам ва намегиристам.
Мо, фарзандонатон, чи қадар бузург шавем, ҳамоно ба як нигоҳи гарму пурмеҳратон, ба сухани нарму ширинатон ниёз дорем.
Бегоҳ буд. Деҳаро торикӣ ба коми худ мекашид. Дар берун фасли зимистон ҳукмрон. Ҳаво хунук. Баъди ҷобаҷокунии гову гӯсола ва дигар корҳо ба ҳуҷра даромадам. Шумо, модарҷон, дар назди оташдон дар бораи чизе андеша мерондед.
Аз ду бари рухсораҳоятон ашк мешорид. Ҳайрон мондам. Модарҷон, ба шумо чӣ шуд, чаро гиря мекунед?
- Акаат дар куҷо бошад, дилам хавотир. Намондӣ, ки ҳамроҳ то назди мошинаш равам.
- Модарҷон, гиря накунед, ин хуб нест, акаам дар роҳ, насиб бошад пагоҳ мерасад, - гуфтам. Барои тасаллои қалби шумо дигар намедонистам, чӣ гӯям.
Рӯзи дигар хабари нохуш тамоми деҳаро фаро гирифт, танҳо хонадони мо дарак наёфт. Акаам ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда буд.
Вақте ин хабарро шунидам, саволи нахустинам ҳамин буд. Ин воқеа кай рух дода бошад? Соатҳои 7 - 8-и бегоҳ, посух доданд. Дар ҷоям шах шудам, шумо, модарҷон, ҳамон лаҳза гириста будед. Дар ин воқеаи нохуш ду нафар шахси наздик, азизи хонадони мо ҷони хешро аз даст дод. Шуморо, модарҷон, рӯзи сеюм аз воқеа хабар карданд. Ғофил аз он буданд, ки қалби пурэҳсоси шумо аз ҳама пеш огаҳ шуда буд. Ин аст бузургии модар…
Модарҷон, шумо шаҳсутуни кохи умеду орзуҳо, пояи умру қуввати дилу ҷони мо - фарзандонед.
Мадина МИРЗОҲАЁТОВА,
ноҳияи Рӯшон