Беш аз 35 соли умри хешро сарфи пешаи омӯзгорӣ намудааст. Ин бонуи соҳибтаҷриба аз рӯзгор ва кори хеш ботаҳаммул ва андешамандона сухан меронад. Ҳар ҳарфаш аз бобати тарбияи насли имрӯз барои ояндаи дурахшони миллату ободии Ватан мебошад. Тавсиф аз шароити фароҳамбудаи ҷавонону наврасони замони истиқлол менамояд. Бо шукргузорӣ мегӯяд, ки фарзандони Тоҷикистон, хушбахтона, чун кабӯтарони қосидрасони ояндаи неки миллат дар фазои сулҳу амният умр ба сар мебаранд.
Аз суҳбати хотирмони муаллима Зебуннисо Сабзаева порае чанд ба зевари табъ кашидем, ки онро ба хонанда пешкаш менамоем.
Омӯзгорӣ пешаи пурзаҳмат аст
Аксари шогирдонам, ки имрӯз дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд, гоҳи вохӯрдан мепурсанд: «Чаро маҳз пешаи омӯзгориро интихоб кардед?» Албатта, ин пурсиш бо ишора ба торҳои сафеди мӯй ё ожангҳои рӯям иртибот доранд. Шояд меандешанд, ки аз мушкилии пеша мӯй сафед кардаам (механдад). Вале, на! Агарчи касби омӯзгорӣ пешаи заҳматталабу пурмасъулият аст, ба воя расидани шогирде ва дастоварди ӯ дар дилхоҳ ҷода боиси руҳбаландии устод мегардад. Яъне, натиҷаи кори омӯзгор дар тарбияи инсони комил аён мешавад. Аммо ин ҳолати табиист, ки бо гузашти вақт инсон тағйири ҳусни зоҳирӣ менамояд.
Модарам омӯзгор буд. Шавқи пешаро модар дар қалби кӯчакам бедор сохт. Вақти мактабхонӣ «харитабозӣ» - ро дӯст медоштам. Бо харита сарукор гирифтан яке аз «бозӣ» - ҳои дилписандам буду дугонаҳоямро низ таблиғ менамудам, то бо ман дар ин бозӣ пайванданд. Баъдан, шавқи ҷаҳонро шинохтан ва бо ҳаёти мардуми дунё ошно шуданро маҳз тавассути омӯхтани фанни география эҳсос намудам. Бо итмом расидани даврони мактабӣ ҳуҷҷатҳоямро ба факултаи географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ супурдам. Соли 1991 ба кори омӯзгорӣ пардохтам. Алҳол, ба хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и шаҳри Душанбе аз фанни география дарс мегӯям.
География фанни шавқовар аст
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши фанҳои дақиқ назари хосса доранд. Ба хотири дастгирии насли наврас ва рушду нумуи илму техника солҳои 2020 - 2040 – ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд. Олимону мутафаккирони маъруфи тоҷик, ба мисоли Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абузубайди Балхӣ ва Абураззоқи Самарқандӣ аз ин илм огаҳ буданд. Онҳо тариқи сафарҳои пурдавом дар илм кашфиётҳо намуда, китобҳое офаридаанд, ки то имрӯз маъруфияти хешро гум накардаанд.
Фанни география низ яке аз фанҳои табиатшиносӣ буда, басо шавқовар аст, Табиист, ки ҷалби хонанда ба фанҳои дақиқ мушкил аст. Аз ин боис, ағлаби шогирдон ба омӯзиши фанҳои гуманитарӣ рӯ меоранд. Чунин мушкилиро низ ҳини дарсгузарӣ дар хонандагон эҳсос менамоям. Бале, дар зеҳн гирифтан, тафовут гузоштан байни он чизе, ки дар кураи Замин мавҷуд аст, кори саҳл нест. Аз ин хотир, мебоист омӯзгор барои ҷалби талаба ба ин фан аз роҳу усулҳои ҷадиду муосир истифода намояд.
Мутаассифона, дар таҷриба бо хонандагоне вохӯрдаам, ки дарку фаҳмишашон дар мавриди аз худ кардани мавзуъ хеле суст аст. Вале кор бо харита беҳтарин усулест, ки шавқу рағбати талабаро ба омӯзиши фанни география бедор месозад. Шиносоӣ бо кишварҳо, огаҳӣ ёфтан аз зиндагии аҳолии кураи Замин, иқтисодиёти он ва ғайра бағоят мавзуъҳои ҷолибанд, ки диққати хонандаро ба худ мекашанд.
Баъдан, бо истифода аз усулҳои муосири дарсгузарӣ низ метавон завқи хонандаро ба фанни мазкур бедор кард. Ба мисоли кроссворд, расмҳо ва слайдҳо, ки имрӯз онҳоро аз шабакаҳои интернетӣ дарёфт намудан хеле осон аст. Аз он ки хонандаи имрӯза шавқу рағбати беандоза ба технологияи навин дорад, омӯзгор кӯшиш намояд, то онҳо бевосита маълумотро дар бораи ин ё он мавзуъ тариқи шабакаҳои интернетӣ пайдо намоянд. Масалан, омода сохтани маводи вобаста ба мавзуъҳои глобалӣ, ки низ яке аз василаи ба фанни география ҷалб сохтани хонандагон мебошад.
Тарғибгарони сайёҳӣ
Замоне, ки таваҷҷуҳи аҳли сайёра ба соҳаи сайёҳӣ нигаронда шудааст ва гардишгарӣ яке аз шуғлҳои дӯстдоштаи инсоният гаштааст, омӯзиши фанни география танҳо ба манфиати кор хоҳад буд. Нафаре тарғибгари самти сайёҳӣ буда метавонад, ки дар бораи ҷойҳои таърихӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, сарҳаду сарватҳои кишвар ва иқлими он маълумоти мукаммал дошта бошад. Пас, рисолати омӯзгор ин аст, ки дар баробари тарбияю таълими хонандагон, инчунин, дар пешрафти ин соҳаи муҳиму даромаднок саҳм бигирад. Ба ҳар васила хонандаро барои омӯзиши соҳа, дар омода намудани мутахассисони донишманди самти сайёҳӣ замина гузорад.
Дар зарфи солҳои омӯзгорӣ эҳсос намудам, ки хонандаи имрӯза серталаб аст ва талош меварзад, то ҳар лаҳза чизи наве омӯзад. Бахусус, бо истифода аз технологияи муосир ҳар рӯз бо маълумоти тозае вориди дарс мешавад. Андешарониашон ҷолиб аст ва идеяҳои хуб низ доранд, ки боиси дастгирист. Аз ин хотир, аксарашонро ҷиҳати ширкат ба олимпиадаҳои фаннӣ роҳбаладӣ менамоям. Соли гузашта ду нафар хонандаи синфҳои болоии муассиса дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни география соҳиби ҷойи намоён гардид. Умед аст, ки бо идома додани таҳсилашон дар риштаи сайёҳии донишгоҳ мутахассисони арзанда дар ин самт хоҳанд шуд.
Дарсамро аз тарбия оғоз мебахшам
Шеъру ғазал ва хондани панду андарзҳои бузургон шуғли дӯстдоштаам мебошад. Ҳар он чизеро андӯхтаам, ба шогирдонам меомӯзонам ва ҳанӯз ҳам худ аз пайи омӯхтанам. Чанд дақиқаи аввали дарсамро ба бахши тарбия масраф месозам. Наврасон шунидани насиҳатро меписанданд ва ин усул низ ба манфиати кор аст.
Баъдан, бо хонандагон ҳатман аз боби ҷойгиршавии географияи Тоҷикистони азиз суолу ҷавоб менамоям. Бо бачаҳои ба истилоҳ «сустхон» бештар кор мебарам. Онҳо низ бояд дар радифи аълохонон фаъол бошанд. Волидон ба умеди омӯхтани дониш фарзандонашонро ба мактаб раҳнамун месозанд. Ва мебояд ҳар омӯзгор рисолати касбиашро дар назди халқу Ватан аз рӯйи виҷдон адо намояд.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО