Зиндагӣ аҷаб мушкилиҳое сари роҳи инсон меорад, агар дар он лаҳзаҳои ҳассос каме иштибоҳ кунад, ҳаёташро барбод медиҳад.
Ятимон дар чашми атрофиён меҳру муҳаббатеро, ки дар зиндагӣ аз волидон насибашон нашудааст, меҷӯянд. Вале ин муҳаббат дар симои кам касон ҳувайдо мегардад.
Ӯ дар хурдӣ аз падару модар ятим монд. Духтараке, ки наметавонад аз навозишҳои зодмандон баҳравар шавад. Духтарест, ки дар хонаи бибии падариаш, зери шаллоқи янга ва таҳдиди амакҳояш умр ба сар мебарад. Духтараки шашсолае, ки ягон баҳонае барои хандидану хушҳол буданро надорад. Духтараке, ки ҳар гоҳ бибиаш ба ӯ менигараду:
- Соҳибаи бесоҳиб, Соҳибаи бадбахт, Соҳибаи нишона аз ҷигарбанди ҷавонмаргам, - гӯён мегиряду садамаи мудҳиши нақлиётиро дар чорроҳаи назди бозори Ҳоҷизамир ба ёд меорад, ки он рӯз ду ҷигаргӯшаашро аз даст дода буд.
Бечора бибиаш, гӯё Худо ӯро танҳо ба хотири Соҳиба дар ин дунёи фонӣ нигоҳ медошт. Ҳар вақте аз янгаҳояш барои кореро ба анҷом нарасондан ё барои хуб парасторӣ накардани фарзандони онҳо калтак мехӯрд, бибиаш ӯро дар пушташ пинҳону худро сипар мекард, то бадани хурду нозуки наберааш аз зарби даст ё чӯб сиёҳу кабуд нашавад.
Ду сол аст, ки бо ҳамин аҳвол зиндагӣ дорад. Кӯдакиашро фаромӯш кардааст, рангу рӯяш мисли баргҳои хазонгашта зарду пажмурда. Бибиаш, ҳам аз ғами фарзанд, ҳам аз ғами набера, нотоб аст. Аз он тарс дорад, ки рӯзе мемираду ҳоли набераи ятимаш табоҳ мешавад. Вале ҳар боре модаркалони Соҳиба ба аёдати наберааш меомад, ӯро бовар мекунонданд, ки Соҳиба аз чизе камбудӣ надорад, худро хушбахт меҳисобад.
Дар бистари беморӣ аз боиси ин фикрҳо аз чашмони бибӣ ашки ҳасрат мерехт, дилаш реш - реш мешуд, Соҳиба ба ӯ нигариста ҳайрон мемонд.
Дари хона боз шуду Соҳиба бо садои баланд «Бибиҷон! Очаҷон! Омадӣ!»,- гӯён худро ба оғӯши модаркалон партофт. Ӯ аз омадани бибии модариаш хурсанд шуд, гӯё модарашро дида бошад, ба оғӯшаш даромада, ӯро мебӯид, мисле, ки модарашро мебӯид: дар чеҳрааш як навъ фараҳу шодӣ дида мешуд. Ин саҳнаро Сафиябибӣ дида дарк кард, ки ҷойи Соҳиба назди Арафамоҳбибиаш аст. Ӯ бӯйи модарашро аз модаркалонаш мешамад, ҷойи холии модарашро бо модаркалонаш пур мекунад. Ҳарчанд барояш сахт буд, Соҳибаро ба хонаи Арафамоҳ гуселонд. Ҳангоми рафтан Соҳиба хушҳол буду мегуфт:
- Бибиҷон, ман шуморо зуд – зуд хабар мегирам, ман шуморо фаромӯш намекунам…
Соҳиба модаркалонашро «очаҷон» мегуфт, зеро холаю тағоҳояш чунин мегуфтанд. Ҳар боре ки Соҳиба «очаҷон» гӯён садо дармедод, дили кӯчакаш аз шодию фараҳи кӯдакӣ пур мешуд. Ҳарчанд медонист, ки падару модараш нест, итминон дошт, ки очаҷонаш ӯро хуб нигоҳубин мекунад.
ГАДОИ ИШҚ
Дар зиндагӣ гадоеро мемондам, ки ба дарат омада ишқатро гадоӣ мекардам. Вале ту ҳамон бойи мумсики қиссаҳо шудӣ, ки ҳатто ним нони нигоҳатро аз ман дареғ доштӣ.
ТАРС
Метарсам аз он чашмонат, ки дар сиёҳии мисли шаб рӯшноиаш мисли ахтар, мисли он шери гурусна, ки ҳар гоҳе, аз пушти ҷангали мижгонҳоят ба сӯям менигаранд, дилам ба мисли оҳуи ба дом афтода метапад.
АРЗИШ
Аз ман пурсидӣ, ки бароям чӣ арзише дорӣ?
Инро намедонам…
Фақат медонам, ки бароям муҳимӣ, мисли обшорон ба киштзори ташна. Муҳимӣ мисли қалб дар бадан, мисли нафас барои зистан, мисли баҳонае барои шод будан.
ЧАРО?
Вақте рӯ ба рӯям мисли муҷассама меистодӣ. Вақте ман аз ту мепурсидам, ки чаро ба ишқи ман бовар накардӣ?
Чаро ишқамро чун василаи шахсият ба дигаре бахшидӣ?
Чаро он ҷойи дар барат буда, ки танҳо моли ман буд, ба дигаре додӣ?
Ту нигоҳи ваҳшиатро аз ман гурезонда, чӣ гуфтӣ?
-Дар дунё чароҳое ҳастанд, ки беҷавобанд.
Фотимаи МАҲМАДУЛЛО,
омӯзгори МТМУ № 6-и ноҳияи Вахш