Лев Толстой дар таърихи адабиёти љањонї на танњо њамчун нависанда, балки чун педагог низ шинохта шудааст. Дар солњои 31 асри гузашта ў дари мактаби худро дар рустои Яснополяни Россия боз намуд, ки дар он љо ба фарзандони дењќонон бо усули худ ройгон дарс мегуфт. Усули тарбия ва дарсгузарии Лев Толстой дар асри гузашта навгонї дар самти маориф буд, ки алњол метавон аз ин истифода намуд.
1. Тарбияро вайрон накунед
Толстой мегўяд: синну соли кўдакї – ин мисли аввалин њормонњост, ки метавонад нобуд ё мањв шавад. Ба андешаи нависандаи бузург њар намуди тарбия кўдакро водор месозад, то ќонунњои олами калонсолонро риоя намуда, ба он итоат кунад. Бењтараш аз ин тарбияи маќсаднок бояд даст кашид. Вале ин маънои онро надорад, ки калонсолон ба тарбияи кўдакон машѓул нашаванд, баръакс он чизе, ки дар вуљуди онњост, бояд он ќадр карда шавад. «Ҳар як инсон танҳо барои нишон додани шахсияти худ зиндагӣ мекунад», - гуфтааст Толстой.
2. Танбењ надиҳед
Толстой муќобили зўроварї ба кўдак буда, гуфтааст, ки талабаро барои тайёр накардани дарсњо набояд танбењ дод. Аз байн бурдани усули танбењ додан дар мактаби Ясная Поляна як гурўњ педагогони даврро њайратзада намуд ва аз ин суол карданд, ки чї гуна? Љавоб чунин буд: «Ҳамаи ин хеле одилона аст, аммо шумо бояд розӣ бошед, ки баъзан бе асо ғайриимкон аст ва баъзан маҷбур кардан лозим аст, ки аз ёд омӯзанд.
3. Камбудиҳои худро пинҳон накунед
Толстой эътимод дорад, ки кӯдакон нисбат ба калонсолон хеле зираку донотаранд. Онњо ба волидон маслиҳат медињанд, ки аввал заифии хешро ошкор кунанд. Дар акси ҳол, кӯдакон ба риёкорӣ гирифтор шуда, ба фикри бузургонашон гӯш намедиҳанд.
4. Муфид омўзед
Толстой аз раванди таълими Россия дар асри 19 розї набуд ва њамеша интиќод аз он менамуд. Масалан, барои гирифтани шаҳодатнома талаба бояд назарияро пурра аз худ кунад, вале ба гуфтаи Толстой назария на њама ваќт дар касб татбиқ мегардад. Ба андешаи ӯ, донише, ки дар зиндагӣ муфид аст, хеле муҳимтар мебошад, ки он бештар омўхта шавад ва талаба ҳақ дорад, ки чӣ гуна таҳсилро мустақилона интихоб кунад.
5. Мустаќилиятро дар вуљуди талаба бедор созед
Толстой гуфта буд, ки дар байни онњое, ки дар гимназияњою донишгоњњо нахондаанд, саводноктар, тавонотар, мустаќилтар, одилтар ва инсонпарвару аз њама муњимаш барои љомеа заруртар кам нестанд.
Аз ин љост, ки яке аз таълимоти асосй дар мактаби Ясная Полянаи ў чунин буд: бачањоро ба риояи ќоидањои ќатъй маљбур накардан, онњоро озодона тарбия кардан ва мустаќилият омўзондан.
6. Баррасии шикоятҳо
Дар мактаби ба номи Ясная Поляна ѓайр аз дарс байни хонандагон зуд - зуд суњбатњо мегузаронданд. Дар ин вохўрињо муаллимону талабањо њамаи он чиро, ки ба онҳо муњим мешумориданд, ба мисоли масъалањои илм, ахбор, процесси таълиму тарбия мавриди муњокима ќарор медоданд. Хонандагон метавонистанд нуқтаи назари худро баён кунанд ва ҳатто муаллимонро танқид кунанд. Тарбияи озод, ки Толстой онро таъриф кардааст, гуфтугӯи софдилона ва ошкорро дар назар дошт.
7. Дар хонандагон тасаввуротро инкишоф диҳед
Тарбия ва таълим танҳо омӯзиши китобҳои дарсӣ нест. Нависанда қайд кардааст, ки ҳар он чизе, ки ӯро иҳота кардааст, ба ташаккули шахсияти кӯдак таъсир мерасонад, ба мисоли бозиҳои кӯдакон, азобу уқубат, ҷазои падару модар, китоб, меҳнат, таълими зӯроварона ва озод, санъат, илм ва ҳаёт. Бо омӯхтани ҷаҳон дар зеҳни кӯдак тасаввурот ва эҷодкорӣ инкишоф меёбад.
8. Дурусту возеҳ таълим диҳед
Таълими ройгон дар гимназияҳо ё донишгоҳҳои асри 19 ғайри қобили қабул буд, ки дар он ҷо донишҷӯён маҷбур буданд, ки баъзан дар зери азоби ҷисмонӣ дарсҳои худро омӯзанд. Толстой процесси таълимро бе маҷбурӣ тарбия роҳандозӣ намуда, кӯшиш мекард, ки тавре таълим диҳад, то бача аз он лаззат барад. Нависанда маслиҳатҳои асосиро ба муаллимон дар брошюраи «Мулоҳизаҳои умумӣ дар бораи муаллим» гирд оварда, тавсия додааст, ки ҳолати рӯҳӣ ва чисмонии талабагонро бодиққат назорат карда, ба ҷои истилоҳҳои хушк таассуротро ба бачаҳо пешкаш намоянд.
9. Одамиятро дар худ такмил диҳед
Толстой навишта буд: «Бачаҳо ба тарбиятгар на ҳамчун ақл, балки ҳамчун одам менигаранд. Дониш, қоидаҳо, илмҳо камтарин аст, ки калонсолон ба кӯдак таълим дода метавонанд. Кӯдакон волидон ва муаллимонро нигоҳ карда, дар бораи он ки одами хуб будан чӣ маъно дорад, дар ҷомеа чӣ гуна рафтор кардан ва мувофиқи кадом қонунҳо зиндагӣ кардан лозим аст, хулоса мебароранд. Яъне, пайравӣ ба калонсолон менамоянд.
10. Худ хуб зиндагӣ намуданро омӯзед
Ба гуфтаи Толстой кӯдакон табиатан поку бегуноҳанд. Ба воя расида дунёро меомӯзанд ва пеш аз ҳама ба рафтори волидон ва наздикони худ таваҷҷуҳ мекунанд. Бинобар ин, дастури асосии тамоми педагогикаи Толстой, пеш аз ҳама дар бораи тарбияи насли наврас не, балки дар бораи такмил додани донишу рафтору гуфтори худи калонсолон мебошад. Яъне, агар хоҳем, ки кӯдаконамон хуб зиндагӣ кунанд, мо, калонсолон бояд зиндагии шоистаро интихоб намоем.
Ин чанд андешаи нависандаи бузурги рус Лев Толстой буд, ки дар мавриди тарбия ва таълими кӯдакону наврасон пешниҳод буд.
АНОҲИТО