Андаруни қуллаҳои баланд ӯ чун лаъли Бадахшон дурахшид. Пайвастагӣ бо кӯҳҳо барояш тавоноӣ бахшид, ки пайи орзуҳои бузург шитобад.
Омӯхтани асрори кӯҳистон барояш ҳайратангез буд. Билохира шуғлеро писандид, ки сирф пешаи мардон маҳсуб меёфт. Хоҳишашро ба волидон возеҳ гуфт. Падару модар, ки аҳли фаҳм буданд, барои интихоби пешаи ҷигарбанди хеш зид набаромаданд. Бо дуои қиблагоҳ роҳи пойтахтро пеш гирифт. Вале ба имтиҳон таъхир намуд. Мунира Шарипова аз ин ноумед нагашту муддате дар коргоҳи сангҳои табиӣ кор кард, то ба пешаи ояндааш ошноии бештаре пайдо созад.
Аксар пешаи геологҳоро мисли маллоҳӣ, сарнишинҳо, конканҳо ва сарбозон фаъолияти мардона мешуморанд. Аммо дар ҷаҳон ҳама чиз тағйирёбанда аст. Дар асри XIX синфи нави касбии геологҳо дар Британия ба вуҷуд омад, ки шумораи зиёди бонувон ба он шомил буданд. Дар соли 1977 Ассотсиатсияи занони геолог таъсис ёфта буд, ки бонувонро дар ин соҳа дастгирӣ менамуданд.
Мартина Бертереу, маъруф бо номи Баронесса де Бозолей аввалин зани фаронсавии геолог зикр ёфтааст, ки дар ҷустуҷӯи конҳои маъдан ба Аврупо сафар кардааст. Дар Россия Олга Денисоваро аввалин бонуи геолог медонанд.
Нахуст геологзани тоҷик кӣ буд?
Аввалин профессор, академики соҳаи геологияю минералогияи Тоҷикистон Сороҷон Юсупова, аз зумраи нафароне мебошад, ки дар пешрафту рушди соҳаи геология – ҷустуҷӯи боигариҳои қаъри замин саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ ҳанӯз соли 1951 дар сафи гурӯҳи олимону мутафаккирони барҷастаи Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, А. Семёнов, Б. Ниёзмуҳаммадов, Н. Смолский аз байни занон аввалин узви Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб мегардад.
Мактаби бузурге, ки асосгузори мактаби минерологҳои Тоҷикистон, академик Сороҷон Юсупова ба мерос гузоштааст, ҳоло метавон дар симои бонувони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дид, ки ҳанӯзам пойбарҷост.
Мунира Шарипова чун дигар бонувони ҳампешааш хело самимӣ ҳарф мезанад. Эҳсос кардам, ки ба касби худ садоқати афзун дорад. Мунирабону аз соли 1993, ҳанӯз пеш аз таҳсил дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аллакай дар коргоҳе, ки ҳар гуна маснуотро аз сангҳои табиӣ омода месохтанд, фаъолият дошт. Ҳамин боис гардид, ки ӯ дар донишгоҳ ғоибона таҳсил намуда, корро давом диҳад. Дар давоми таҳсилу кор ҷавони геологе Мунираро ҳамсари ҳаётии худ интихоб кард. Оилаи онҳо оилаи геологҳост. Шуруъ аз соли 2007 дар Саридораи геология фаъолият дорад. Аз зинаи мутахассиси пешбар, сармутахассис, мудири осорхона, ҳоло сардори шуъбаи гидрогеология ва геологияи муҳандисиро ба уҳда дорад. Ба андешаи Мунира, муваффақияти ӯ ба шавҳараш бастагӣ дорад. Дастовардҳояшро геологбону аз дастгириҳои шавҳараш мебинад.
Тобистони соли 2012 Мунира Шарипова бо ҳамкорон ба экспедитсия, ба Намадгути ноҳияи Ишкошим рафта буд. - Дар баландии беш аз 2–3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр баромадем, ҳаво бисёр хунук буд. Бубинед, ки Тоҷикистони мо воқеан биҳишти рӯи замин аст. Яъне чор фаслро дар як вақт метавон дид, - мегӯяд Мунирабону.
Аслан фаъолияти шуъба бо барномаҳои компютерии муосир сурат гирифта, кормандони он харитаҳои электронии нақшаи офатҳои табииро омода намуда, аз рӯи он кор мебаранд. Инчунин, дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, олимону коршиносони соҳа сатҳи оби кӯли Сарезро андоза мегиранд.
Ӯ забони русӣ ва англисиро балад аст. Дар давлатҳои Ҳиндустону Россия такмили ихтисос ва бозомӯзии касб кардааст. Саҳми Мунира дар тарбияи геологҳои ҷавон низ чашмрас аст. Зеро вай яке аз масъулони баргузории ҳамоиши геологҳо, ки ҳамасола аз ҷониби Саридораи геологияи ҷумҳурӣ роҳандозӣ мегардад, маҳсуб меёбад. Барои ҷалби наврасону ҷавонон ба ҳамоиш миёни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ташвиқот бурда, онҳоро дар саёҳатҳои дохилию хориҷӣ ҳамроҳӣ ва роҳбаладӣ намудааст.
Чаро лаъли Бадахшон?
- Аз Осорхонаи геологӣ хотираҳои зиёде дорам. Боре хонандаи мактабе гуфт, ки чаро мо лаъли Бадахшон мегӯему дар забони русӣ «шпинел» аст, Бадахшон нест-ку? Ман ҳикояеро хонда будам, ки дар замонҳои қадим дар Бадахшон тохтутозҳои араб шоҳигарии Рухомро торумор мекунанд. Рухом бо номи Лаъл писаре дошт. Рухом гуреза шуда ба тарафи Афғонистон мераваду дар ғарибӣ вафот мекунад. Лаъл устоде дошт дар Бадахшон, ки заргар буд ва ӯ пайваста назди устодаш омада мерафт. Рӯзе Лаъл сангеро аз роҳ меёбад, ки ҷилодор буду зебо. Аз устодаш мепурсад, ки ин чӣ аст? Устод пас аз фикри зиёде мегӯяд, ки ин лаъли Бадахшон аст. Аз ҳамон замон то ҳол мо «шпинел»-ро лаъли Бадахшон ном мебарем…
Боре як ҷавони хориҷӣ бо зану писарчааш ба осорхонаи мо омада, гуфт, ки ман намунаи бобоямро тамошо омадам. Пас аз фаҳмидани ному насаби бобояш он намунаро ёфта нишон додем. Ҷавон бо як ҳисси аҷиб чизи дигареро меҷуст, пайдо намуда гуфт?
- Ин бозёфти бобокалонам аст.
Маълум шуд, ки бобокалонаш ҳам геолог будааст. Ҷавон намунаҳои бозёфтҳои бобову бобокалонашро дида, хурсанд шуд, - ба ёд меорад Мунира.
Шифобахшии сангҳо
- Аз назари илмӣ ягон ҷиҳати шифобахшии сангҳоро намедонам. Масалан, санги фирӯзаро беморони дил бо худ мегиранд. Гӯё, агар санг осебе набинад, бемор шифо меёбад. Фирӯза санги бисёр нозук аст ва метавонад зуд шиканад. Тилло ҷисми сахту қавист ва дар тиб зиёд истифода мешавад, -иброз медорад ӯ.
Мавсуф ба он назар аст, ки мо бояд барои кӯдакон вақти ба театр, осорхона, китобхона рафтанро дошта бошем. Ин ба ҷаҳонбинии кӯдак таъсири мусбат мерасонад, кӯдак кунҷков мешавад. Волидон бояд ҳисси зебоипарастиро аз хурдӣ дар дили фарзандон ҷой намоянд.
Ф. ВОСЕЕВА