- Ҳар муаллим усулҳои кории худро дорад. Барои бедор кардани шавқи китобхонии хонандагон одатан порае аз ҳикоят меорам ва дар яке аз ҷойҳои ҷолиби асар таваққуф менамоям. Хонандагон дар пайи ҷустуҷӯи он асар мешаванд. Баъди чанд рӯз онҳо давоми асарро худашон бо шавқ нақл мекунанд. Омӯзгор бояд шавқу ҳаваси хонандагонро ҷиҳати омӯзиши илм бедор карда тавонад, ин вазифаи ҷонии омӯзгор аст, - ба таъкид мегӯяд муаллима.
Заррина Толибова 25 сол боз аз пешаи пуршарафи омӯзгорӣ нон меёбад. Ӯ дар кӯҳистон ба камол расидаву ба ҷавони шаҳрие, ки ӯ низ омӯзгор буд, оила бунёд кардааст. Шуруъ аз соли 1996 Зарринабону дар МТМУ № 51 – и шаҳри Душанбе ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик фаъолият мебарад. Аз рӯи гуфтаҳои ҳамкоронаш, муаллима бисёр шахси меҳрубон аст. Хонандагони душвортарбияро ба ӯ бовар карда месупоранд. Муаллима бо тамоми хонандагон дил меёбад. Ҳатто ҳангоми танаффусҳо хонандагон гурӯҳ - гурӯҳ ба наздаш омада, аз ӯ маслиҳат мепурсанд.
- Пеш аз ҳама ман модарам. Хонандаро аз як нигоҳ мефаҳмам, ки чӣ мехоҳад, чӣ мушкилӣ дорад. Мекӯшам дар ҳалли душвориҳо ба онҳо ёрӣ расонам. Агар омӯзгор равоншиноси хуб бошад, дар касбаш муваффақ мешавад, вагарна, ин пеша барояш сангину нохушоянд хоҳад шуд, - иқрор меояд муаллима.
Заррина Толибова таълимдидаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. «Ҳарчанд шароит душвор буд, - мегӯяд ӯ, - мақсади асосии мо хуб хондан буд. Ҳоло тамоми шароити таҳсил барои хонандагон фароҳам аст, вале иддае аз онҳо майли хондан надоранд. Шояд ин таъсири интернету бозиҳои компютерӣ бошад. Вале мо - омӯзгорон паҳлуҳои дурусти истифодабарии онҳоро ба хонандагон мефаҳмонем. Муаллим низ аз пешрафти техникаи муосир на танҳо бохабар, балки аз шогирдон як кадам пеш бояд бошад».
Омӯзгори ҳақиқӣ бояд некбин бошад, дар чеҳраи хонандагонаш шахсиятҳои ояндаро бубинад. Барои ошкор намудани қобилияти бачаҳо ёрӣ расонад. Маҳз ҳамин заҳматҳои шабзиндадориҳост, ки шогирдони муаллима дар олимпиадаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.
- Ба он назар мувофиқам, ки падару модар дар оила бояд намунаи ибрат барои фарзандон бошанд. Вақти муайяне барои мутолиаи китоб ҷудо намоянд. Фарзандон ин манзараро дида ҳатман ба онҳо пайравӣ мекунанд. Волидонам коргари одӣ буданд, вале ба китобхонӣ майли зиёд доштанд, мо - фарзандон дар руҳияи китобдӯстӣ ба воя расидаем, - иброз дошт Зарринабону.
Омӯзгор офтобро монад ва он бояд ба тамоми шогирдон якранг гармиву сафо оварад. Ҳамин аст, ки то кунун шогирдони ба қавле душвортарбияи тарбиядидаи муаллима хабаргириву суроғаш меоянд. Муаллима ифтихорманди пеша асту аз касби пуршарафаш меболад, бо як шавқу шӯр ҳар субҳ роҳ мепаймояд сӯи даргоҳи маърифат, ҷое, ки шогирдонаш мунтазири каломи ӯянд.
Ф. ШАЪБОН