Сухан гуфтан дар бораи онҳое, ки дилу равонашон саршори муҳаббат ба касби омӯзгорӣ, садоқат ба халқу диёр ва таълиму тарбияи фарзандон аст, ҳамеша боиси ифтихору сарбаландии бепоён мебошад. Фазиламоҳ Зарифова аз ҷумлаи онҳост. Вақте ки бори аввал аз муаллима пурсидам: «Чӣ водор намуд, ки пешаи омӯзгориро интихоб намудед?». Гуфтанд: «Ман ҳамеша аз ҳаёти худ шукргузорам, ки тамоми зинаҳои камолот, шуруъ аз муҳити хонадон дар деҳаи Лағмони шаҳри Кӯлоб, айёми талабагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ва даврони донишҷӯӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб, аз фазои ахлоқӣ ва тарбияи инсон ҷудо набудам. Маҳз тарбияи падару модар ва сабақҳои додаи омӯзгорони мактаби деҳа дар интихоби касб нақши асосӣ гузоштанд».
Хоксорӣ, фурӯтанӣ, таҳаммулпазирӣ беҳтарин аз фазилатҳои инсонии ӯст. Ба хислатҳои меҳрубонӣ ва дилбастагӣ ба касб назар афканда, кас гумон мебарад, ки модар ӯро маҳз барои омӯзгорӣ ба дунё овардааст. Муаллима бо фазилатҳои накуи инсонӣ ва фаъолияти пурмаҳсул дар раванди таълиму тарбия, таҳияи нақшаҳои таълимӣ, интихоби мавзуъҳо барои баланд бардоштани мазмуннокии машғулиятҳо, натиҷаҳои таълим, низоми таълимию тарбиявӣ, сифати дарсҳо, татбиқи сиёсати давлатӣ, корҳои ташкилӣ дар соҳаи таълиму тарбия намунаи ибрати ҳамкоронаш мебошад.
Ӯро ҳамчун мутахассиси ботаҷрибаи фанни педагогика ва психология дар мактаб ва ҷамъият ба хубӣ мешиносанд, қадр мекунанд. Хонандагонро дар руҳияи инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, накукорӣ, эҳтироми калонсолон, анъанаҳои миллӣ ва фарҳангӣ таълим додан ва тарбия намудан самтҳои афзалиятноки фаъолияти омӯзгории Фазиламоҳ Зарифова аст.
Дастовардҳои асосии муаллима дар он зоҳир мешавад, ки вай усулҳои фаъолияти омӯзгорӣ ва муносибатҳои эҷодиашро дар алоқамандӣ бо чунин шаклҳои таъсирбахши таълиму тарбия пурсамар истифода мебарад: риояи талаботи умумибашарии ахлоқу арзишҳои маънавӣ бо назардошти ҳолатҳои равонии шогирдон ва дар ҳамкории қавӣ бо падару модарон; муайян намудани қобилияти зеҳнии хонандагон; фароҳам овардани шароиту имкониятҳои барои рушди камолоти онҳо; мусоидат намудан ба иштироки фаъолонаи шогирдон дар корҳои ҷамъиятӣ, маҳфилҳои илмию адабӣ, озмунҳо ва ҳоказо.
Шерафкан, шавҳари муаллима, инсони наҷибест. Онҳо соҳиби фарзандони баркамол буда, ҳар яке дар руҳияи ташаккули ҷисмонию маънавӣ ва ахлоқӣ тарбия ёфтаанд. Ба қавли Фазиламоҳ Зарифова, дар кадом сатҳ қарор доштани мақому манзалати муаллим аз муҳити оилавӣ бармеояд. Бо ин мақсад ба назар гирифтани он ки оё муаллим, сарфи назар аз шароитҳои иҷтимоӣ, касби худ ва фарзандонро воқеан дӯст медорад ё не, хеле зарур аст.
Дар ҷомеаи муосир кам нестанд ашхосе, ки пешаи муаллимиро касб карда, ҳамагӣ як-ду сол фаъолият намуда, тарки ин пешаи наҷибу пурифтихор менамоянд ва аз пайи тиҷорату савдои бозор ё ягон шуғли сердаромад мешаванд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки фаъолияти касбии бону Фазиламоҳ, ки ҳаргиз намехоҳад аз шуғли дӯстдоштааш ҷудо шавад, намунаи ибрат ва шоёни таҳсину офаринҳост.
Фазиламоҳ баъди хатми донишгоҳ 16 сол дар МТМУ №10-уми шаҳри Кӯлоб ба сифати муаллими синфҳои ибтидоӣ кор карда, шогирдони зиёдеро ба камол расондааст. Сипас, аз соли 1995 то соли 2000 – ум ба фаъолияти педагогиаш дар мактаб-интернати №1- и шаҳри Душанбе идома бахшид. Айни замон муаллимаи МТМУ №50 – уми шаҳри Душанбе буда, дар байни ҳамкорон, шогирдон ва падару модарон обрӯманд мебошад.
Муаллима аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф ба хубӣ бархӯрдор буда, ҳамчунин, вазифаю уҳдадориҳои худро дар сатҳи зарурӣ медонад ва тамоми донишу малака ва таҷрибаи меҳнатиашро пайваста ба иҷрои ҳамин вазифаю уҳдадориҳо сафарбар менамояд.
Азизмурод ШАРИФОВ,
фарҳангшинос