05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

300 ЧИСТОНИ СОРОГУЛ

 

 

OrogulӮ дар яке аз рустоҳои ноҳияи Ашт ба воя расидааст. Асрҳо боз ҳунарҳои қадими мардумӣ, аз қабили оҳангарию дӯзандагӣ дар ин деҳа побарҷост. Деҳотиён баробари бархӯрдор будан аз ҳунарҳои ниёгон, ба китобу китобхонӣ низ меҳри беандоза доранд.

Сорогул Аламова дар маҳаллаи Санги Кабуди деҳаи Ашт, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Дар байни 5 бародар ӯ духтари ягона буд. Аз дусолагӣ аз модар ятим монда, дар тарбияи падару модарандараш монд. Маҳз модарандар ба ӯ ҳунари дӯзандагиро омӯзонда, барои тарбияи шоистааш саҳми сазовор гузошт:

- Пас аз хатми мактаб, аз сабаби вазнинии шароити зиндагӣ, натавонистам таҳсиламро идома диҳам. То 60 - солагиям дӯзандагӣ кардам ва бештар намудҳои гуногуни қуроқдӯзиро эҳё намудам. Аз он меболам, ки маҳсули дас­тони ман дар осорхонаҳои ноҳия ва берун аз он нигоҳ дошта мешаванд. Қуроқ аз резгии матоъҳо дӯхта шуда, арӯсу домоде, ки дар як болини қуроқӣ сар монда қадам ба ҳаёти минбаъда мегузоранд, аз файзу баракати хосе баҳравар мешаванд ва зиндагиашон мисли куроқ ба ҳам мепайвандад.

Ҳоло ки Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ идома доранд, аз ин иқдоми наҷиби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, дар мусоидат бо маркази шуғли аҳолӣ Сорогул 12 нафар духтараки маҳаллиро ҳунари қуроқдӯзӣ омӯхт.

- Пас аз ба нафақа баромадан, ба мутолиаи китоб ва рӯзномаю маҷаллаҳо бештар машғул шудам, ҳамчунин, ба тибби мардумӣ ва гиёҳшиносиву гиёҳдармонӣ шавқи бисёр доштам. Аз ин рӯ, ба ҷамъоварии номи гиёҳҳо шуғл варзидам ва дар се дафтари калонҳаҷм бо аксҳояшон ҷамъ овардам. Зеро номи гиёҳҳоро дар маҳалу водиҳо ва дар шимолу ҷануби кишвар ҳар гуна ном мебаранд. Дар ин дафтарҳо фарҳанги гиёҳҳо ва ё ҳаммаънои онҳоро зикр намудам, то шавқмандон аз онҳо ва хусусиятҳои шифобахшиашон огоҳ бошанд. Масалан, алоэро сабр, сабур, сабила, уд ва ба русӣ столетник мегӯянд. Аммо, аз он сабаб, ки сертификат надорам, ба табобати беморон машғул намешавам, - мегӯяд Сорогул.

Ҳамзамон, Сорогул Аламова барои бачаҳо чистонҳо иншо намудааст. Шумораи онҳо беш аз 300 буда, ният дорад чистонҳоро дар шакли китоби алоҳида ба табъ расонад. Дар ин бора мегӯяд:

Сохтам ман як сандуқча,

Андохтам чанд қанд кулча,

Ҳамааш баҳри шумо,

Бофтаҳои як оча.

Насрулло ТӮЙЧИЗОДА,
рӯзноманигор

:.  Аз ҳар боб 23.12.2021 08:12 776

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz