Каду рустании яксола буда, дар моҳҳои июн ва июл гул ва дар моҳҳои август-ноябр дар ҳама гӯшаю канори Тоҷикистон мепазад. Дар ҷаҳон 13 намуд ва беш аз 200 навъи каду мавҷуд аст. Дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил асосан се намуди кадуро парвариш мекунанд: калон, одӣ ва мускат. Кадуи мевакалон гирдаи сафед буда, аз 40 то 60 кг бузург мешавад.
Дар таркиби дилаи каду 8 – 10 фоиз қанд, 15 фоиз сафеда, 0,13 фоиз моддаҳои даббоғӣ, 5,16 фоиз тезобҳои органикӣ, 0,1 то 0,2 фоиз ғоз, 11 – 14 фоиз нишонаҳои фитостеринаҳо мавҷуд буда, аз витаминҳои С, В1, В2, РР ғанӣ мебошад. Ҳамчунин, дар таркиби каду, ки то 92 дарсад аз об иборат аст, микроэлементҳои калий, калтсий, магний, фосфор, оҳан, коболт, марганетс, мис, фтор ва синк вомехӯранд.
Тухми каду аз 20 то 50 фоиз равған дошта, таркиби он аз тезобҳои тинотин, олеин, палметин ва стеорин бой аст.Кадуро ҳамчун ғизо истифода бурда, аз он даҳҳо намуд хӯрок таҳия менамоянд.
Абуалӣ ибни Сино миҷози кадуро хунуку намнок номида, онро яке аз хӯрданиҳои серғизо шумурдааст. Аммо таъкид доштааст, ки каду барои меъдаи кӯдакон ва наврасон зараровар аст. Ин нобиғаи тоҷик кадуобро барои табобати сурфа ва дарди қафаси сина тавсия дода, кадуро дар якҷоягӣ бо равғани гули садбарг барои дарди гӯш ва дарди гулу хеле фоиданок гуфтааст.
Кадуи обпазро барои бемориҳои камхунӣ, зардпарвин, сил, қабзияти меъда ва, ҳамчунин, дар вақти варами ҷигар ва гурда ба сифати доруи пешоброн тавсия медиҳад. Шӯлаи хоме, ки аз кадуи нопухта ё ин ки баъди майда ва тоза кардани тухми каду мегиранд, захми пӯст, сӯхтагӣ, дерматитро табобат, кунҷитак, рихинак ва доғҳои рӯйро нест мекунад. Тухми кадуро ба сифати доруӣ ҳамчун несткунандаи кирми меъда истифода мебаранд.
Кадуи тару тозаи пухта ва тухми он дар тибби халқӣ ва илмӣ бисёр истифода мешавад. Чи қадаре ки тухми каду дуру дароз нигоҳ дошта шавад, ҳамон қадар пуртаъсир мегардад. Бештар тухми кадуи дусоларо барои табобат истифода мебаранд.
Мағзи тухми каду хосияти табобатии бемориҳои аскарида (кирми рӯда) ва киҷҷаи тасмашаклро дорад. Яъне, дорую давоҳои аз каду ҳосилшуда воситаҳои беҳтарини табобати бемориҳои гурда, ҷигар, дил, рӯдаю меъда, кирми меъда ва киҷҷа мебошанд.
Дар аксари хоҷагиҳои ҷумҳурӣ ба парвариши каду диққати дувумдараҷа дода, онро асосан дар гирду атрофи заҳбурҳо, ҷӯю селпарто ва поёноби пахтазор мекоранд, ки бо ин сабаб кадуи хушлаззат дар дуконҳои сабзавотфурӯшӣ камчин мегардад.
Каду маҳсулоти серғизои чор фасли сол, воситаи муфиди табобатӣ, зеби дастархони ҳар хонадон аст. Навъҳои гуногуни кадуро парвариш кардан, навъҳои нави онро омӯхтан ва таваҷҷуҳи одамонро ба хосиятҳои шифобахшу сеҳрноки он ҷалб кардан, аз манфиат холӣ нест.
Гулистон МИРЗОЕВА,
омӯзгори МТМУ №82, ноҳияи Сино