Моҳи июни соли 1892 пулис ба хотири ошкор намудани ќотили ду фарзанди Франческа Рохас, модари 27-сола ба яке аз деҳоти Аргентина даъват карда шуд. Ин як ҷинояти мудҳиш дар деҳаи хурде рух дода буд, аммо дар илми криминалистӣ пешрафти ҳайратовареро ба бор овард.
Франческа њангоми суолу љавоб бо кормандони полис гуфт, ки "Ман аз хона берун будам ва ҳангоми бозгашт ду кӯдаки кушташудаи худро дидам".
Вақте пулис аз ӯ пурсид, ки "Оё ӯ нисбати касе аз наздикон ва ё дўстонаш гумонбар ҳаст?" Ў гуфт, ки "Қотилро мешиносад, ҳангоми омаданаш ӯро дидааст".
Ӯ дӯсти худ Педро Фласкузро дар ин ҷиноят айбдор намуд.
Франческа ба пулис чунин гузориш дод, ки "Фласкуз қаблан ӯро чанд маротиба таҳдид кардааст, ки дар сурати бо ӯ издивоҷ накардан интиқом мегирад".
Фласкуз аз ҷониби полис боздошт ва ба куштор айбдор карда шуд, аммо ин ҷавон ин иддаоро рад карду гуфт, ки "Франческаро мешиносам, лек бо ин амал ҳеҷ робитае надорам".
Бо сабаби оне, ки полис далелҳои кофї надошт, тасмим гирифта шуд, то бо роҳи шиканҷа ба ин ҷиноят нуқта гузоранд.
Нисбати Фласкуз полис ҳама усули шиканҷаро истифода бурд, аммо ҷавон бо вуҷуди шиканҷаи бераҳмона ба бегуноҳии худ устувор монд. Ин ҳолат муфаттиш Эдуардо Алваресро, ки масъули парванда буд, ба ҳайрат овард, зеро пас аз шиканҷаҳои тоқатфарсо ҷавон сари бегуноҳии худ пойбанд монд.
Алварес детективи беҳамтое буд. Ў тасмим гирифт, ки ба маҳалли ҷиноят бо умеди пайдо кардани баъзе аз далелҳо дубора ташриф орад. Алварес макони ҳодисаро нуқта ба нуқта кофтуков намуд, то далеле пайдо намояд, аммо мутаассифона, ҳеҷ натиҷае надод ва қарор кард, ки ба дафтари кориаш баргардад.
Алварес рўзи дигар боз ба макони ҳодиса омад ва ногоҳ дар чаҳорчӯбаи дари хона мавҷуд будани доғи хун бо изи ангуштро пайдо кард. Ӯ дар назди дар истода, ба доғи хун ва изи ангушт нигоҳ намуда, ба худ гуфт, ки оё ин далелро истифода бурдан мумкин аст?.
Алварес пас аз дақиқае мутмаин гардид, ки изи ангушт ба қотил тааллуқ дорад, аммо ӯ инро чӣ гуна исбот намояд?
Ягон усули изи ангушт то ин давр барои исботи бегуноҳї истифода нашуда буд, аммо муфаттиш тасмим гирифт, ки ташаббусро худ ба даст гирад. Чї гуна изи ангушти хундоштаро аз дар хориҷ кунад, то онро бо изи ангушти гумонбар муқоиса намояд? Алварес хеле итминон дошт, ки ҳалли масъала дар изи ангушт аст.
Хуан Вучич корманди полис, дӯсти муфаттиш Алварес ва Фрэнсис Галтон муаллифи пажӯҳишҳо изи ангуштонро низ меомӯхтанд. Тасмим гирифтанд, то барои таҳлили изи ангушт бо ҳам амал намоянд.
Ҳадафи аввал гирифтани нусхаи даҳ изи ангушт буд. Аммо диққати асосӣ ба як изи ангушт барои муқоисаи он бо изи ангушти дар буд.
Полис Хуан Вучич дўсти муфаттиш, усули осон кардан ва ба тартиб даровардани изи ангуштонро, ки то имрӯз истифода мешавад, кашф намуд, ки ин усул қолаби ангуштҳо ном дорад.
Изи ҳар як ангушт дар яке аз се намуд мавҷуданд: Доиравӣ, каҷ, чархзананда.
Ҳангоми муқоиса маълум шуд, ки изи ангушти Фласкуз – гумонбар ба ҷиноят зери шубҳа аст. Вучич пайваста тафсилоти изи ангуштро бо пурбин месанҷид, нуқтаҳо ва шохаҳои ду изи ангуштонро муқоиса мекард. Ниҳоят, ӯ ба хулоса омад: Фласкуз бегуноҳ аст! Дар байни изи ангушти дар ва изи ангуштҳои гумонбар ҳеҷ мувофиқате пайдо нагардид.
Пулис Франческа Рохас зани 27-соларо ба назди худ даъват кард ва бо ӯ тафтишотро оғоз кард. Зан ба изҳороти аввалиаш исрор кард. Муфаттиш Алварес изи ангуштони зани ҷавонро гирифт. Пас аз муқоисаи изҳои ангушти Франческа бо изи пурасрор шабоҳат пайдо кард.
Зани ҷавон Франческа Рохас ду фарзандашро куштааст!
Чаро, ин зан ҷинояти мудҳишро содир кард? Чаро кӯшиш кард, ин ҷиноятро ба дигар кас бор кунад?
Зан иқрор гардид, ки Фласкес ягона дӯстдоштаи ӯ набудааст. Баръакс, ӯ як дӯсти дигар дошт, ӯро девонавор дӯст медошт ва омода буд, ки ҳама чизро ба хотири ӯ содир намояд. Вақте ин зани ҷавон хост бо ӯ издивоҷ кунад, ҷавон рад кард ва фарзанддории ӯро сабаб гуфт. Барои зан ин ягона мушкилӣ буд, бинобар ин, қарор кард, ки аз ду фарзанди худ бо ин тарз раҳо ёбад.
Франческа Рохас барои куштори ду фарзандаш ба ҳабси абад маҳкум гардид.
Ҳамин тариқ, ин ҷинояти асрорангез бо зеҳни хубу зиракии Эдуардо Алварес, пулис Хуан Вучич ва Фрэнсис Галтон дар ҷаҳони мубориза бо ҷинояткорӣ тағйироти инқилобӣ ва таърихиро ба вуҷуд овард.
Тањияи Ќутбия