Авазхон овони наврасӣ, бо вуҷуди дар мактаб аълохон буданаш, аз бачаҳои шӯху сарсахти кӯча буд. Модари озодаву ранҷу аламкашидаашро ҳам, ки бори вазнини рӯзгорро бар дӯш дошт, ба қавле балое ба сар меовард. Ҳамон ҳолат модар асабониву саргардон гирдогирди хонаву ҳавлӣ ва боғ ӯро дунболагирӣ мекард. Ин бачаи чусту чолок ончунон тиҳипо медавид, ки модари орому аз кору ғами рӯзгор афгору беҳол куҷо, аспи тозӣ ба гардаш намерасид.
«Ёд дорам, боре баъди пешфукаву суросури мани бедодгар модари аз ранҷу аламҳои зиндагӣ дилреш, дар саҳни ҳавлӣ пару уфтод, - ёд меорад лаҳзаҳои шигифтангезро Авазхон ва бо дард меафзояд. - Медидам, ки замини садсол об надидаи тосидаро бо ангуштони қиргуну чанггаштааш харошида, хок ба сар мекашаду бо чашмони ашкбор ба фалаки тафриқаношинос садо дармедод: «Э Худоҷон, кош ба ҷойи ҷони Султони Кабир ҷони маро мегирифтӣ, то ин мардак давои сағираҳояшро худаш меёфт!». Он лаҳзаҳои дилгудоз, панҷаҳои хуншору садои имдодхоҳонаи модарам диламро рӯйи дигар гардонд ва ҳис кардам, ки аз бесариву шӯхтозиҳои бачагӣ бурд не, балки хеле хоҳам бохт».
Ҳамин воқеа аз хотири фарзанди солеҳ ҳич берун намерафт. Ва бо таассуф ёд меорад, ки: «Бо мурури рӯзгорон замоне ба қадру қимати модар мерасидагӣ шудем, ки аллакай дер шуда буд. Зеро модаре, ки ҷавониву ҳастиашро барои ба воя расондани фарзандони худ бахшида, гӯё рисолаташро дар зиндагӣ ба анҷом расонда бошад, ки дигар ба хӯрду хӯрокҳои лазизу пӯшидани пираҳанҳои рангобаранг рағбате надошт. Ҳолиё, агар имкон мебуд, ба хотири бозгашти лаҳзаинаи модарҷонам, ҳама дороиамро мебахшидам,»- гиря дар гулу изҳор мекунад соҳибкори ободгари Ватан Авазхон Кабиров.
Дар ин лаҳзаҳо ӯ оби чашмонашро нигоҳ дошта натавонист. Қатраҳои булӯрини ашк симои ӯро нуронитар менамуданд. Худро аз мо канор гирифт. Вале ҳис мекардам, ки селоби сиришк аз қалби меҳрубону дар ҳасрати модар ҷигархуни марди сарватманд берун метаровад. Аз феълу атвор ва сухангӯиаш яқин буд, ки сохтакорӣ ва бозиҳои пуртоби аҳли шайтанат барояш бегона аст. Ӯ маънии зиндагиро дар эҳтироми модар, хизмат ба халқу саъю талош ба хотири ободии Ватан медонад.
Рӯзу рӯзгороне…
Султони Кабир марди дасткушод ва овозадор буд. Баъди марги раиси номдор тарбияи 13 фарзанд, ки бузургтаринашон Хуршед 18-сола буду хурдсолаш Сафаралӣ 6-моҳа, бар дӯши модар монд. Яке дар хидмати аскарӣ буду дигаре дар гаҳвора мехобид. - Сахтиҳои рӯзгори модари бузургворашро ба ёд меорад Авазхон:
«Чархи фалак бонуеро, ки дар зиндагии қабл, дар замони раисии ҳамсараш фақат дар маъракаҳои интихобот то клуби хоҷагӣ, он ҳам барои раъйдиҳӣ бо мошини хидматӣ мебурданд, хору зор кард. Акнун ба хотири таъмини як хона кӯдакони сағиру бепарастор аз субҳи содиқ гову моли хонаро саришта мекарду барои тозакорӣ субҳи солеҳон худро ба беморхона мерасонд. Давоми рӯз дар ангурбоғи хоҷагӣ заҳмат кашида, бегоҳӣ барои рӯбучин кардани коргоҳи дӯзандагии хоҷагӣ мешитофт ва шомгоҳон ба маъмани орзуҳояш баргашта, аз таҳияи ғизо, тамизи хонаву сарулибоси фарзандон то нимашабон саргардониҳо дошт.
Ҳолиё, он рӯзҳоро ба хотир оварда ба иродаву матонати бузурги модарам тан медиҳам, ки хушиҳои ҷавониву нафсу нишоти ҳаёти бебозгашти худро барои ояндаву осудагии фарзандон фидо кард. Баъди реҳлати шавҳар мардум тамошобин шуду модари ман аз анҷоми ягон кори сахту мушкил рӯ наметофт. Зани тануманд, ки буд, корҳои вазнини саҳроро ҳам мекарду дар беморхона аз пояк доштани касалиҳои барҷомонда ҳам рӯ наметофт…»
Ҳикмате аз зиндагии озодагон
Акаи Аваз бо эҳтиром аз қиблагоҳаш ёд меорад: «Падари шодравонам, ки солҳои раисии хоҷагии овозадори ноҳияи Восеъ буд, бо пешрафту дастовардҳои бузурги истеҳсолӣ, ташаббусҳои беназири ободгарӣ ва дастархондорӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ машҳуру соҳибэҳтиром буд. Рӯзгор имтиҳони ҷиддиро барои мо - фарзандон роҳандозӣ кард. Бо реҳлати ногаҳонӣ чеҳраи аслии хешовандону атрофиёнашро ҳувайдо намуд. Баръакс, дастнигарону тамаллуқпешаҳо ба ҷойи хушомаду меҳрубонии хонаводаи раис, ба сари завҷаи дар нимароҳ мондаи ӯ борони таънаву маломат мерехтанд. Ҳамзамон, миёни худ аз раиси Султони Кабиру сандуқҳои пулу тилловории бамеросмондааш овоза паҳн мекарданд.» - Пас аз лаҳзаи таваққуф Авазхон бо таассуф изҳор медорад, ки: «Худо шоҳид, ки падари мо раис ҳам бошад, мо ҳатто як велосипед ва як хари боркаш надоштем. Чӣ ҷойи дурӯғ, дар хазина, он вақт амонаткасса мегуфтанд, дар номи падарам 3 ҳазору 200 сӯм пасандоз монда будааст, ки онро дар маъракаҳояш, аз серӯзагӣ то сари солаш расондем.»
Аз суҳбати самимонаи қаҳрамони мо маълум мешавад, ки модари дар зиндагӣ мубориз дар баробари сахтиҳои рӯзгор миннати хешовандону атрофиёнро шунида, гирёну нолон кор мекард, сабру таҳаммул пешааш буд, ки дили касеро намеранҷонд. Ҳамсари номбардори Султони Кабир аз кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзӣ баракат ёфт, ки ҳамаи фарзандони ятимашро соҳиби маълумоти олӣ ва ба обрӯй оиладору соҳиби хонаву дар кард.
Хоксорон худошиносанд
Аз ҳосили заҳмату азобҳои паси сар кардаву талошу муборизаҳои яккаву танҳо ба воя расондани фарзандон акнун баҳраманд мешуд, ки умр вафо накард. «Бо ҳама дороиву имкониятҳои дар замони соҳибистиқлолӣ мавҷуда, наметавонистем, ки як шаба ранҷ ва ё як рӯза ғами дар ҳаққи фарзандон аз сар гузарондаи модари азизро ҷуброн намоем, - бо таассуф изҳор медорад ӯ ва меафзояд:
Шукри қисмат, баъди соҳиби кору хонаву дар шудан, модарро ба зиёрати хонаи Худо фиристодам ва дар бозгашти Ҳоҷӣ - Бибӣ ба зодгоҳамон ва арҷгузории хурду калон мамнун, саргузашти пуршебу фарозаш мисли навори синамо пеши назарам мегузашт.
Ин ҳам барои ман як ҳикмати зиндагӣ буд. Акнун модарам каму костиҳоро намедид. Ба қавли мардум «об ба лаби ҷӯй баробар шуд». Ғайбатгӯёну «хешу табор», корфармоёни сангдилу бемуруввати собиқ муносибатро комилан тағйир доданд. Дар баробари дигар мардум «ҳамсари Султони Кабир аз ҳаҷ омадааст», «ранҷҳои кашидаашро Парвардигор иззат ниҳод», «Зиёраташ қабул хоҳад шуд» ва ғайра ҳукм ронда, ҳама ҷо бо шукӯҳу дабдаба истиқболаш мекарданд. Кам мемонд, ки рӯ - рӯи дасташ бардоранд. Модарам бо сабру таҳаммул аз бори сангини рӯзгор на танҳо фарзандонро аз фақру нодорӣ ба зиндагии шоиста расонд, балки ба василаи мо номи ҳамсари зиндаёдаш раис Султони Кабирро дубора зинда кард.»
Баръакси гапи мардум ва андешаи қаблӣ дар мавриди сарватмандон Авазхон ҷавонмарди хеле боҳуш ва мактабдида буд. Аз воқеоти ҷаҳон, сиёсати рӯз ва осори бузургон огоҳ аст. Вале ҳамаро ба тарзи худ ва содаву дилчасп бо забони авом, самимӣ шарҳ медиҳад. Ба қавли худаш «фалсафатарошӣ» намекунад. Аз мантиқи зиндагӣ мегӯяд. Аз гапу воҳима иморат намесозад, балки бо ақлу фаросат ва панҷаҳои ҳузарбаш дар ободии мамлакат саҳм мегирад. Баробари бинокорон хишт мечинад, семент мешӯрад, андова мекунад…
Ҳини суҳбат аз рӯзи марги падараш хотиррасон кардам. Гуфт: «Ҳамон рӯзро ёд овардан намехоҳам. Дӯстону ҳамсояҳо дастархончамъкунӣ ва ҳар сол маърака меороянд дар рӯзи даргузашти волидонашон. Намекунам. Дар хиёлам, ки соатҳои наҳсу шумро фаромӯш кунем беҳтар аст.»
Пас аз лаҳзаи андеша натиҷа мегирад:
«Бо мурури замон яке аз пайи дигар аз дунё реҳлат мекунанд, аммо корномаи шоёни падарон аз насл ба насл дар хотираи мардум мемонанд. Умуман ба гуфти модари бузургворам, ки фарзандони ободгару дар роҳи Ватан фидокорро тарбияву ба воя расондааст, имрӯз ҳамдиёрон аз хизматҳои мондагори қиблагоҳи мо, ки даврони раисиашон роҳу кӯчаву маҳаллаҳои ноҳияро обод намуда буд, ба некӣ ёдовар мешаванд. Ба қавли мардум, мо «падаркасбием», ҳар чӣ мекунем, идомаи роҳи падар аст.»
Пас аз фурсати хомӯшӣ гуфт: «Гаҳу ногаҳ бесарӣ, ғамдиҳӣ ва саркашиҳои бачагиамро пеши рӯ оварда ба худ мегӯям: Модар маро бубахш!»
Дар зиндагӣ ниҳоят кам вомехӯрем инчунин мардони асил, хосса сарватмандонро, ки соатҳо аз модар бигӯянду боз ҳам ташнаи шунидани панду ривоятҳо дар боби меҳру муҳаббатҳои модарон бошанд. Аз фавти модар даҳ сол гузаштаву достони шоёни модар панди ибратомӯзе барои фарзандону наберагон боқист.
Ш. ОДИНАЗОДА,
ноҳияи Восеъ