«Ба даст овардани маблағ ҷасорат, нигоҳ дошта тавонистани он заковат ва харҷи дурусти он санъатро металабад», - фармудааст адиби олмонӣ Бертолд Ауэрбах.
Асъор, ки онро одатан пул мегӯянд, воҳиди ченаки арзиши мол ва ё хизматрасониҳост, ки тавассути он мубодила, пардохт ва ҷамъоварии сарват ба амал меояд. Асъори ҳар давлат аломату нишонаҳои хоси худро дорост ва рӯи ҳар яки он мавзеъҳои таърихиву муқаддасоти миллӣ акс ёфта, мояи ифтихори халқиятҳои дунёст.
Асъор ва саломатӣ
Бо вуҷуди арҷгузорӣ ба асъори миллӣ, бояд ба назар гирифт, ки онҳо пайваста миёни ҳазорҳо дастон гардиш намуда, дар ҷайб, ҳамён, дастанҷом, нӯги рӯймоли кампиракон, пешобағал, ҳатто дар банди ҷӯроби бачагон нигаҳдорӣ мешаванд ва метавонанд манбаи интиқоли микроб, бактерия ва вирусҳо бошанд. Таҳқиқи олимони донишгоҳи Ню-Йорк (ИМА) нишон медиҳад, ки дар асъори якдоллараи амрикоӣ ҳудуди 400 микроорганизмҳо мавҷуданд. Дар реалҳои бразилиягӣ бошанд, то се ҳазор навъи микробҳо арзи ҳастӣ менамоянд ва омили сар задани даҳҳо бемориҳо шуда метавонанд. Месазад, ки тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустиро мадди назар гирифта, баъди муомила бо тангаву пулҳои коғазӣ дастонро ба даҳону чашму бинӣ нарасонда, шуста, безарар гардонем.
Фарҳанги муомила
Асъор, агарчи арзишманд аст, фарҳанги муомила бо онро баъзан сарфи назар менамоянд. Кӣ боре ҳам пулҳои даридаву фарсуда ва бо қаламу хома расму рақаму тасвирҳои зиёд кашидаро надидааст. Яқин, шоҳид ҳам гаштаем, ки баъзан дар нақлиёту бозор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳини пардохти маблағ пулҳои коғазии дар даст ғиҷимшударо пешниҳод менамоянд. Шахси бофарҳанг ҳамеша асъорро даруни ҳамён нигоҳ медорад ва аз эҳтиёт кор мегирад. Маданияти истифодаи асъор маҳз аз ин ҷо шуруъ мегардад.
Чанд қоидаи роиҷро низ дар ин радиф риоя намудан зарур аст, амсоли пулро қат накарда ба ҳамён гузоштан, ба рӯи онҳо чизе нанавиштан, ба хурдсолон пули коғазӣ, бахусус тангаҳо надодан (метавонанд сӯи даҳон бурда, фурӯ баранд), пулҳои коғазиро мисли шохача тоб надодану бо даст бозӣ надорондан ва ғайра.
Қарзгирӣ
Қарз домро мемонад, ки ба он афтидан саҳл асту раҳоӣ басо душвор, - гуфтааст Бернард Шоу.
Ба нафаре пул қарз додан, навъи хизматгузориест, ки рафтори муайянро тақозо менамояд. Ба шарти риоя намудани чанд қоида мушкилиҳои нофорами вобасата ба доду гирифти қарз паси сар мегарданд. Ҳангоми ба касе қарз додан, дар мавриди муҳлати баргардондани он гуфтан, бадие надорад. Қарзгир бояд дар ин бора нахуст худ сухан гӯяд ва бо даст додани аввалин имконият қарзро пардохта, изҳори миннатдорӣ намояд.
Агар то дер маблағи қарздода баргардонда нашавад, қарздорро аз он хотиррасон намудан ҷоиз аст. Беҳтар аст, ки аз хароҷоти дарпешистодаи худ мебояд ба ӯ хабар дод, агарчи барои ҳар ду ҷониб аз қарз ҳарф задан ногувор аст. Агар пардохти қарз дар муҳлати муайяншуда даст надиҳад, қарздорро зарур аст, ки дар ин бора хабар диҳад ва каме фурсат талабад. Чун анъана тартиби қарздиҳӣ на бо пули майдаву танга, балки бо асъори калон бояд сурат гирад. Аз рӯи одоб маблағи барои қарз додашавандаро даруни лифофа намегузоранд.
Нафари қарздода ба дигарон дар бораи қарз додааш ба касе набояд лаб кушояд. Қарзгир низ дар навбати худ аз хубии қарздеҳ суистифода набурда, ҳар бор барои гирифтани қарз ба ӯ муроҷиат нанамояд.
Маърифати молиявии кӯдак
Бобати маърифати молиявии кӯдакон миёни мардум то ҳанӯз баҳсҳо зиёданд. Аксарият бар он назаранд, ки ба кӯдакони хурдсол ва талабагон пулдиҳӣ дуруст набуда, ин амал одати муқаррарии онҳо мегардад. Нафарони дигар мепиндоранд, ки кӯдакон сарфи дурусти маблағ ва харид карданро бо мурури замон хоҳанд омӯхт. Аммо равоншиносон ба он назаранд, ки истифодаи дуруст ва бамавриди маблағ аз хурдсолӣ ба кӯдак бояд омӯзонда шавад, то донанд, ки маблағ чисту барои чӣ лозим аст, чӣ гуна ба даст меояд ва харҷи беҳудаи он чӣ оқибатҳои ногувор дорад. Чунин муносибат аз хурдсолӣ, агар ба роҳ монда нашавад, эҳтимол меравад, ки кӯдак ҳарис ва ҳасуд ба воя бирасад.
Дар кишварҳои Ғарб ба масъалаи тарбияи молиявии кӯдак диққати махсус медиҳанд. Чунин меҳисобанд, ки омӯзондани дуруст харҷ карда тавонистани маблағ барои ташаккулёбии шахсияти кӯдак, қабули мустақилонаи қарор ва масъулиятшиносии онҳо мусоидат менамояд. Ҳамчунин, муҳокимаи кушоду равшанро оид ба вазъи иқтисодии оила ба роҳ мемонанд ва дар мисоли шахсии худ тарбияи молиявии кӯдакро ташаккул медиҳанд.
Мегӯянд, ки сарвату маблағ, агар дар ниҳоди шахс ҳиссиёти манфӣ, амсоли тарс, хасисӣ ва ҳасадро бедор карда бошад, бо мурури замон чунин хислатҳо дар кӯдакони онҳо низ ташаккул хоҳанд ёфт. Месазад, ки маблағро чун воситаи таъминсозандаи ҳаёти сазовор донанду аз ин беш ба он дил набанданд.
Баъзеҳо чунин меҳисобанд, ки тариқи пулдиҳӣ метавон муҳаббати кӯдакро ба даст овард. Меҳру муҳаббати миёни аҳли хонавода, бахусус меҳри кӯдак ба калонсолон дар асоси тарбияи ахлоқӣ ба вуҷуд меояд. Фарзанд бояд амиқ дарк созад, ки муҳаббати падару модар ва дигар аъзои оиларо ҳеҷ сарвати дунё наметавонад иваз созад. Маблағ танҳо воситаест, ки камбудиҳои моддии зиндагиро рафъ месозад. Дар ин бора нависандаи фаронсавӣ Александр Дюма бамаврид фармудааст:
«Пулро зиёд ва ё кам қадр нанамоед, зеро он хизматгори хуб буда, хоҷаи хеле бад аст».
СИМИН