Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Панҷакент Ҳамзира Замонова яке аз фаъолбонувони шаҳр Гавҳарой Маҳкамоваро бо эҳсосоти гарм ва эҳтироми хоса тавсиф намуда, ӯро гавҳари ноёби Шурои занҳо унвон дод.
Воқеан, ин зани солдидаро дар Панҷакент кам хонадоне аст, ки нашносад. Мавсуф солҳои мадид дар вазифаҳои гуногун фаъолият дошту имрӯз низ худро аз ҷомеа дур дида наметавонад. Гавҳарой фаъолияти меҳнатиашро аз заводи коркарди мева оғоз бахшиду аз корманди одӣ то раиси иттифоқи касабаи завод расид. Дар кор ва ҷамъомаду чорабинихо аз шумули пештозон буд. Дар анҷумани кормандони соҳаи хоҷагии қишлоқ дар шаҳри Москва иштирок намуда бо як ҷаҳон таассурот баргашт.
Соли 1986 факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистонро хатм карда, нахуст дар корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ба ҳайси ҳуқуқшинос корро оғоз кард. Панҷ сол мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Панҷакент буд. Аз ҳамин ҷо бо ҷомеа кор гирифтанро аз худ намуд.
Соли 1987 Гавҳарой Маҳкамоваро директори бахши кинонамоишдиҳии шаҳр таъин карданд. Роҳбарият ӯро бинобар бонуи масъулиятшинос ва серталаб буданаш дар ин бахш роҳбар хонданд ва аз ӯ умедҳои калонро интизор шуданд. Воқеан, давраи роҳбарии ӯ соҳа ба яке аз ҷабҳаҳои сердаромади шаҳр бадал ёфт. Аз марказ филмҳои хуҷҷатии моҳияти тарбиявӣ доштаро фармоиш медод ва ба ин васила дар таҳкими ахлоқу одоби ҷавонон саҳми худро мегузошт. Бо зердастон муносибати хуб дошт ва аз ҳар кадом корро ҷиддан талаб менамуд.
Масалан, деҳоти Фароб аз шаҳри Панҷакент зиёда аз 70 километр масофа дорад. Роҳбари ин минтақа бо сабаби тамошобини кино надоштан, нақшаи ҳармоҳаро ба сомон намерасонд. Гавҳарой чора ҷуст ва рӯзе пеш аз шом озими Фароб шуд. На танҳо масофа дур, балки роҳи ноҳамвор пастию баландиҳои зиёд дошт, аммо ӯ коре карда худро ба нишонии зарурӣ расонд. Вориди толор шудан пас, ҳайратзада нашуд. Медонист, ки зердасташ ӯро мефиребад. Масъули кинонамоишдиҳӣ хост киноро манъ кунад, аммо нагузошт ва ҳамроҳ бо мухлисон то охир киноро тамошо кард. Баъди поён ёфтани филм бо ҷавонон ва ҳамаи онҳое, ки дар толор ҳузур доштанд, суҳбати гуворое орост. Фикру дархосташонро қабул намуд ва бо таассуроти хуб як поси шаб ба хона баргашт.
Субҳ барвақт ба кор омад, аввалтар аз ҳама масъули фаробиро дид, ки маломатзада ӯро интизор аст. Гавҳарой сухане сахт нагуфт, танҳо таъкид намуд, ки минбаъд дар кор на фориғбол, балки боинсоф бошад.
Баъд аз ин Ҷамоати деҳоти Фароб зиёдтар аз дигар деҳот маблағ месупурдагӣ шуд ва ин сир то охир миёни роҳбару зердасташ пинҳон монд. «Ин яке аз усулҳои тарбия намудани кадр аст», - мегӯяд бо завқ бонуи барнодил.
Гавҳарой Маҳкамова бо оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаъолияти худро дар соҳаи гумрук идома дод. Ӯро дар гузаргоҳи Саразм, Хадамоти гумруки шаҳри Панҷакент нозири калон гузошта, назорати занону духтаронро ба зиммааш вогузор намуд. Садҳо саҳифаҳои хонданию шуниданӣ дорад, лаҳзаҳову рӯзҳову солҳои кориаш. Вале аз рӯи коғаз овардани он ҳамаро нахост, ба ҷуз он ки гуфт: «Он ҷо ҳам тавонист занонро бо андешаву кору гуфтораш ба ахлоқи ҳамида талқин намояд».
Баъди ба нафақа баромадан, муддате дар бахши адвокатҳои мустақили шаҳри Душанбе фаъолият намуда, пас хонашиниро ихтиёр кард. Чанд маротиба ба шаҳри Москва, назди фарзандону набераҳояш дидорбинӣ рафт, аммо зиёд истода натавонист, Тоҷикистони азизашро биҳиштосо мехонад, ба қавли худаш, бе обу ҳавои он дигар ҷо барояш танг аст.
Соли гузашта бо таъини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Панҷакент Ҳамзира Замонова муаллима Гавҳарой наздаш даромаду хоҳиши ҳамкорӣ кард. Раис Гавҳаройро дар бахши муросои Шӯрои занҳои шаҳр масъул гузошт. Мақсад аён буд: ба ифоқа овардани оилаҳои ба мушкилӣ дучоршуда. Воқеан, кумита ба ҳадаф расид, тули як соли фаъолият даҳҳо оилаҳои ҷавон аз пошхӯрӣ наҷот ёфтанд, кор то идораи суд расидан дар бахши муросо ҳалли худро меёфт.
Гавҳарой низ хурсанд аст, ки бо ин васила аз ҷомеа дур нест, миёни модарон дар суҳбати рӯ ба рӯ мушовараю муросо мекунад. Аз ҳаёти худ, аз ҳаёти рангини дигар модарон ва оилаҳои тифоқ барои мушкилафтодаҳо мисолҳо меорад. Мақомот низ аз он меболад, ки бо кӯшишу корбарии як бонуи солманди бознишаста мушкилоти аввалину рӯзмарра дар шаҳр рӯз аз рӯз ба нестӣ мераванд.
Ин рақамҳо Гавҳарой Маҳкамоваи кордидаву корозмуда ва ба қавле корманди ноёбро миёни мардум сарбаланд ва эҳтиромашро мефизояд, аммо зиёдтар аз ҳама хурсандиву иқболи баландашро дар он мебинад, ки вақте набераҳо дасти абераҳояшро гирифта ба дидорбинии бибиву бибикалонаш меоянд. Аз ин дида ширинтар лаҳзаи хотирмон барояш нест.
Рустами НАЗИР