Метапад дил, мезанад дил, эй азизон зиндаам!
Тоҷикам аз дудаи он тоҷдорон зиндаам!
Гар лаби ноне надорам, мушти хокат нони ман,
Ман ба як каф хоки покат, Тоҷикистон зиндаам!
Руҳу равони фарзанди фарзонаи халқ академик Бобоҷон Ғафуров шод бод, ки шоҳасари безаволи ӯ «Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллати мо гардида, барои ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии тоҷикон хидмати арзанда намуд. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон яке аз қадимтарин халқҳо буда, бо маданият, фарҳанг, анъана, забони ширадору равон, хулоса бо арзишҳои маънавии худ дар ҷаҳон шуҳрат пайдо кардаанд. Олими шинохтаи тоҷик Маҳмадулло Лутфуллоев дуруст зикр мекунад, ки имрӯз таърих ин имкониятро ба мо додааст. Пас биёед, эй ҳамватанон, аз тоҷик будани худ биболем, аз сохти давлату давлатдории ниёгон ва имрӯзаи худ, аз рамзҳои давлатӣ, забону адабиёт, фарҳанг, маданият, илму маориф, хулоса ба кулли он муқаддасоте бифахрем, ки намояндагони парчамдорони миллатамон офаридаанд. Ба ин ифтихор ифтихори дигаре биафзоем, то наслҳои минбаъда моро ба некӣ ёд оранд. Саҳифаҳои дурахшони Аҷами беназиру Хуросони Кабирро варақ мезанему садҳо бор шукр мегӯем, ки тоҷикему Тоҷикистон дорем. Тоҷикистон мисли дили сокинонаш васеъ ва чеҳраи офтобии он мисли дастархони тоҷикон барои ҳамагон боз аст. Халқи меҳнатқарин, кӯҳҳои осмонбӯс, дашту водиҳои ҳосилхез, чашмаҳою дарёҳои хурӯшон, талу теппаҳояш – ҳама дар маҷмуъ Тоҷикистонро бузург, санъату адабиёташ, забону ҳунараш, мактабу маорифаш, илму ирфонаш онро машҳур гардондаанд.
Биёед, боре бошад ҳам аз худ бипурсем: аҷнабиён ба ин сарзамин барои чӣ лашкар кашидаанд? Искандари Мақдунӣ дар ин диёр чӣ мекофт? Арабҳо дар ин сарзамин чӣ гум карда буданд? Муғулҳо дар ин қаламрав чӣ мекофтанд? Ҳар қадар таърихи ҳақиқиро омӯзему ба ин саволҳо ҷавоб ёбем, ҳамон қадар меҳру муҳаббатамон ба Тоҷикистони азиз меафзояд ва аз тоҷик будани худ меболем.
Соли 1992 фарзанди дурандеш ва шердили халқамон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии кишвар дар шаҳри бостонии Хуҷанд бори сангини сарварии давлати соҳибистиқлоли тоҷикро ба дӯш гирифт. Дар шароит ва вазъияти басо мушкили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯи кор омаданд. Эмомалӣ Раҳмон баҳри тамомияти арзӣ, пойдорӣ ва шукуфоии кишвари азиз, сулҳи устувор ва ваҳдати комили миллӣ талош варзид. Тоҷикистони биҳиштосоямонро дар кӯтоҳтарин вақт ба нодиртарин давлат табдил дод, ки рашки ҷаҳониён омад. Маҳз ӯ, фарзанди содиқи Ватан, тавонист, баъди 1100 сол тоҷикони ҷаҳонро ба Ватани бобоиашон даъват карда биёрад. Ва ба тоҷикони ҷаҳон фаҳмонд, ки тоҷик ҳама ҷову Тоҷикистон яктост. Онҳо метавонанд ба Тоҷикистони азиз озодона рафтуо кунанд ва аз тамошои Ватан ҳаловат баранд. Аз он хурсандем, ки сарнавишт ба мо чунин Президентро дод. Мо бо Президенти ваҳдатофару раиятпарвари худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунем. Дар Тоҷикистон зистану шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол будан ифтихор аст. Модоме ки ба мову шумо чунин шараф муяссар гардидааст, биёед шаҳрванди ҳақиқию арзанда бошем. Ва барои ободонии кишвари азизамон ҳиссаи арзанда гузорем. Дар атрофи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мутткаҳид шавем.
Оре, имсол барои халқи тоҷик нек омад. Мардуми кишвар 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Ин ҷашнест, ки барои ҳар як шаҳрванд муборак ва муқаддас аст. Зеро Истиқлолият ва сулҳу субот ба мардуми шарафманди он озодӣ, хушбахтию устуворӣ, дӯстиву бародариро ҳадия намуд.
Зайнаб АНВАРОВА,
табиб, шаҳри Душанбе