05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

САРАФРОЗ

 

Sarfaroz1Фирӯза Раҳмонова 3 августи соли 1971 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тавлид ёфта, хатмкардаи мактаби миёнаи №8-ум мебошад. Оиладор, соҳиби ду фарзанд ва як набера.

Бо тифли дӯстрӯ Фирӯза ном гузоштаанд, зеро он замон асари сегонаи Ҷалол Икромӣ, ки қаҳрамони марказияш Фирӯзаи нотарсу далер буд, аз даст ба даст мегашту хонандаи тезҳушу закиро ба ҷасорати занони давраи инқилоб ошно мекард. Баъдан дар телевизиони тоҷик барои бонувон барномае таҳти унвони «Фирӯза» рӯйи кор омад, ки писанд афтод.

Дарвоқеъ, Фирӯза хеле ва хеле маҳорату ҷасорат дорад. Агарчи шароити деҳот ва муҳити он ба ӯ имкон надода, ки донишгоҳеро хатм намояд аз он ноумед нест, чунки роҳи инсониро ақлу идрок беҳтар муайян мекунад.

Бо ризояти волидон моҳи ноябри соли 1991, бо Ҳусайн ном ҷавоне бинои оиларо бунёд намуда, соҳиби ду гулписар шуданд.

Азбаски дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ рӯ зад, ҷавонони ватандӯсту сулҳшиореро, ки аз манотиқи Кӯлоб барои ҳимоят омада буданд, дар канор нагузошт. Ҳусайн низ дар баробари дигарон ба сафи ҷавонмардон пайваста ба минтақаи ҷангзада омад.

Фирӯза соли 1993 барои хизмат дар канори шавҳар, ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кӯч баст. Муддате ба тиҷорат шуғл варзида, дар пешбурди зиндагӣ ёвару мададгори шавҳар гардид.

Даҳ соли ахир аст, ки дар рӯзномаи ноҳиявии «Навиди Балх»-и ноҳияи Ҷалолиддини Бал­хӣ ба ҳайси коргузор фаъолият менамояд. Ҳангоми сабти мақолаю нигоштаҳои муаллифон мекӯшад, то ҳамагон аз заҳматҳояш қаноатманд бошанд.

Дилдодаи касбу кори хеш аст. Мутолиаро меписандад. Барои масъулиятшиносӣ аз роҳбарият ва раиси ноҳия соҳиби ифтихорномаву мукофотҳо гардидааст.

Дар баробари кори идора боз рисолати модарӣ дорад. Ду гулписар Ёқубҷон хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Идрисҷон донишҷӯи Донишкадаи технологии Старооскол ба номи А. А. Угаров дар Федератсияи Россия мебошад. Ёқубҷон соли 2017 хизмати ҳарбиро дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ сарбаландона адо намуда, рӯзгори хуш дорад.

Фирӯзабону аз бахти баландаш меболад, ки волидони болои сар дораду аз онҳо ҳамеша фотиҳаи нек мегирад.

Шукргузор аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ки имрӯз мавқеи зан - модарро ба маротиб боло бурдаву қадршиносӣ мекунад. Хушнуд аз он аст, ки дар мулки биҳиштосои Тоҷикистон умр ба сар дорад.Ҳамеша шод асту ҳумоюнбахт…

Барои бону Фирӯза имсол соли хотирмон аст. Дар баробари истиқболи Истиқлоли давлатӣ мавсуф 50 - солагии роҳи тайкардаи умр ва сисолагии зиндагии якҷои худ бо амаки Ҳусайнро дар ҳалқаи фарзандону наздикон ҷашн мегирад. Тани сиҳату бахту иқболаш хоҳонем.

Сафармоҳ Гадоева,
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Sarfaroz2

 

:.  Аз ҳар боб 20.09.2021 04:57 626

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz