БЕЧОРАВОР НОЛА МАКУН ПЕШИ ЗИНДАГӢ
Дар шаҳри Москва аз тариқи метрои Люблино то ба метрои вокзали Киев, ки аз он ҷо ба самти Калуга электричкаҳо дар ҳар як - ду соат пас раҳсипор мешаванд, омадам. Дар зарфи се соат ба Калуга расидем. Моро Бозорбой ном ҷавонмарди нармгуфтор пешвоз гирифта, муаддабона пурсид: «Муаллима, шуморо ба хонаи худам ё иҷора, ё ба хонаи ягон бонуи ҳамватане барам». Ростӣ, варианти якум ё сеюмро мепазирам, зеро дар хонаи ҳамватанон аз наздик бо зиндагиашон, кору борашон ошноӣ пайдо мекунам.
Гуфтанд ин ҷо бонуи ташаббускор Соҷидамо шуморо интизоранд ва мо омадем ба назди биноҳои замонавии навсохта. Дар назди даромадгоҳи бинои сеошёна бонуи кушодачеҳрае моро пешвоз гирифта, ронандаву Бозорбойро низ ҷиддан барои хӯроки нисфирузӣ даъват кард.
Хуллас, суҳбат сари як пиёла чойи тоҷикӣ атрофи зиндагии мардуми тоҷик, касбу кори онҳо тафсид. Баъди рафтани Бозорбой ману Соҷидамо то дер аз ҳар боб суҳбат оростем. Соҷида Амонова ба Россия тасодуфан не, балки бо дастгирии Маҳмадраҷаб Холмуродов, ки чанд сол дар бозори Шоҳмансур якҷоя фаъолият мебурданду баъдан дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон кор мекарданд, ҳамчун роҳбари «Тоҷикхориҷакор» дар шаҳри Санкт-Петербург ба кор меоянд.
Соҷидабону зодаи Панҷакенти бостонӣ, дар оилаи ронанда, вале марди закиву шарифу махзани донишу сухани асил Ибодулло Амонов ба дунё омадааст.Мактаби № 6-ро хатм карда, аз деҳаи Колхозчиён бо дастгирию дуои неки падару модар ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ба факултаи молия ва қарз дохил шуда, баъди хатми он солҳои зиёд дар шаҳри Душанбе дар бозорҳои «Ганҷина»,«Шоҳмансур» ба ҳайси сармуҳосиб, роҳбари шуъбаҳои ин бозорҳои маъруф фаъолият кардааст.
Чун аз он солҳо ёдовар мешавад, оҳи сабуке мекашад ва чашмонашро ҳузни ноаёне фаро мегирад.
- Хеле зудбовару дилсӯзам. Борҳо аз зудбовариам ба ҳолатҳои ногувор афтидаам, - мегӯяд бо табассуми дардомезе. - Солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Душанбе натарсида ба кор мебаромадам, ҳарчанд наздиконам мегуфтанд, вазъият хавфнок ҳаст, вале корамро дӯст медоштам ва боз барои зиндагиву рӯзгор. Силоҳбадастон беибо ба дуконҳо рафта, мардумро рӯирост ғорат мекарданд, ҳатто боре дар кӯча худамро дошта, гӯшвораву занҷираи тилло ва пулҳоямро ба яғмо бурданд. Як нуқтаи савдо доштам дар бозор, онро низ оташ заданд, вале рӯҳафтода намешудам. Боре бонуе аз Хуҷанд омада, муддате рафтуомад карда гуфт, ки мо бояд тиҷорати муштаракеро роҳандозӣ кунему барои овардану захира кардани молҳо бино бо таҷҳизоташ ва маблағ даркор аст.Чунон ба бовариам даромад, ки ман ҳатто бисёре аз соҳибкорони бозори «Ганҷина»-ро гуфтам, ки якҷоя маблағ гузаронда, тиҷорати хуберо оғоз мекунему кафил ман ҳастам. Метавонед ба ин зан бовар кунед. Соҳибкорон ба ӯ маблағҳои зиёде доданд, аммо он зан баъди чанде бедарак шуд. Соҳибкорон рӯздармиён ба ҳуҷраи кориам омада, баргардондани маблағҳояшонро мепурсиданд.
Дар дунё аз ҳама кори нангин бароям касеро фиреб додану мавриди мазаммати мардум гаштан аст. Як умр падари накукорам, ки 8 фарзандро бо меҳнати ҳалоли ронандагӣ тарбия дод, ҳамаамонро соҳиби маълумоти олӣ карда, ба роҳи зиндагӣ гуселонданд. Доимо таъкид менамуданд, ки ҳамеша ҳалолкор бошем, асло ба кисаи мардум, ба дастархони касе чашм ало накунем…
Хуллас, чун маблағи пасандозе ҳам надошт, маҷбур шуд хонаву дарашро дар Душанбе ба фурӯш гузошта, қарзи мардумро ба ҷои он зани фиребгар бипардозад. Бо кӯдаки хурдсол дар кӯча монд, вале рӯҳафтода нашуд, балки ба худ гуфт, ки аз рӯҳафтодагию бечоранолӣ фоидае нест, бояд заҳмат кашид. Чун саводноку масъулиятшинос буд, боз ба дигар муассисаи савдо ба кор даъваташ карданд. Зеро роҳбарону ҳамкорон медонистанд, ки бонуест саводноку кордон.
Соҷида 21 соли ҳаёти хешро дар соҳаи муҳосибию роҳбарии бозорҳои маъруф гузарондааст. Вақте Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис ёфт, шодравон Холмаҳмад Раҷабов, ки чанд муддат роҳбари бозори маъруфи «Шоҳмансур» буду баъдан ба дигар кор гузашт, барои кор ба муассисаи «Тоҷикхориҷакор«даъваташ кард. Корро бо масъулияти дучанд дар Санкт-Петербург оғоз намуд, вале бо сабабҳои гуногун дар фаъолият монеаҳои зиёде пеш омаданду корхона фаъолияташро қатъ кард. Баъд ба Калуга омад.
- Шояд бархеҳо фикр кунанд, ки кор кардану маблағ ёфтан дар мусофират осон аст. Нафароне чунин фикр доранд, ки боре ба мусофират нарафтаанд, - мегӯяд ӯ.
Бо вуҷуди забондонию дипломдорӣ барои рӯзгорашро пеш бурдан мошиншӯиву тирезашӯӣ, роҳрӯбӣ ҳам кардааст ва аз ин амалаш пушаймон нест. Зеро бо меҳнат зиндагиашро пеш бурда, ба хоҳарону модараш ёрӣ расондааст. Яккаписарашро хононда, номи неки худрову волидонро ҳифз кардааст. Бо табассуми ба худаш зебанда мегӯяд:
- Ин шеъри устод Алимуҳаммад Муродиро, ки хеле меписандам, чун шиори зиндагиам медонам:
Бечоравор нола макун пеши зиндагӣ,
К-он ҳеҷ вақт гӯш ба афғон намедиҳад.
Чун шаҳсавор хезу ба зӯраш савор шав,
К-он аспи маст тан ба заифон намедиҳад.
Имрӯз чун як бонуи ватандӯст ҳамеша дасти мадад ба ҳамватанон, ба нафароне, ки бори аввал ба шаҳри зебои Калуга меоянд, дар мавриди ҳуҷҷатгузорӣ, барои будубоши қонуниашон мадад мерасонад. Дар чорабиниҳои ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Калуга фаъолона бо ғизоҳои милливу оинҳои миллӣ ширкат меварзад.
Агар нек биандешем, аксари ҳунару пешаҳои мардумиамон маҳз маҳсули назари зебо ва тахайюлоти рангини бонувони ҳунарманданд. Тамоми намуди пухтупази таомҳои миллӣ, ҳунарҳои дӯзандагиву бофандагиву ресандагӣ ва ҳунарҳои ороишӣ марбут ба ҳунари дасти занон аст. Маҳз ҳамин ҳунармандии бонувони тоҷик ба мисли Соҷида Амонова ва даҳҳои дигар бонувон муаррифгари расму оинҳову ҳунари волои мардуми тоҷик ва оинҳои қадимӣ ҳастанд.
Ҳар як фарди миллат дар кадомин гӯшаи дунё бояд ба умеди фардои нек ҷадал намояд. Аз рӯи нақша ва ҳунар заҳмат ба бор бубарад. Танҳо меҳнат ва суботкорӣ касро ба мақсад мерасонад. Аз бечоранолӣ ҳеҷ кас ба мурод намерасад. Имрӯз ҳар як фарди соҳибидроки Ватан бояд ба қадри амониву сулҳу ободии Тоҷикистон, ки бо азму талоши пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, шукргузор бошад.
Шукрия МАҲМАДОВА,
Душанбе - Москва - Калуга