05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

НАСЛИ ИСТИҚЛОЛ

 

nasli-istiqlolҲаёти Зебӣ бо анъанаву русуми деҳа ва омӯзишу қиссахонӣ мегузашт. Тоқии тоҷикӣ ба сар ва бо кокулони дарози зебову печони сеҳрангез ҳар дили бинандаро ҷалб менамуд ва дар ҳусн маликаро мемонд.

Рӯзе айёми фасли баҳору шукуфтанҳо бо таронаи гунҷишкакон аз хоб бархеста ба ҷасту хези онҳо дида дӯхт. Модар сатили пурширро ба ҷои шамолраси даҳлез овехт. Сипас, машғули коре суруд зам - зама карда, бо малоҳату назокати занони кӯҳистонӣ ба сар гардии сафед худ ва Зебии маълулро ғамгин шудан намегузошт. Модару духтар дилбастаи шеър буданд. Ба фурсати муносиб модар ба Зебӣ ғазалеро аз Хоҷа Ҳофиз месуруд:

                                                         Танат ба нози табибон ниёзманд мабод,

                                                         Вуҷуди нозукат озурдаи газанд мабод…

Рӯзе ба маҳаллаи Басмандаи деҳаи Лолазор мужда расид, ки барои дидорбинии шахсони имконияташон маҳдуд раиси ноҳияи Мастчоҳ меояд. Аз шунидани ин пайғом модари Зебӣ холаи Мукаррама шод шуд. Раис бо Зебӣ суҳбат орост. Вохӯрии онҳо хеле ширину гуворо сипарӣ гашт.

Зебӣ мекӯшид ояндаи худро бисозад ва тавассути риштаи фосилавӣ ва дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишгоҳро ба итмом расонду дар зодбум ба фаъолият пардохт. Яъне, ӯ бо гузашти солҳо кунун ба симати корманди бонк заҳмат ба бор дорад. Зебӣ медонист, агарчанде дар зиндагӣ як модар дорад, пушту паноҳи вай давлат аст ва падари маънавияш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ва дар ҳама лаҳза дастгиру ёвари онҳост.

Зебӣ мегӯяд: “Дар синни 7 - 8 - солагӣ дар оинаи нилгун дидам, ки чи тавр Роҳбари давлат ба хонаи бепарасторону шахсони маъюб рафта аз ҳолу рӯзгорашон хабар мегиранд. Сари ятимону бечорагонро бо меҳрубонӣ сила карда, онҳоро бо хӯрокаву пӯшока таъмин месозанд ва дар дили ман низ аз тамошои ин лаҳзаҳои фараҳбахш машъали умед ба фардои дурахшон боз ҳам фурӯзонтар гардид. Мефахрам, ки ман духтари истиқлолам”.

- Аввалҳои моҳи июн гурӯҳи сайёҳони хориҷие дар ноҳияи баландкӯҳи Мастчоҳ ба кӯҳнавардиву тамошо рафта буданд ва яке аз онҳо меҳмони хонадони холаи Мукаррама мегардад ва то омода шудани қурутоб сайёҳ бо Зебӣ ҳамсуҳбат шуда, аз шеваи зебои тоҷикӣ ва аз ҳама муҳимтараш аз маҳорати фавқулодаи забондонии як духтараки маъюби деҳотӣ ба шигифт афтода, бонувони тоҷикро намунаи олии ибрат ба оламиён хонд, - мегӯяд модаркалони Зебӣ.

Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ имрӯз садҳо нафар, ки мисли Зебӣ имконияти маҳдуд доранд, ба рисолати ватандории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳсин мехонанду аз имконоти фарохи фаъолият дар ин Меҳани биҳиштосо ҳарф мезананд. Шоистакориҳои фарзандони фарзонаи ин марзу бум, ин диёри қаҳрамонони оламошно буда, ки имрӯз садҳо Зебиҳо ва ҳазорҳо ҷавонони матин­ирода дар ҷомеа фаъолияту омӯзиш намуда, дар пешрафти Тоҷикистони маҳбуб саҳми бориз мегузоранд.

Бо андешаи равшан Зебӣ мегӯяд: “Имрӯз ҷавони тоҷик чеҳраи шинохтаи соҳаи варзиш дар ҷаҳон аст ва ё ҷавони тоҷикро ба ҳайси як адиби муваффақ дар арсаи байналмилалӣ мешиносанд. Пас, чаро наметавон гуфт, ки мо низ дар пешрафти Ватани офтобиамон саҳме нагузорем. Аз ин гуна имкониятҳои фарох истифода насозему наомӯзем. Маҳз ба шарофати пояҳои устувори Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ имрӯз дар ин диёри зебоманзар зиндагӣ мекунем. Ҳамду сано ба фарзонафарзанди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маъюбонро қишри ҷудонопазири ҷомеа хонда, пайваста дар ҳаққи онҳо меҳрубонии хешро дареғ намедоранд. Ман аз хурдӣ аз пойҳои равон маҳрум будам, дар гӯшаи хаёл надоштам, ки рӯзе дар гулбоғҳои шаҳри Душанбе роҳ мепаймоям. Дунёи маро бо армуғони аробачаи маъюбӣ ва ғамхориҳои падарона Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷилову дурахши тобоне медиҳанд.

Ба номи ин диёри неки аҷдодӣ ва барои истиқлоли ҷовидонаи миллӣ мефахрам, ки ҳамзоди замони истиқлолу фарзанди Тоҷикистонам.”

Умедҷон АМОНӢ,
донишҷӯ

:.  Аз ҳар боб 02.09.2021 05:06 768

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz