Муҳаррамбону зодаи маҳаллаи Чортути шаҳри Душанбе аз ҷумлаи бонувони бомаърифату дурандеш ва гули сари сабади маъракаҳо, дар ҷомеа шахси соҳибэътибор мудом барои зиндагии арзандаву шоиста талош меварзад.
Феълан дар пешбурди ҷомеаи солим ва тарбияи маънавиву ахлоқӣ ва зеҳнии насли наврасу фардоиён аз пештара дида мақоми зан волотар аст.
Дар урфият мегӯянд, ки ниятат поку беғубор бошад, инсони накукору маҳбуби қалбҳо ҳатман ба муроду мақсадаш мерасад. Чуноне устод Қутбӣ Киром фармуда:
Гар ният пок асту дил пок асту пок аст орзу,
Байти дилхоҳе, ки мехоҳӣ, ба мақсуд мерасӣ.
Муҳаррами ҷавону орзупарвар бо дуои модари дилбандаш Розияхола ва дастгириву мадади падари меҳрубонаш Бӯрии Маҳмурод, дар оғози солҳои 90 - уми асри гузашта ба факултаи педагогикаю психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, сазовори номи пуршарафи донишҷӯ гардид.
- Муҳаррам, аз ту мураббии мушфиқ, омӯзгори асил, донишманди хуби соҳаи мактабу маориф мебарояд. Боз ҳам кӯшишу ғайрат намо, бештар хону боз ҳам омӯз, - ҳанӯз 25 - 28 сол қабл баҳои сазовор дода буданд устодони шинохтаю мушфиқи факултети маъруфи педагогикаю психологияи томактабии донишгоҳ Баён Раҳимов, Бойалӣ Ҳусейнов ва Абдулбоқӣ Нуров.
Муҳаррам аз омӯхтани фанҳои дақиқ дар солҳои донишҷӯӣ худро дур нагирифта, аз ҷумла ба фанни риёзиёт меҳр басту дар конспектҳояш хеле зиёд менавишту мисолу масъалаҳоро мустақилона ҳаллу фасл мекард.
Шояд дар оянда аз ин духтарак иқтисодчии барҷаста ё худ раисе барояд, - мегуфтанд байни худ шӯхикунон бархе аз дугонаҳояш он айём.
Фаъолияти мутахассиси ҷавону умедбахш дую ним даҳсола муқаддам дар мактабе, ки дар он даҳ сол таҳсил карда буд, қабл аз хатми донишгоҳ солҳои 1989 - 1990 ба ҳайси коргузор - ҳуруфчин ва баъд китобдори мактаби № 55 шурӯъ шуда буд, идома кард.
Вақте Муҳаррам моҳи сентябри соли 1995 фаъолияташро ҳамчун мутахассиси шуъбаи омори ноҳияи Шоҳмансур оғоз бахшид, ӯро ҳаяҷоне фаро гирифт. Оё ӯ ба сафи кормандони собиқадор ва мутахассисон ворид шуда метавонад…
Муҳаррами меҳнатдӯст аз ашхоси фаъолу соҳибтаҷрибаи соҳаи омор кор омӯхту таҷриба ҳосил кард. Маҳораташро сайқал дода, ниҳоят чун мутахассиси бомаҳорат ба камол расид.
Охири соли 1995 корманди масъули кумитаи омори шаҳри Душанбе Ансор Шоҳмирзоев барои санҷиш ва назорати рафти ҷамъбасти ҳисоботи семоҳаи сеюм омад. Аз қазо бо кори босамари духтараки ситорагарм, сармутахассиси шуъбаи омори ноҳиявӣ ва муваффақияти ҷомеаи меҳнатии он шинос шуда, пас аз бозгашт ба роҳбараш Тошпӯлод Сатторов (равонашон шод бод) аз натиҷаи санҷиш муфассал гузориш дод. Зимни суҳбат доир ба фаъолият ва кордонии Муҳаррам ҳарф зад. Баъд аз ин Тошпӯлод Сатторов Муҳаррам Маҳмуродзодаи ҷавонро раҳнамун гашт.
Ҳамин тавр, 26 сол пеш фаъолияти босамари бонуи кордон Муҳаррам дар пойтахти дилоро шурӯъ гардида буд.
Соли 1996 ӯро мудири шуъбаи омори ноҳияи Сино таъйин карданд. Муҳаррам Маҳмуродзода бо мақсади баланд бардоштани сатҳу савияи дониш солҳои 2010 - 2011 дар курси магистратураи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (алъон Академияи идоракунии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) таҳсил кардааст.
Баъдан Муҳаррам дар сохтори дастгоҳи раис ва МИҲД-и ноҳияи Сино 27 сол дар вазифаҳои сармутахассиси шуъбаи омори ноҳия, шуъбаи фарҳанг ва иҷтимоиёт, шуъбаи умумӣ, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мутахассиси пешбари бахши фарҳанг, мудири шуъбаи кор бо занон ва оила, солҳои 2016 - 2020 ба сифати муовини раиси ноҳияи Сино оид ба соҳаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа кору пайкор дошт. Алҳол дар раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ифои вазифа дорад.
Мавсуф фарзандони хеш Шукрона, Азиза ва Абдуллоро ба камол расонд, ҳамсараш Анвар Абдуллоев устои оинабанди моҳирест. Саҳми вай дар бунёди чойхонаи «Хуррамшаҳр» - и ноҳияи Данғара ва оинабандии толорҳои мунаққаши Кохи Наврӯзи пойтахт ва дигар иншооти давлатӣ бағоят калон аст.
Мухбирҷон КЕНҶАЕВ