Дар зиндагӣ шахсиятҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки рӯзгори онҳо барои насли наврас ва ҷавон барҳақ ибратомӯз аст.
Ҳамроҳи писарам Вайсиддин рӯзе ба дидорбинии апаам Арафа мерафтам. Дар роҳ пешопеши мо бонуи солдида бо мушкилӣ роҳ мерафт. Ба ӯ расидан замон, салом додему ҳолпурсиаш кардем. Баъди суҳбати кӯтоҳи сарироҳӣ бо калимаи дӯстдоштааш «бумбурумтон» бо мо хайрбод кард.
- Ин пиразан кӣ буд?
- Апаи Мастура. Мастура Шарифоваи раиса, - ҷавоб додам.
- Шумо ӯро хуб мешиносед?
- Бале, писарҷон, хеле хуб мешиносам. Барои ҳамин эҳтиромаш мекунем, - гуфтам.
То расидан ба хонаи апаам аз кору зиндагии апаи Мастура ба писарам қисса кардам…
Падари Мастурабону Сафаралӣ Нозимов деҳқони меҳнатӣ ва модараш Иззатбӣ Шарифова хоҳари Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмат Шарифов, говдӯши пешқадам, дорандаи орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, Инқилоби Октябр, медалҳои «Барои меҳнати шоён» ва «Собиқадори меҳнат» буданд.
Аз рӯи нақли апаи Мастура модараш дар зиндагӣ барояш идеал буд. Ӯ зане буд оқила, поквиҷдон, меҳнатдӯст, қавиирода ва хоксору меҳрубон.
Аз падару модараш духтарон буданд: Ойтура, Мастура, Кенҷамо ва Шамъигул. Аввали солҳои панҷоҳум аҳли хонадони онҳоро аз деҳаи Полиздараи Кангурт ба ноҳияи Фархор кӯчонданд.
28 апрели соли 1952 дар ноҳияи Фархор Мастура Шарифова ба дунё меояд. Баъди чанд соли зиндагӣ падараш сахт бемори бистарӣ мешавад. Онҳо ба деҳаи Даҳаи Намаки Кангурт кӯч мебанданд.
Мастура Шарифова соли 1959 ба мактаб меравад. Муаллими аввалинаш Раҷаб Сафаровро нағз дар хотир дорад. Баъди таваллуди хоҳараш вазъи оилавиашон вазнин гашт. Модараш барои кумак ба раиси хоҷагӣ муроҷиат кард.
Ба хотири он ки модараш хоҳари қаҳрамон буд, хостанд ба ӯ хонаи нав сохта диҳанд, аммо Иззатбӣ рад мекунад. Ӯ мегӯяд: «Беҳтар аст, ки маро бо кор таъмин намоед».
Бо ёрии раиси вақти хоҷагӣ Лақай Қармишев хонаводаи онҳоро ба деҳаи Гузари Тори Кангурт мекӯчонанд. Аҳли оилаи онҳо дар бошишгоҳи фермаи ширӣ ҷой ва модараш ҳамчун говдӯш ба кор қабул карда мешаванд.
Мастура таҳсилашро дар мактабҳои ба номи Калинин ва ба номи Шевченко давом дода, ҳамзамон, ба модараш дар кори ферма ёрӣ мерасонд. Баъди хатми таҳсил дар соли 1969 дар ферма говдӯш мешавад. Соли 1970 ба Қиёмиддин Абдулов, ки корманди техникии ферма буд, ба шавҳар мебарояд.
Баъди даҳ соли говдӯшӣ соли 1980 мудири ферма таъйин гашт ва дар ин вазифа ду сол фаъолият менамояд. Ғайриинтизор апаи Мастураро рӯзе намояндагони ҳокимияти ноҳия ба идораи Ҷамоати деҳоти Кангурт даъват карда, вазифаи раиси деҳоти Кангуртро ба уҳдааш гузоштанд. Албатта, дар аввал кор барояш душвориҳо пеш овард, вале ӯ аз мушкилӣ ҳарос надошт. Иродааш қавӣ, ки буд, аз уҳдаи вазифа баромад.
Аз соли 1986 сармутахассиси соҳаи чорводории хоҷагии давлатии Кангурт, аз соли 1992 раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи хоҷагӣ ва баъд муовини раиси хоҷагӣ буд.
Мастура Шарифова солҳои 1998 - 2001 роҳбари хоҷагии давлатии Кангуртро ба зимма дошт. Алҳол давлати пирӣ меронад.
Дар суҳбат апаи Мастура аз лаҳзаҳои ҳаёту фаъолияташ нақлҳои ҷолибу ибратбахш намуд, ки яке аз он хотироташ ин буд:
- Шаби маҳтобии тобистон. Тахмин соатҳои ёздаҳи шаб. Мавсими хошоктайёркунӣ буд. Хобам набурд. Аспро зин зада, савор шуда, сӯи адир равон шудам. Аз ғарамҳои алафи даравидашуда хабар гирифта, посбонро таъкид ба кор кардам. Хеле чарх зада, ба хотири осуда ба хона баргаштам. Ҳангоме ки вориди хона шудам, аз шарфаи по ва ғиҷҷироси дар шавҳарам аз хоб бедор шуду ба ман нигоҳ карда гуфт: «Меравем Мастура!» Ман хандида ҷавоб додам: «Хоб кун. Ман аллакай чарх зада, омадам». Ба соат нигоҳ кардам, соат се шуда буд.
Солҳои вазнини баъди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ чандин бор таҳқиру ҳақорат аз нотавонбинон шунидам, аммо лаб накушодам. Барои дарёфти сӯзишвории техникаи хоҷагӣ ба Душанбе рафтам. Бо душвориҳои зиёд сӯзишворӣ дастрас кардам. Акнун дар тараддуди бозгашт ба Кангурт будам, ки хабари ба беморӣ мубтало шудани чорвои майдаи хоҷагиро расонданд. Маблағ надоштам ва ҳамин асно ҷавонмарди саховатмандеро вохӯрдам. Бо ёрии ӯ барои чорвои хоҷагӣ дору харидам.
Дар кадом вазифае, ки кор кардам, фақат манфиати халқу давлатро пеш гузоштам. Шабу рӯз заҳмат кашидам, на тобистони сӯзон гуфтаму на зимистони қаҳратун, на баҳори сербориш гуфтаму на тирамоҳи чангу ғуборолуд. Бо халқ наздику дар ғаму шодияшон шарик будам. Дар зиндагӣ танҳо аз ду чиз метарсам: хиёнат ва луқмаи ҳаром.
Мастура Шарифова чанд карат вакили ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ду даъват вакили Совети Олии РСС Тоҷикистон, узви Кумитаи Марказии КМ ЛКСМ Тоҷикистон, узви КМ ҲК Тоҷикистон ва вакили съезди XIX ПК Тоҷикистон буд.
Пас аз шиносоӣ бо зиндагиномаи Мастура Шарифова писарам гуфт:
- Зани матинирода будааст. Зан ҳам бошад, мардонавор умр ба сар доштааст.
Китоби зиндагии ӯ намунаи ибрати ҷавонон шуда метавонад. Барҳақ, апаи Мастура Шарифова занест муваффақ, меҳнатдӯст, кордону хоксору меҳрубон. Ҳамин хислатҳои наҷибаш ӯро маҳбубу соҳибэҳтироми пиру ҷавони Кангурт гардондаанд.
Зиёвиддин ҚОДИРОВ,
ноҳияи Темурмалик