Солҳои навадуми асри гузашта. Хонае, ки қисман обод шудаасту ҳоло сохтмонаш давом дорад. Ин хонаи муаллима, роҳбари синфамон Сайёра Ғаниева буд, ки он замон бо кӯдаки навзодашон дар рухсатии ҳомиладорӣ қарор доштанд. Мо, 12 нафар духтар, дар пешгаҳи хона истода, гоҳ шеър мехондему гоҳ афсона мегуфтем, гоҳе лаб ба тарона мекушодем. Муаллима бари гаҳвораи фарзандашон нишаста, ба мо чизе менависонанд, ислоҳ мекунанд ва тарзи баёну нақлро бароямон мефаҳмонданд.
Он вақт мо дар озмуни ноҳиявӣ бояд иштирок мекардем. Хушбахтона, ғолиб омадем. Баромади мо яке аз беҳтарин, манзуртарин буд. Ягон саволро бе ҷавоб нагузоштем, рақсамон ҷолибу баромадҳоямон дар меъёру қолаби одоб буданд.
Имрӯз, вақте корҳои беруназсинфӣ мегӯянд, мо, шогирдони муаллима, хотироти аҷиберо аз фаъолияти устод ба ёд меоварем. Азбаски солҳои вазнину серкорӣ буд, муаллима имкони дар мактаб зиёд истодан надоштанд, дар хонаашон кор мекарданду мо аз пасашон роҳравон, тайёрӣ медидем. Ин аст, ки шогирдонашон дар ҷамъият ҳар яке соҳиби мавқеи ба худ хос гаштааст.
Интернет набуд, компютер набуд, аммо суҳбаташон замонавӣ, дилрасу омӯзанда буд. Мо, шогирдон, пайваста китоб мехондем. Завқи моро бо ҳар восита бештар мекарданд. Вақт меёфтанд барои дарёфти истеъдоду маҳорат.
Ёд дорам, ба ман маҷмӯаи асарҳои рӯҳшиноси машҳур Дейл Корнегиро барои хондан дода буданд. Гӯё ҳаётам баъди он тамоман тағйир ёфт. Бале, оила, китоб, муаллима моро ҳамаҷониба тарбия мекарданд. Кӣ ба чӣ шавқ дорад, меёфтанд ва кумак мекарданд.
Дарсе, ки ором, бо кайфияти хубу рӯҳияи болида мегузарад, дидаед? Ман дидаам, мо дар ана ҳамин гуна дарс камол ёфтаем. Чанд панд аз фаъолияти муаллима:
Ҳамсинфе доштем, ки базӯр дарс аз худ мекард. Ба ӯ ду байт аз Садриддин Айнӣ азёд кунонданд. Ҳар вақте ки ба синф меҳмоне меомад, вақти рафтанаш меҳмонро дақиқае боздошта, хоҳиш мекарданд, ки шеърхонии ҳамсинфи моро гӯш кунад. Мо байни худ оҳиста табассум мекардем. Аммо ҳамсинфамон хурсанд буд, зеро муаллима маҳз ӯро вақти гусели меҳмон ба шеърхонӣ мехонданд.
Мо асарҳои адибонро бидуни саҳна аз худ намекардем. Ҳама ба таври худ нақше мебозид. Солҳои навадуми асри гузашта ин усули фаъоли таълим дар мактаби мо роиҷ буд.
Суруди “Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме…” шоҳсуруди замони мактабхонии мо буд. Дар ҷамъомадҳо хоҳиш мекарданд, ки духтаракони синфи мо ин сурудро хонанд. Муаллима, аввал худашон замзама мекарданд, баъд хонандагон ҷӯр мешуданд.
Сабадчаҳое ба дарс меоварданду аз мо хоҳиш мекарданд, ки ба он пешоянд ё пасояндро чинем. Дар донишгоҳ ман дар бахши ҳиссаҳои нутқ пешсаф будам, зеро вақте сабадчаи муаллимаро тасаввур мекардам, ҳамааш ба ёдам меомад.
Нақши Таҳминаи “Шоҳнома” - ро Замира бо роҳнамоии муаллима чунон мебозид, ки ҳар бори дидан дар навҳаи ӯ мегиристем.
Ин аст, ки устоди азизи мо Сайёра Ғаниева чун яке аз омӯзгорони беҳтарини ноҳияи Деваштич соли 1999 дар озмуни ҷумҳуриявии “Модари сол” иштирок намуда, сазовори ҷои 1 - ум гаштаанд. Аз соли 1999 то соли 2008 дар вазифаи директори МТМУ №38 фаъолият бурда, соли 2007 - ум соҳиби нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон гардиданд.
Аз шогирдонашон Зарифа Нуриддинова, Адиба Ҳабибова, Таҳмина Убайдуллоева ва дигарон сазовори обрӯву эътиборанд, яке роҳбару дигаре шоираву нависандаву соҳиби ихтисосҳои дигари барои ҷомеа манфиатбахш ҳастанд.
Дар деҳаи Қалъачаи Азими ноҳияи Деваштич бонуе, роҳбаре, омӯзгори асилу модари меҳрубону рӯҳшиноси ба дил наздику дӯсти ҳақиқие фаъолият мебаранд, ки ҳар соати дарсашон нафарони зиёдеро ба ояндаи нек мепайвандад.
Озода НАБИЕВА,
ноҳияи Деваштич