Он рӯз номи ӯ вирди забони аксари мардум гардид. Дар тамоми сомонаҳои хабариву шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро тавсиф менамуданду аҳсант мехонданд, ки тавониста касби ғайримаъмулиеро пеша намудааст. Дохили нақлиёти ҷамъиятӣ низ аз қаҳрамониаш ҳарф мезаданд. «Аз Тоҷикистони худамон ҳам як лётчикзан баромадаст. Имрӯз аввалин парвозаш буд, аз интернет хондам», - мегуфт бонуе ба ҳампаҳлуяш ва дар чеҳрааш ҳисси ифтихору шарафмандӣ бармало эҳсос мегардид.
Воқеан ҳам, ӯ қаҳрамон аст, қаҳрамони даврони истиқлол, қаҳрамоне, ки тавониста дар таърихи давлатдории тоҷикон номи аввалин бонуи ҳавонавардро сабт намояд.
Нахустпарвози мустақил - орзуи баландпарвоз
18 июни соли 2021. Душанбе – Тошканд – Душанбе. Дар ин масир мусофирони зиёде мунтазири сафар буданд. Қисме бо умеди дидор бо наздикону пайвандон хушҳолӣ мекарданду гурӯҳе аз чӣ гуна анҷом ёфтани сафарашон дар дил ҳарос доштанд. Вале қалби Татяна чун ҳарвақта ва рӯзҳои маъмулии корӣ ором буд. Агарчи аввалин парвози мустақили хешро ҳамчун сарнишин анҷом медод.
Субҳи солеҳон ба ҷойи кораш ҳозир шуду тамоми ҳуҷҷатҳои барои парвоз заруриро ҷамъ овард. Ҳамроҳи командир Шуҳрат Раҳимов вориди ҳавопаймо шуд. Бо дили пуру рӯҳияи шикастнопазир даст ба кор гашт. Чун ба худ бовар дошту эътимод. Ва муҳимтар аз ҳама болои он меандешид, ки бехатарии парвози тамоми мусофирони тайёра бар дӯши ӯву командири ҳавопаймост ва бояд онҳоро сиҳату саломат ба нуқтаи даркорӣ бирасонанд.
Ҳамин тавр ҳам шуд. Парвози ҳавопаймои Boeing 737 / NG бо хубӣ анҷом пазируфт. Бо ин парвоз номи хешро дар саҳфаи таърих гузошт ва низ орзуи деринтизори худ – аввалин парвози мустақилро амалӣ сохт.
Шавқи саёҳат ба думболи роҳбаладӣ
Татяна ҳар фасли тобистон ҳамроҳи модар аз шаҳри Душанбе барои хабаргирии бибиаш ба Федератсияи Россия мерафт. Он овон сафарашон танҳо тариқи қатора амалӣ мегашт. Татянаи хурдакак ҳамон лаҳзаҳо аллакай дар қалбаш орзуи роҳбалади қатора шуданро мепарварид. Вале як парвоз тариқи ҳавопаймо тавонист, ки орзуяшро ба самти дигар тағйир бидиҳад.
Ҳанӯз 18 сол дошт, ки ин навбат сафараш ба воситаи ҳавопаймо сурат гирифт. Баробари вориди тайёра шудан гулдухтарони зебоеро вохӯрд, ки дар тан либоси шинаму зебо ва табассуми малеҳу ба хеш зебанда доштанд. Мафтуни ҳаракату суханронӣ ва либоси шинами роҳбаладон шуд. Ҳавасаш ба роҳбалади ҳавопаймо афзуд. Як сабаби роҳбалад шуданаш агар ин бошад, омили дигар сайру саёҳат буд. Гумонаш бо роҳбалад шудан, пайваста ба сафар мебарояду аз тамоми маконҳои сайёҳии дунё дидан менамояд.
Ишқи роҳбаладӣ рӯз аз рӯз дар қалбаш аланга мезад. Пайи амалӣ гардондани ин орзуяш ӯро мебоист, ба яке аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ муроҷиат намояд. Дари чанде аз ширкатҳои ҳавопаймоиро кӯфт.
Роҳи орзу тӯлониву нишонрас
Соли 2009 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои қабули роҳбаладон озмун эълон кард, вале бахт ба рӯйи Татяна нахандид. Ӯ дар ин озмун фурсатро аз даст дод. Бо вуҷуди ин, ноумедиро як сӯ гузошту пайи амалӣ шудани орзуяш талош варзид.
Бо гузашти ду сол толеаш баландӣ кард. Ин навбат иштирокчии озмуни қабули роҳбаладони ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» шуд. Ғолибият барояш ба осонӣ даст надод. Чандин марҳиларо пушти сар намуд. Гоҳе ҳам аз марҳилаҳои душвори озмун хаста мегардид, вале тан ба шикаст намедод. Чун шикаст хӯрданро кори заифон медонист.
Аз он меболид, ки агарчи роҳи орзуяш тӯлонӣ буд, нишонрас гардид. Давоми фаъолият машаққати касби роҳбаладиро кашид. Зеро пешаи интихобкардааш он гунае, ки ӯ тасаввур мекард, набуд. Масъулиятнокиву заҳмати бештарро талаб менамуд. Таъмини бехатарии дохили ҳавопаймо кори масъулиятноки роҳбаладон маҳсуб меёфт. Болои ин ҳама, шабзиндадориву бедорхобӣ мекашид. Зебоии маконҳои сайёҳӣ ва саёҳатро танҳо дар хоб медид. Чандин сол дар ин пеша заҳмат кашид.
Ӯ якрангии ҳаётро дӯст намедошт. Пайваста корҳои аҷибу ғариберо анҷом медод. Ин навбат хост дигаргуниеро дар зиндагиаш пиёда намояд. Тасмим гирифт, то худро дар касби сарнишинӣ бисанҷад. Идора кардани ҳавопаймо барояш ниҳоят аҷиб намуд.
Омӯзишгоҳи парвозии Сасов
- Рӯзе бо яке аз ҳавонавардони мумтоз ҳамсуҳбат шудам. Он кас пешниҳод карданд, то худро дар пешаи ҳавонавардӣ бисанҷам. Маро рӯҳбаланд намуда, гуфтанд, ки азмат қавӣ бошад, метавонӣ ҳавонаварди хуб шавӣ . Дар Россия омӯзишгоҳҳои махсуси ҳавонавардӣ мавҷуданд, ки дар баробари мардон бонувонро низ ҳамчун ҳавонавард омода месозанд. Ин суханҳо боис гардиданд, то рӯ биорам ба касби ҳавонавардӣ , - бо ёдоварӣ аз он овон иброз медорад Татяна Афентйева.
Соли 2015. Омӯзишгоҳи парвозии Сасов ба номи Г.А.Тарани Федератсияи Россия. Татяна аз марзи офтобӣ ба сарзамини боронҳо, барои омӯхтани пешаи ҳавонавардӣ рафт. Интизор мерафт, ки Татяна ҳавонаварди хуб мешавад. Ба ин бештар аз ҳама модар ва дӯстону ҳамкоронаш бовар доштанд. Ин бовариву эътимод азми ӯро бештар устувор менамуд.
Се соли умрашро дар ин омӯзишгоҳ сипарӣ кард. Санҷишу имтиҳонҳоро бо сари баланд супурду идоракунии ҳавопаймоҳои Cessna 172 S ва Л-410 - ро аз бар кард. Пас аз ҳимояи кори дипломӣ ба ӯ литсензияи ҳавонаварди тиҷоратиро супурданд. Бо хатми омӯзишгоҳ дарҳол ба Тоҷикистон баргашт.
Ҳавонаварди Boeing 737 / NG
Ӯро ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» баъд аз гузаштани санҷишу мусоҳиба ба ҳайси ҳавонавард ба кор пазируфт. Кунун Татянаро мебоист, ки идораи техникаи замонавии ҳавопаймои Boeing 737 / NG-ро низ омӯзад. Роҳбарияти ширкат ӯро ба курси бозомӯзии семоҳа сафарбар намуд. Дар рафти омӯзиш бо кори ҳавопаймои Boeing 737 / NG шинос шуда, дар симулятор тамринро оғоз намуд.
Сипас таҳти назорати ҳавонавард – дастурдиҳандагон ба парвозҳои таҷрибавӣ шурӯъ кард. Ин парвозҳо то даме сурат гирифтанд, ки ӯ ба ҳайси ҳавонаварди дуюм аввалин парвози мустақили хешро анҷом дод.
Кори ӯ вақти доимӣ надошта, тибқи ҷадвали парвозҳо ба самте, ки муваззаф мешавад, онро анҷом медиҳад. Парвозҳо низ вақти муайян надоранд. Баъзан 30 дақиқа ва гоҳе танҳо аз як ҷониб беш аз 6 соатро дар бар мегиранд. Аммо барои онҳо як шарти хеле муҳим ҷой дорад. Қабл аз парвоз мебояд, ки наздики 12 соат истироҳат намоянд, то барои анҷом додани парвоз ҷисману рӯҳан омода гарданд.
Барояш касби ҳавонавардӣ беҳад писанд асту шавқовар. Чун гоҳе мешавад тулӯи офтобро дар болои як кишвар ва ғурубашро дар дигар кишвар мебинад. Ҳамоно талош меварзад, то дар ин самт ба қуллаҳои баландтар шарафёб гардад.
- Мехоҳам бештар омӯзаму сифатҳои хоси командири ҳавопайморо дар худ бипарварам, чун командири ҳавопаймо шудан қуллаи навбатии орзуҳои ман аст. Итминони комил дорам, ки дар ин роҳ ҳамкасбони тифоқ ва роҳбарияти ғамхорам маро дастгирӣ хоҳанд кард, - иброз медорад Татяна Афентйева.
Бунафша РАҲМОНОВА