Бузургмарде дар замони азхудкунии заминҳои водии Бешкент – ҳозира ҳудуди ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлонро хонаи Офтоб номида, заҳмату корномаҳои ободгароӣ як сӯ, ҳамин зиндагӣ доштан дар ин воҳаи тафсонро қаҳрамонӣ медонист. Биноан, рӯзгору сарнавишти дилхоҳ сокини ин мавзеи чашмаҳои сафобахш шоёни инъикосу манбаи илҳоми эҷодгарон шуда метавонад.
Зимни суҳбат атрофи ҳаёту фаъолияти бонувони тозакор, сарпарастори беморхонаи марказии ноҳия Фирӯза Мирзомудинова мақсади моро пай бурда, аз навбатдори муассиса хоҳиш намуд, ки Норгулро пайдо кунанд. Баъди лаҳзае дар саҳни беморхона бонуи сабзинапӯш истиқболи мо меояд, ки хандаи малеҳу нигоҳи меҳрангезаш ба чеҳраи аз нури офтод сӯхтааш ҳусни малакутӣ мебахшид.
Дар ҳуҷраи табибон рӯ ба рӯи ҳамдигар нишастем. Норгули мушавваш аз ин мусоҳибаи ғайриинтзор саъйи фаҳмидан дошт, ки оё аз рӯзгору саргузашти як тозакори одӣ чӣ менавишта бошам? Муддате бо забонҳои ӯзбекиву тоҷикӣ ва гоҳо бо русӣ фикру андешаҳои худро баён дошт. Дарёфтам, ки ба тарҷумон ниёзе нест.
- Гӯё дирӯз буд, аслан чиҳил сол пеш, замони ба тозагӣ ба ин водӣ кӯчида омаданамон, ба симати намояндаи коргарҷавонони ин ноҳияи навбунёд, бо хабарнигори маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» ҳамсуҳбат шуда будам, - бо шавқу ҳаяҷони дилнавозе риштаи суҳбатро кушод Норгул. - Дар он солҳо барои азхудкунии заминҳои ин каронаи зархез неруҳои корӣ аз ҳисоби беҳтарин хокшиносону ихтисосмандони соҳаҳои сохтмону мелиоратсия, механизатору агрономҳои бахшҳои гуногуни кишоварзии собиқ ҷумҳуриҳои бародар ба ин ҷо сафарбар мешуданд. Бунёди Бешкент аз мавзӯъҳои асосӣ ва мавриди таваҷҷуҳи ҳукуматдорон ба ҳисоб рафта, пружаи «Бешкентстрой» ҳамчун эстафетаи коргарии зарбдор ба арсаи корзори асосии мамлакат табдил ёфт.
Аз миёни ҳазорон нафар фотеҳони ин навзамин теъдоди андаки онҳо ба обу хоки Бешкент унс гирифта, дар ин ҷо зиндагӣ ихтиёр карданд. Он рӯҳияи созандагиву бедориҳои фикрӣ ва заҳмати содиқонаи синфи коргар, ки дар иҷрои корҳои азими сохтмону азхудкунии заминҳои бекорхобида натиҷаҳои рекордӣ нишон медоданд, аз қудратмандии дастгоҳи идеологӣ дарак медод, ки дар ташаккули афкори ҷомеа таъсиргузор буд. Акнун дар ҳамин марҳилаи навини бунёдкориву рушди иқтисодӣ - иҷтимоии ноҳияи Носири Хусрав ва дигар минтақаҳои рӯ ба инкишоф ба эҷоди ғояҳои пешбарандае ниёз дорем, ки неруи мардумиро ба иқдомҳои бузурги созандагӣ талқин намоянд, - андеша ронд мусоҳибам.
Норгул, ки ҳанӯз аз овони мактабхонӣ ба кори саҳро панҷа нарм карда буд, баъди хатм фаъолияташро дар хоҷагии пахтакорӣ идома дод. Дар миён оила барпо карда, баъди ба дунё овардани нахустфарзанд ва афзудани масъулиятҳои хонаводагӣ дубора ба кор баргашт. Баъди таъсисёбии ноҳияи Бешкент (имрӯза Носири Хусрав) ӯро ба ҳайси тозакор (санитарка)-и беморхонаи марказии ноҳия пазируфтанд.
Рӯбучину поккорӣ ва таъмини покизагиву форамсозии шароити корӣ дар муассисаҳои тиббӣ , расондани ёрӣ ба ҳамшираҳои шафқат, нигоҳубини беморон ва рӯзе 3 - 4 маротиба коркарди санитарии табобатхонаҳо аз талаботи асосии кори бахши сиҳатӣ (санитарӣ ) ба ҳисоб меравад. Бо дарки ину дигар вижагиҳо ва эътирофи нақши санитарҳо дар беҳдошти сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ , Норгул аз рӯзҳои аввали кор масъулияти ҷиддӣ эҳсос мекард. Ба гуфти ӯ аз вазифаҳои оинномавии басти корӣ бармеояд, ки масъули бахши тозагӣ уҳдадориҳоеро миёни корҳои фаррошӣ ва ҳамшираи хурди шафқат ба зимма дорад. Аз ин рӯ, муқаррароти пешбинигардида дар мавриди ба унвони ҳамшираи хурди шафқат табдил додани басти кории фаррош мувофиқи матлаб аст.
Ба инояти табъи латиф зебопарастиву худпардозиҳои модари олуфтааш, ки дар тарбияи духтарон сахтгир буд, Норгул дар корҳои тозакорӣ ва тамизу ҳуснороии хонаву муҳити корӣ дасти чира дорад.
Ҳини собиқаи ҳамкорӣ боре нашудааст, ки нафаре аз ҳамшираҳои шафқат, табибон ва ё роҳбарони муассиса аз кору рафтори Норгул изҳори норозигӣ карда бошанд, - аз заҳматдӯстиву фурӯтаниҳои ӯ ёдовар мешавад сардухтури беморхона Миноят Умарзода. – Дар симои бонуи хоксору самимӣ намоди зан - модари рустоие таҷассум меёбад, ки бо заҳматдӯстиву ташаббусҳои ободгаронааш дар замири ҳамкорону ҳамдеҳагон маъво гирифтааст. Бекориро қабул надорад, баъди рӯбучину поккории ҳудуди ба уҳда доштааш, ӯро дар қитъаи саҳни беморхона машғули алафчинӣ ё обёрии гулу буттаҳои ороишӣ мебинем. Ҳамакнун, вақтҳои охир омода намудани ғизо барои бошандагони беморхонаро ба зимма гирифтааст, ки дар ин ҷода ҳам муваффақ ба таърифу тавсиф гаштааст.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Носири Хусрав