05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАРЕ ДИД ОЛӢ ЗИ САНГИ РУХОМ

 

Санги рухом ба гурӯҳи сангҳои ороишӣ дохил шуда, онро гаҷ ва ё гулгаҷи Шарқ ҳам меноманд. Рухом ҷинси кӯҳии карбонатии майдакристаллӣ , нимшаффоф ва қабат - қабат буда, дар таркибаш калсит ва арагонит дорад. Дар дастхатҳои қадима омадааст: «Номи вай сулаймонӣ , яъне қабат - қабат, ранги сафед бо ранги сиёҳ иваз мешавад.»

Рухом (оникс) ба гурӯҳи сангҳои ороишӣ мансуб аст ва дар қадим онро «Санги доҳиён» низ меномиданд, зеро муъҷиза ва сеҳре дошт, ки ба одам давлатмандӣ ва тавоноӣ бахшида, ақлро комил менамуд. Тӯморе, ки аз санги рухом сохта мешуд, ба гуфти гузаштагон, инсонро аз суиқасд ва марги ногаҳонӣ эмин медошт. Ҳамчунин, асабро таскин бахшида, хотираро қавӣ мегардонад.

Рухом аз давраҳои пеш то имрӯз ҳамчун санги ороишӣ дар Миср, Эрон, Қафқозу Юнон ва Осиёи Марказӣ маълуму машҳур аст. Ҳоло ин сангро дар хотамкорӣ , сохтани маснуоти заргарию армуғонӣ истифода мебаранд. Аз санги рухом шадда, гӯшвор, дастпона, тасбеҳ, гарданбанд, туҳфаҳои рӯимизӣ , хокаи сайқалдиҳанда омода менамоянд.

Дар ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 50 макони санги рухом ёфт шудааст. Кони рухом дар ҳавзаи дарёи Қаратоғ, Такоб, Айнӣ , Зарафшон ва Ғозималику Данғара воқеъ буда, захираи хушсифати санги рухом дар кони Патруи Ҳисор 310 тонна аст, ки ҳар сол аз ин кон 30 - 40 тонна санги ороишӣ истихроҷ мешавад.

Меҳронаи МУЗАФФАР

Dare-did-oli-zi-sangi-Ruhom

:.  Аз ҳар боб 23.07.2021 06:19 618

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz