Соли бистучаҳорум аст, ки баробари наздик омадани санаи тақдирсози миллату давлати соҳибистиқлол - Рӯзи Ваҳдати миллӣ, санаи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон ба мавзӯи аввали суҳбатҳои мардумӣ ва сархати расонаҳо табдил меёбад.
Раҳораҳ то нишонии шоҳидони ҳодисаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ роҳбалади мо – раиси Шӯрои бонувони деҳоти Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритус Сайлон Султонова иброз дошт, ки бо гузашти солҳо сокинони деҳот бо шукргузорӣ аз сулҳу осоиштагӣ ва бовариҳои бузург ба Пешвои наҷотбахши хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон захмҳои ҷангро аз дилҳо зудуда, ба умеди ояндаи неку рӯзгори осоиштаи хеш кору зиндагонӣ доранд. Баробари ворид шудан аз дарвозаи яке аз манзилҳои хоксорона бонуи болобаланди нуроние ба қади остонаи дари кулбаи худ рост шуда, ба истиқбол қадам ниҳод.
Оҳ ин ҷанги бародаркуш, ки боиси қатлу ғорати мардумони бегуноҳ буду оташи домангустурдааш деҳа ба деҳа, аз хона ба хонаҳои мардумон ҳамаро яксара ба коми худ фурӯ мебурд, - аз дидаҳои дар интизори ҷигарбандонаш тирагуни кампир ашк талотум мезад…
- Баъди тӯйи хонадоршавии Асадулло ҳанӯз чодари арӯсиашро аз девор наканда дар маҳаллаҳои мо ҳам даргириҳо сар шуданду силоҳбадастон аз як бунаи мо панҷ ҷавонмарди нозанин, аз ҷумла писари навшаҳамро бо амаку амакбачаҳояш дастгир ва ба самти номаълум бурданд.
Бегоҳии 7 - уми ноябри соли 1992 мардҳо мардуми заҳматкашро аз саҳроҳои пахтаву фермаҳо ҷамъ карда, фармуданд, ки либосу ҳуҷҷату нону анвои доштаашонро ба халтаҳо андохта сӯи сарҳад шитобанд. Вақте ки садои тир деҳаро фаро гирифт, аз анбуҳи мардуми сӯи сарҳад гурезон, гиряву фарёдҳои занону кӯдакон ба фалак печид. Бону Давлатҷон, ки он замон ҷону тавони бардам дошт, аз издиҳоми даҳшатзада чеҳраҳои ҳамсару 11 тан фарзандашро меҷуст.
-Дар ёд надорам, ки чанд рӯзи сиёҳро қад - қади соҳилҳои дарёи Панҷ паси сар кардем, вале замоне ки зарурати убури сарҳад ба миён омад, ранҷу азобҳои овони кӯдакиро ба ёд оварда, ҳиҷрат аз Ватан дида, мурданро авлотар медонистам, - садои олудаи дард дар гулу лаҳзаҳои ғамангези умрашро қисса мекард Давлатҷон Ҷолаева. – Ҳанӯз се ё чаҳор сол доштам, ки хонаводаи моро аз деҳаи Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод ба ноҳияи Шаҳритус муҳоҷир карда буданд. Бо заҳмати дасту бозуи пиру ҷавон дашту туғайзорро ба марзҳои сарсабз табдил дода, ҳамакнун ҳосили фаровону дастархони ғанӣ доштем, ки ҳодисаҳои шаҳрвандӣ сар зад… Мо рӯи балонҳои мошин дарёро убур намуда, ба кишвари Афғонистон гузаштем. Қароргоҳи мо дар мавзеи «Кампи Сахӣ»- и Мазори Шариф муайян шуд ва ба умеди бозгашт ба хонаи худ, ду сол зистем дар хаймаҳо, ки барои ман аз азоби гӯр ҳам сангинтар буд.
Ҳар бори расидани хабари нохуше аз деҳистони Ватан навҳаи модарону наварӯсони сиёҳбахт гӯё замину осмони Мазори Шарифро ба ларза меовард. Модарони ғамбемор ба хотири оромиши тифлакони хеш шабҳои беватаниро бо гиряҳои ниҳониву дарун - дарун сӯхтанҳо рӯз мекарданд. Шабонгоҳ модари зоре шаҳидони гулгункафанашро дар руъёҳои парешони худ медид, ки оҳу шевани ҷигарсӯзаш ваҳимтар аз уллоси гургони тирхӯрда ҳомуни хайманишинонро фаро мегирифт.
Дар миёни хабарҳои шуми ба шаҳодат расидани ҷавонони бегуноҳу сӯхтори хонаҳову деҳаҳои валангор даъвати тақдирсози Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бад -ин мазмун гуфта буд: «То охирин гурезаи тоҷикро ба Ватан наорам, ором намегирам», ба дилҳои муҳоҷирон суруру шодмонӣ бахшид, - бо шавқу ҳаяҷони зиёде он лаҳзаҳоро ба хотир меорад бибӣ. – Дигар барои касе муҳим набуд, ки аз хонумонаш чӣ боқӣ мондаву чӣ рӯзу рӯзгороне онҳоро интизор аст, ки аксаран муҳоҷиронро як андешаи ғолиб - бозгашт ба зодбум ба ҳам овард. Тавре шоир мегӯяд: «Ту, ки дар ғурбат наафтодӣ, чӣ донӣ ҳоли мо», зимни ворид шудан ба деҳа аз хурсандиву эҳсоси ишқу муҳаббати бузург ба Ватан остони дару дарвозаҳои худро бӯидаву бӯсида, шукргузорӣ кардем, ки бозгашт ба сарзамини хеш бароямон муяссар гардид.
Баъди бозгашт ба хонаву погаҳи хеш, сарфи назар аз хабарҳои зидду нақиз оид ба саргузашти ҳамсару писарони гумномаш, ҳар рӯз дар суроғи онҳо буду шабҳо чашминтизорӣ мекашид. Ҳатто гоҳе, ки пайвандон ба остин ва ё китфони даридаи куртааш ишора мекарданд, модари дилреш порчаи матоеро дар либоси тан поргӣ меандохт, аммо либоси нав намепӯшид. Чаро ки овони бозгашт ба хонадон азм намуда,буд, ки то тани зинда ё мурдаи гумкардаҳои худро бо чашми сар набинад, куртаи нав пора нахоҳад кард. Достони ғамангези модар сокинони рустоҳои атрофро такон медод, то дар ҷустуҷӯи ҷигарбандони ӯ ёрии аз дасташон меомадаро анҷом диҳанд.
Баъди чанде хабар оварданд, ки писари калониам дар Россия зиндаву саломат ба сар бурдаву ҷасади Асадуллои шоҳмардамро ҳамроҳи чанд тан аз пайвандонамон дар пуштаи поёни деҳа дафн кардаанд, - гиряандуд рози дил кард Давлатҷон Ҷолаева.
Барои пирони ноҳияи Шаҳритус, ки аксари солмандонаш ранҷу азияти даргириҳои бемаъниро кашидаанд, ба ёд овардани он рӯзҳои пурдаҳшат, мисле, ки бедор кардани дарди захмҳои аз сар гузаштаро мемонад, ки аламу доғи андуҳгинашро дар дилҳои ваҳдатқарини хеш нуҳуфтаанд. Бо ҳама ёдовариҳои пурдарду суҳбатҳои дилрешу гиряовараш ҳамсуҳбати мо Давлатҷон Ҷолаеваи 72 - сола мегуфт: «Кош, ки нависандаву таърихнигорон солиён пештар меомадед, ки ин суҳбату розкушоиҳо малҳами дарду доғи дилҳои модарони фарзандгумкардаест, ки қиссаҳои маҳзунаш мояи тарбияву ибрат барои ояндагон аст, то наслҳои минбаъда дигар фирефтаву гумроҳ ва сабабгори ҷангу хунрезиҳо нагарданд. Зеро баъди он ҳама шикасту рехт Худованд аз миёни халқи одӣ Пешвои хирадманд Эмомалӣ Раҳмонро барои наҷоти давлату миллати мо ҳидоят намуд, ки бо паёми орифонааш: «Ман ба хонаи шумо сулҳ меорам» гурезаҳои дар шаҳру бодияҳои кишварҳои хориҷӣ сарсону саргардонро ба Ватан овард. Ва ҳифзи сулҳу осоиштагӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азиз барои ҳар нафари мо амонат аст, то ин неъмати бебаҳоро барои наслҳои ояндаи худ мерос гузорем,- изҳор дошт дар фарҷом Давлатҷон Ҷолаева.
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ,
ноҳияи Шаҳритус