05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАР КӮИ МАҚСУД

 

Dar-kui-maksud

«Омӯзгорӣ касби пуршарафу пурмасъул ва хеле хуб аст. Ҳангоме вориди синфхона мешудаму чашмам ба нигоҳи моломоли меҳри кӯдакон меафтод, бароям ҳисси фараҳу хушбахтӣ мебахшид. Бахусус тақлидашонро ба худам эҳсос мекардам, болидарӯҳ мешудам. Онҳо тамоми таълиму тарбия ва насиҳатҳоямро меписандиданд, гӯш мекарданд. Он лаҳзаҳо амиқ дарк мекардам, ки аз ҳама касби беҳтарин омӯзгорист. Ҳарчанд баъдтар самти фаъолиятамро тағйир додам, меҳри омӯзгорӣ дар дилам боқист,»- мегӯяд Лубат Ҳабибӣ.

Дар оилаи серфарзанд ҳамроҳи нуҳ хоҳару бародар ба камол расидааст. Падар саркор, саробони асосии оила буд, барои пешбурди рӯзгор ва таъмини шоистаи ҷигарбандон дар саҳро заҳмат мекашид. Модар дар хона, шуғли пухтупаз ва дарзу дӯзро менамуд. Фориғ аз таку дав ва кору бори зиндагӣ дар он маҳале, ки пас аз хӯроки шом аҳли оила як ҷо ҷамъ омада, бо хондани китобу тайёр кардани дарс машғул мешуданд, падар гоҳҳо мегуфт, то фарзандон соҳибмаълумоту соҳибкасб гарданду дар ҷомеа мақому манзалатеро соҳиб шаванд.

Лубати хурдсол қатори дигар бародарону хоҳарон дар мактаб кӯшиши бо баҳои аъло таҳсил карданро менамуд ва бо ин васила мехост орзуи падар ҷомаи амал ба бар намояд. Солҳо паи ҳам сипарӣ гаштанд, даврони мактабхониву олами кӯдакӣ низ они воҳид паси сар шуд. Духтараки ҷавон ҳуҷҷатҳояшро барои идомаи таҳсил ба факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) супурд. Онро бо сари баланд хатм кард.

Лубат Ҳабибӣ фаъолияташро аз МТМУ №3 шаҳри Панҷакент ба ҳайси омӯзгори фанни забони олмонӣ оғоз намуд. Баъд аз ду сол, бо сабаби ба шаҳри Душанбе кӯч бастани аҳли хонавода, ӯ фаъолияташро дар МТМУ № 40 ноҳияи Фирдавсӣ идома бахшид.

- Айёми ҷавонӣ аз паи омӯзгорони соҳибтаҷриба мерафтам, дар дарсҳояшон иштирок мекардам, аз онҳо меомӯхтам. Роҳҳои нави усулҳои таълиму тарбияро меҷустам. Ҳине муовини директор интихоб шудам, ба роҳбарияти вақти мактаб муроҷиат кардам: «Наметавонам». Аммо директор гуфт: «Метавонӣ, он чизе, ки баҳрат нофаҳмост, меомӯзӣ!».

Ҳамин тавр ӯ донишу таҷриба андӯхт. Муаллима тамоми нерую ҳастиашро баҳри таълиму тарбияи шогирдон равона намуд. Талошу кӯшишҳояш натиҷаи хуб ба бор оварданд.

- Ҳанӯз тахминан 26 сол доштам. Рӯзе намояндагони маориф ба мактаб ташриф оварда қатори дигар омӯзгорон дар дарсҳои банда низ иштирок намуданд. Пас аз якчанд рӯз дар чорабинии пуршукӯҳе маро бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадр карданд», - бо табассум авроқи хотироташро саҳфа гардонд муаллима.

Баъд аз чанде Лубат Ҳабибӣ ба шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ ба кор даъват шуд. Он ҷо ба ҳайси мушовир, нозир ва муовини мудири маориф як муддат фаъолият намуд. Ҳамчунин, ду давра аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вакил интихоб гардид. Аз ҳамон давра саъю талошҳои муаллима ҷиҳати ободии манзилу макон, бо таъмири роҳҳо, таъсиси мактабҳои замонавӣ, шифохонаҳо манша гирифт.

Имрӯз Лубат Ҳабибӣ дар ҳалқаи фарзандону наберагон зиндагии ободу осоишта дораду саодати зиндагиро дар амну ободии кишвар медонад. Шукргузор аст, ки мардум зиндагии орому осуда, хони пурнон доранд ва ҳамаи инро аз баракату шафоати истиқлоли Ватан медонад. Орзу дорад, набераҳо низ мисли фарзандонаш соҳибмаълумоту соҳибкасб гашта, дар ободии диёр саҳмгузор бошанд.

ШАҲНОЗ

:.  Аз ҳар боб 24.06.2021 04:33 649

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz