05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЗАНИ ДОНО ДАВЛАТИ МАРД АСТ

 

Нақши зан дар оила ва ҳам дар ҷомеа аз мард кам нест ва хушбахт мардест, ки зани хубу солеҳ ва некдилу ғамхор дорад. Ҳар зан бо дунёи худ аст. Апаи Лайло низ.

Zani-Dono-Davlati-Mard-astДорои завқи баланд ва нигоҳи хосса. Хоксор асту ботамкин, меҳрубону дилсӯз. Меҳмондӯсту адабпарвар.

Ӯ ва шавҳараш Абдуқодир Ҷабборов, ходими давлатию ҷамъиятӣ, марди созандаву ободкор, дар зиндагӣ инсонҳои некбинанд. Чаро­ғи кошонаашон ҳамеша фурӯзону пур аз меҳмон – дӯстону пайвандон, сиёсатмадорону арбобони илму адаб, соҳибкорону сохтмончиён… Апаи Лайло дар чунин рӯзҳо басо сертараддуд аст. Аз як нигоҳ маънии сухани шавҳари азизашро эҳсос мекунад. Аслан барои ин хонавода ҳар инсоне, ки ба меҳмонӣ меояд, азизу мукаррам аст.

Чанд сол муқаддам, дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ, ба Суғди бостонӣ, ба манзили Абдуқодир Ҷабборов аз Москва меҳмонон, аз ҷумла муовини раиси Ассамблеяи халқҳои Федератсияи Россия Николай Бухонин бо якчанд корманди ин соз­мони бонуфуз омаданд. Онон на танҳо аз табиати зебои Тоҷикистон, лолаҳои ҳаррангаи шукуфон, боғҳои сабз ба ваҷд меомаданд, балки русҳоро дастархони пуранвои тоҷикӣ, ҳунари дастархонороӣ, таомпазӣ ва хоксории бонуи хонадон мафтун карда буд.

- Ташаккур, Лайло Далеровна, ин гуна ғизои лазизро дар ҳаётам начашида будам, - мегуфт Бухонин косаи холии шӯрборо ба дасти мизбон дароз карда.

Дигар меҳмонон низ изҳори сипос менамуданд, соҳибхона бо табассуми малеҳ нигоҳ мекарду мегуфт:

- Расми хуби тоҷикон аст, меҳмондорӣ. Хуш омадед.

Ҳар сол чун анъана аҳли хонавода солгарди Ғалаба бар фашизмро бо тантана ва шодиву сурур таҷлил менамоянд. Он рӯз, дар доираи ин ҷашни таърихӣ, ҳамзамон 100 – солагии падари қаҳрамонашон, собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абду­ҷаббор Ҳоҷиевро низ ҷашн гирифтанд.

Ҳама фарзандон, бахусус Абдуқодир Ҷабборов аз рӯзгори падар ва лаҳзаҳои ширини умр нақл мекарду набераву абераҳои ҷанговари шуҷоъ аз далериву қаҳрамонии бобояшон огаҳӣ меёфтанд.

- Сазовори раҳматномаи Сталин шудан магар дар солҳои ҷанг кори осон буд? Мо бояд ба қадри падари қаҳрамон, бобои номдори худ расем, номбардорашон бошем, бо меҳнати созандаву ободкорӣ дар пешрафти кишвари азиз саҳм гузорем, - мегуфт Абдуқодир.

Боре тариқи оинаи нилгун суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҷеъ ба дастгирии ятимону бепарасторон тамошо карданду шавҳар ба завҷааш гуфт:

- Раҳмат ба Сарвари адлпеша, ки инсони ятимпарвар ҳастанд. Дар ҳар сафарашон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ятимон суҳбат меороянд, онҳоро дастгирию пуштибонӣ мекунанд. Ба роҳбарон супориш медиҳанд, ки ба зиндагиву шароитҳои рӯзгори ин тоифаи ниёзманд эътибор диҳанд, ғамхору ҳамдамашон бошанд. Ятимпарварӣ яке аз хислатҳои неки Сарвари давлатамон аст. Амалҳояшон ба дигарон дарси ибрат.

Инро гуфту аз ҷой бархостанӣ шуд, ки завҷааш гуфт:

- Андешае ба сарам омад, бигӯям?

- Бале.

- Тобистон Шумо ба синни мубораки 60 қадам мегузоред. Ба ин муносибат хатнасури кӯдакони ятимро гузаронем чӣ? – пурсид Лайло.

- Беҳтарин фикр, кори басо хайру савоб мешавад.

Ҳамин тавр тӯи суннатии 37 нафар ятимро аз шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир намуданд. Аз шодиву хуррамии кӯдакон аҳли хонавода, бахусус зану шавҳар хурсандӣ доштанду рӯҳашон болида мегашт.

Бале, амали хайр аҷаб ҳаловате дорад.

Лайло Ҷабборова зодаи шаҳри Душанбест. Дар оилаи хизматчии давлатӣ, фарҳангӣ ва накуном таваллуд шудааст. Баъди хатми донишгоҳ дар идораҳои гуногун фаъолият бурдааст.

Мегӯянд, ки баъзе хислатҳои умдаи инсон ирсист. Ин беасос нест. Падару модараш аз инсонҳои фурӯтан ва соҳибзавқ мебошанд. Одобу муоширати баланд ва эҳтироми ҳамдигарӣ дар хонадонашон ҳамеша ҳукмфармо буд. Падару модар яке аз дигаре бо ҳам меҳрубон, ғамхор ва дилсӯз буданд. Ва манзилашон пур аз меҳмон.

Падараш Далер Раҳматуллоев дар ҷумҳурӣ шахси номвар. Бахусус, онҳое, ки дар соҳаи кооператсияи матлуботи мамлакат фаъолият доштанд, то имрӯз ба ӯ эҳтироми зиёд қоиланд. Мавсуф солҳои сол директори маркази иттилоотию ҳисоббарории ҷамъияти «Тоҷикматлубот» буд. Алҳол нафақахӯр бошад ҳам, дар тарбияи насли ояндасози ҷомеа, раҳнамоии мутахассисони ҷавон ва пешрафти соҳаи матлубот саҳм мегирад.

Модараш Людмила Раҳматуллоева дар маъмурияти Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар дошт. Баъдтар директори меҳмонхонаи «Сино» - и шаҳри Душанбе буд. Зани оқилаву дилсӯзи ҳамагон, соли 2009 риштаи умри ин зани накуном гусаста гашт.

Лайлобону се хоҳар дорад - Зулфия, Индира ва Таҳмина. Ҳар яке дар зиндагӣ бо аҳли оила хушбахту масрур. Дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд ва пайрави падару модари азизашон ҳастанд.

- Азизтарин шахс барои Шумо кист? – ҷӯё мешавем аз апаи Лайло.

Лаҳзае ба андеша меравад. Ба шавҳараш Абдуқодир Ҷабборов менигарад. Дар нигоҳаш олами меҳр.

Дарк мекунам, ки бунёди ин хонавода аз меҳр асту муҳаббат асту ҳурмату эҳтиром ва қадршиносии ҳамдигар.

Мухтори АБДУЛЛО

:.  Аз ҳар боб 24.06.2021 04:15 666

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz