05

Июл, 2025
Шанбе

05

Июл, 2025
Шанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

БОНУИ ГЕНЕРАЛ ДАР АФҒОНИСТОН

 

     Khatol Mohammadzai_in_2012-croppedБонуи афғон Ҳотул Муҳаммадзой соли 1966 дар оилаи серфарзанд (7 писару 2 духтар) дар шаҳри Кобул ба дунё омадааст. Падараш корманди гумрук буд. Вақте Ҳотул ҳамагӣ 6 сол дошт, падараш аз олам даргузашт.

     Соли 1983 пас аз хатми мактаби миёна Ҳотул тасмим гирифт, то дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Афғонистон хизмати ҳарбӣ намояд. Ӯро дар қисми ҳавоӣ – десантии ҳарбӣ қабул намуданд. Дар рафти омодагиҳои ҷангӣ дар баробари мардҳо неруи худро нишон медод. Соли 1984 аввалин бор аз парашют ба замин парвоз анҷом дод.

   Ҳотул таҳсилдидаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Кобул буда, аллакай замони донишҷӯӣ рутбаи афсариро соҳиб шудааст.

   Соли 1990 Ҳотул ба афсаре, ки дар қушунҳои ҳукуматии кишвари Афғонистон адои вазифа мекард, ба шавҳар баромад. Баъди як соли оиладорӣ шавҳараш дар яке аз ҷангҳо кушта шуд ва Ҳотул бо писари хурдаш танҳо монд. Ҳамчунин, ду бародараш дар ҷанги шаҳрвандӣ кушта шуданд.

   Баъди барҳам хӯрдани сохти давлатдории Наҷибулло соли 1992 Ҳотул ба ҳайси сарвари бонувон дар қисми ҳарбии омодагии ҷисмонӣ интихоб гардид. Ҳотул бо сабабҳои маълум маҷбур шуд, то муваққатан аз кораш даст кашад. Ӯ роҳи пайдо намудани даромадро аз дӯхтани сарулибос ёфт. Дар баробари ин ӯ ба мактаби занонае, ки пинҳонӣ амал мекард, роҳбарӣ менамуд.  

   Соли 2003 бо аз сари қудрат дур шудани толибон Президенти кишвари Афғонистон Ҳамид Карзай ин бонуи шуҷоъро ба вазифаи муовини директор оид ба кор бо занони Артиши миллии Афғонистон таъйин намуд. Баъдан соли 2006 Ҳотул сарварии ин сохторро ба уҳда гирифта, якбора бо рутбаи генералӣ сарфароз шуд.

 Замони адои хизмат дар Артиши миллии Афғонистон се маротиба сӯиқасд ба ҷони ин бонуи нотарсу далери афғон намудаанд.

     Аз соли 1984 то 2006 Ҳотул 572 маротиба амалиёти ҷаҳиданро бо парашют аз дастгоҳҳои гуногуни парвозкунанда анҷом додааст.

      Ҳотул Муҳаммадзой тӯли фаъолияти 30 солааш дар маснади ҳарбӣ сазовори 35 медалу ифтихорномаҳои ҳукуматӣ гардидааст.

Аноҳито

:.  Аз ҳар боб 15.06.2021 05:43 665

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz