Аз Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 71 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, осори даҳшатбори он ҷанги хонумонсӯз дар қалби мардум то ҳол боқӣ мондааст. Дар ин ҷанг ҳазорҳо нафар аз тоҷикон иштирок карда, қисми зиёдашон ҷон нисор карданд. Дар баробари мардҳо занони тоҷик низ дар ҷабҳа бар зидди фашистони истилогар размиданд.
Ғаюр
Ойгул Муҳаммадҷонова, аввалин зани ҷанговар, аввалин лётчикдухтари тоҷик дар ин ҷанг иштирок карда, баҳри мудофиаи Ватан сина сипар намуд. Мавсуф соли 1919 дар деҳаи Шинги ноҳияи Панҷакент таваллуд шудааст. Духтари ҷингиламӯйи сабзина, чашму абрӯвони сиёҳ ва қомати баланд дошт. Дар хурдӣ аз падару модар ятим монда, дар мактаб – интернат, дар тарбияи давлат ба воя расидааст.
Ойгул аз наврасӣ духтари ҷасуру нотарс буд. Хислатҳои мардонаи ӯро ба назар гирифта, ба шаҳри Пензаи Федератсияи Русия фиристодандаш. Пас аз хатми мактаби ҳавонавардӣ ба Ватан баргашт. Бо маҳорати бузург ҳамаро қоил ва Тоҷикистонро дар миёни давлатҳои дигар муаррифӣ намуд.
Капитан Муҳаммадҷонова
Бо саршавии он ҷанг аз хурд то бузург, сокинони давлати абарқудрати Шӯравӣ бар зидди фашистони истилогар бархостанд. Ойгул Муҳаммадҷонова ба сафи диловарон пайваст. Солҳои 1941 – 1945 бар зидди душманони ғаддор мубориза бурд. Дар ин муддат ба муқобили адӯ 90 парвози ҷангӣ кардааст.
Соли 1943 Ойгул Муҳамммадҷонова дар Фронти ғарбӣ хизмат менамуд. Командири ҳавопаймо ба ҳалокат расид ва ғаюриву шуҷоати Ойгулро ба назар гирифта, ӯро командир таъйин намуданд. “Рафиқ капитан, - ба командири эскадрилия супориш дод командири полк,- старшина Муҳаммадҷоноваро ба ҷойи лейтенанти ҳалокгардида Петров тайъин кунед”,- омадааст, дар яке аз сарчашмаҳо.
Соли 1943. Ойгул дар набарди навбатӣ ба қиркунандаҳои душман дар разм шуд. Ҳамин хел ӯ дар корзор бедарак гашт. Аз тақдири ӯ ва тайёрааш, то ҳол маълумоте нест.
Пайвандони Ойгул
Робия Ҳакимова - модари Ойгул соҳиби 5 фарзанд будааст. Ду додари Ойгул Тӯтамишу Ормон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок шудаанд. Аммаи ӯ Гулҷон Юсуфова 92-сола аст. Ҳамчунин, Бӯрибой Пӯлодов, Раҷаббой Раҳимов, Бибираҳима Пӯлодова, Гулҷаҳон Бобоева, Мусаммоҳ Азизова, Раҳмонқул Шарифов, Ёсуман, Марҳабо Фахриеваҳо пайвандони ӯ буда, дар шаҳри Панҷакент умр ба сар мебаранд.
Қаҳрамонии Ойгул
Матонату шуҷоати Ойгул дар корзор бо ордени Ленин қадр гаштааст. Дар бораи шуҷоати вай дар рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» 23 октябри соли 1943 мақолае рӯйи чоп омадааст. Ҳамчунин, дар васфи ӯ шоирон Розия Озод ва Мирсаид Миршакар шеърҳо навишта, қаҳрамонии ӯро ба қалам додаанд.
Дар фурудгоҳи шаҳри Панҷакент ба хотири Ойгул Муҳаммадҷонова муҷассамае бо номи Лочиндухтари тоҷик ва дар деҳаи Шинг нимпайкарааш қомат афрохтааст.
Маҳина ДАВЛАТОВА,
рӯзноманигор
P/S
Ба Муқобилова Барно, муаллимаи мактаби рақами 11-и деҳаи Шинг ва Суннатулло Давлатов, сокини шаҳраки Суғдиёни шаҳри Панҷакент барои кумак кардан барои омода намудани матлаб изҳори сипос менамоем.