Ба истиќболи Ља шни 30-солагии Истиќлолияти давлатї дар Бадахшон бо вусъати корњои ободонї кабудизоркунию гулшинонии бесобиќа ављ мегиранд. Меъмории сабзро дар шањру ноњияњо муовини сардори раёсати њифзи муњити зисти ВМКБ Сафина Шабдолова роњбарї мекунад.
Мардуми тољик таърихан фарњанги баланди экологї дошта, чунин муносибат ба муњити зист дар анъана ва боварњои мардумї ифода ёфтааст. Ба ифтихори Наврўз хона ва њавлиро пок ва тамиз мекарданду оини тозагї дар давоми сол аз љониби ањли хонавода пос дошта мешуд.Тибќи анъанаи сайри боѓ дар арафаи ин ид сокинон аз боѓу роѓашон хабар мегирифтанд, шохчањои хушкшударо мебуриданд, бехи дарахтонро нарм мекарданд, пору меандохтанд.
Об аз мављудоти муќаддас шумурда мешуд ва партофтани хасу хошок ба обу ифлос намудани он убол ва гуноњ дониста мешуд. Чун ба маќсади шикастани ташнагї косаи оби тоза ба даст мегирифтанд, бо вирди шукргузорї аз ин неъмати бузурги худовандї онро менўшиданд. Њар кас шинондани нињолу сабз намудани гирду атрофро барояшон фарзу фахр медонистанду ба дарахтону сабзазори гирду атроф хеле боэњтиёт муносибат мекарданд, аз буридани шохаи сабзи дарахту поймол намудани сабзазор худдорї меварзиданд. Љўйбору нањрњоро ба тарзи њашари умумї тоза менамуданду мироб интихоб мекарданд ва бонавбат боѓу заминњояшонро об мемонданд ва чунин анъанањо то ба имрўз идома доранд.
Дар даврае, ки Сафина дар мактаб тањсил мекард, шањр аз бисёр љињат њанўз ба дењаи калон шабоњат дошту анъанањои мардумї дар њар хонадон сахт риоят мешуданд. Муносибати ѓамхоронаи волидон ба њавлї ва кўча, мењру муњаббаташон ба парвариши гулу гиёњ ва дарахтони замини наздињавлигї барои фарзандон мактаби маърифати экологї буду шавќи рустанипарвариро дар дилашон бармеангехтанд. Ваќте ў мактаби миёнаро хатм намуд, њуљљатњояшро ба Донишгоњи аграрии Тољикистон супурда, онро бо ихтисоси агроном хатм намуд.
Фаъолияти мењнатиаш аз зерсохтори раёсати кишоварзии вилоят шурўъ гардид. Пас аз чанде мутахассиси љавонро ба кор дар шуъбаи умумии дастгоњи раиси шањр даъват намуданд. Ин даврае буд, ки ањолии шањр якчанд маротиба афзуда буду душворињои иљтимою иќтисодї ба фарњанги шањрдорї ва муносибат ба муњити зист бетаъсир намонданд. Дар љо - љойи шањр тўдањои ахлот ба назар мерасиданд, дар баъзе кўчањо сагњои дайду ва њайвонњои хонагиро дидан мумкин буд. Аз боиси камбуди барќ њодисањои худсарона буридани дарахтон вуљуд доштанд. Њукумат ба маќсади эњёи фарњанги шањрдорї ва боло бурдани маърифати экологї озмунњо, амсоли кўчаи бењтарин, њавлии бењтарин ва гулкори бењтаринро ба роњ монд.Чанд сол пайи њам њайати њакамон дар ќатори гулкорони бењтарини шањр Сафинаро ном бурданд. Ў на фаќат хона ва њавлї, балки њуљраи кориашро ба гулзор табдил дода буду дар оростањояш малакаи бонуи соњибзавќ ва чирадаст аз худ дарак медод.
- Ба касбатон шавќи зиёд доред, шуъба низ пешќадам аст, дар парвариши гулу дарахтони замини наздињавлигї ва кўчаатон зањмати шоиста ба харљ додаеду бо сокинон муносибати хуб доред ва тасмим гирифтем, ки роњбарии њифзи муњити зистро ба шумо бовар кунем, - изњор дошт дар як љаласа шањрдор.
Дар вазифаи нав С. Шабдолова ёздањ сол кор карда, худро чун роњбари кордон, ташкилотчї, ѓамхор ва дилсўз нисбати мушкилоти экологии шањру сокинони он нишон дод. Дар давраи роњбариаш барои боло бардоштани маърифати экологї, эњё ва тањкими анъанањои фарњангии муњитзистї корњои зиёд сомон бахшид. Гулкорї хусусияти оммавї гирифта, хонањо, идораву муассиса ва нуќтањои тиљоратї барои ободу зебо ва гулзор намудани гирду атрофи коргоњ бо њам сабќат меварзиданд. Акнун гулпарварї барои њар сокини шањр ба шуѓли муќаррарии зебопарастї табдил гардидааст.
Ќатори дарахтони сафедор, ки 40 - 50 сол ќабл шинонда шуда буданд, як намои њусни шањр мањсуб мешуданд, вале бинобар куњансолу пўсида гардидан дар сурати шамоли сахту афтидан ба манбаи хатар барои сокинон ва иншоот табдил ёфта буданд. Дарахтони азимљуссаи сафедор бо низом бо арчањои сабзи намуди гуногунашон иваз гардиданду шањри ободу зебои ѓарќи гулу сабза ва арча ба манзари тамошои зеботар барои бинандагон табдил ёфт. Акнун сокинон барои њар дарахти сабзнамуда љавобгарї ва масъулият эњсос мекунанд.
Мушкилоти партовпартої низ њалли худро ёфт. Сокинони мањаллањои шањр бо маќсади тозаву озода нигоњ доштани мањаллаашон бо муассисаи хољагиву манзилї фаъолона њамкорї менамоянд. Дар љойњои партовпарто дар мањаллањо сокинон навбатдорї мекунанду тарзи љамъшавї ва интиќоли сариваќтии партовро танзим ва назорат мебаранд. Дар чанд љойи шањр ќуттињои ахлотпарто гузошта шуда, дар њамкорї бо ташкилотњои мададрасони байналмилалї ќарор аст, ки ба тамоми кўчањои шањр чунин ќуттињо гузошта мешаванд.
Бо ташаббуси Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон шањрдорї бо техникаи замонавї муљањњаз гардид. Кунун муассисаи хољагиву манзилї ба тозагиву озодагї ва бењтар шудани фазои экологии шањр кўшиш менамоянд. Маќомоти шањрдорї дар њамкории фаъол бо сокинон муваффаќ шуданд, ки Хоруѓро ба шањри зебо ва сабзу гулпўши кишвар табдил дињанд.
Соли панљум аст, ки Сафиябону дар симати муовини сардори раёсати њифзи муњимти зисти вилоят кор мекунад. Ба гуфтаи ў, парвариши маърифати экологї дар шуури мардум яке аз самтњои муњими фаъолият аст ва тибќи барнома муносибат ба муњити зист њанўз аз кўдакистонњо ва синфњои ибтидої ба кўдакон таълим дода мешавад. Суњбатњо ва корњои маданї - равшаннамоии зиёд самара доданд. Муносибати ањли љомеа ба њифзи муњити зист комилан дигар гашт. Сокинон ба кабудизоркуниву гулшинонї одат кардаанд.
Сокинони мањаллањои шањру ноњияњо рўзњои шанбеи њар њафта ба њашар баромада, дар тозагї ва ободонї сањм мегузоранд. Дар шањр аксияи «Соњили тоза» ба њукми анъана даромада, ќишрњои гуногуни љомеа дар тоза намудани соњили рўдхона аз партовхо ширкат меварзанд. Бахусус, љавонон ва бонувон дар чунин маъракањо пешоњанганд.
Боло рафтани маърифати экологї дар муносибати мардум ба олами вуњуш ва парандагон бармало мушоњида мегардад. Ќариб аз байн рафтани шикори ѓайриќонунї ба афзоиши саршумори гўсфанди нодири Марко Поло, бузи пармашох, мурѓи хилоли тибетї ва дигар намуди парандагони камёфт мусоидат кард. Намудњои нави парандагон њарчи бештар дашту кўњњои сабзу хуррам ва амни Тољикистонро макони мавсимї ва ё доимии зист интихоб мекунанд. Ѓозњои сафеди њиндї акнун бањорон бештар ба Зоркўл меоянду дар ин љо бењарос тухм мегузоранд. Сохторњои њифзи муњити зист бо сокинони мањал ва марзбонон дар мавзўъњои экологї суњбатњо доир менамоянд, ки ба таѓъйир ёфтани муносибаташон ба муњити зист сабаб шуданд.
Бар асари боришоти зиёди барф дар охири зимистон одатан теъдоде аз њайвоноту парандагон маљбур мешаванд, ки ба мањалњои ањолинишин фароянд. Аксияи «Ба кабк нарасед, кабк њусни кўњистон аст» ба њифозати ин намуди паранда нигаронда шуда, самара овард. Масалан, сокини олињиммати ноњияи Роштќалъа 12 кабкро аз чанголи гуруснагї ва зери барфу тарма мондан наљот дода, як моњ дар хона парвариш намуд ва бо мусоид шудани боду њаво њамаашонро аз нав ба пушта сар дод.
Фаќат аз оѓози сол дар шањру ноњияњои вилоят наздик ба 380 њазор бех нињолњои ороишї, сояафкан ва мевадор шинонда шудаанд. Кабудизоркунї ва гулшинонї дар Хоруѓ, ноњияњои Дарвоз ва Шуѓнон њусни зеботаре бахшида, дар ноњияњои Ванљу Ишкошим бунёди боѓњои нав вусъати тоза ёфтааст.
Дар доираи меъмории сабз дар маркази вилоят дар 6,5 њазор ва дар ноњияњои вилоят дар майдони 35 њазор метри мураббаъ намудњои гуногуни гулњои мавсимї ва бисёрсола шинонда шуданд.
- Муносибат ба муњити зист як љузъи фарњанг асту боиси хушнудист, ки мардуми сарбаланди Тољикистон ба ќадри табиати зебои кишварамон мерасанд ва дар њифзи он масъулияти бузург эњсос менамоянд. Дар ќатори мамлакатњои љолиб барои саёњат ва љањонгардї эътироф шудани кишвари азизамон баёнгари рўзгори амну осоишта, сарватњои саршори табиї ва фарњанги баланди экологї доштани сокинон аст, - баён медорад Сафина Шабдолова.
М. ШОЊЉАМОЛ,
шањри Хоруѓ