Даврони соҳибистиқлолии кишвар ба шарофати ғамхорӣ ва дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарони зиёде соҳибмаълумот ва соҳибкасбу соҳибмансаб гаштаанд. Кадом соҳоти ҷ амъияти кунуниро бе зан, бонуи соҳибкасб, фаъол ва маъруфу маҳбуб метавон тасаввур кард? Дар ҳама ҷ абҳа бонувон баробар бо мардон кору пайкор доранд.
Бо ҳама иқтидор, шукӯҳу шаҳомати давлати абарқудрати Шӯравӣ, озодӣ, баробарии зану мард чил – панҷ оҳ сол қабл, дар вазифаҳои роҳбарикунанда аз мардумони кӯҳистони баланди баланд ками дар кам занонро медидед, ки ба мартабаҳои баланд расида бошанд. Ба вижа, солҳои 30 – 50 – уми асри сипаришуда.
Аз замоне, ки худро ёд дорам, аз зумраи хешовандон, аз хонаводаи наздикон танҳо як бонуро медонистам, ки аз 17 – 18 – солагӣ, ба ҳайси корманди хонаи бачагони собиқ ноҳияи Кангурт ба фаъолият пардохтааст. Аҳли авлод ин бонуи хушқаду баст ва босалобатро хола ё янга ном мегирифтанд.
Соҳибмансабро ному насаб Эркамоҳ Ҷ ӯраева аст. Он бонуи нурбор ва нозофарин дар деҳаи Чашмаи Чӯҷ аҳои тумани (баъд ноҳия) Кангурт, дар хонаводаи муллои деҳ, бобои Ҷ ӯра таваллуд шудааст. Бо амри тақдир ин ҷ ониб низ зодаи ин деҳаи як замон ободони кӯҳистонам.
Солҳои 60 – 70 – уми асри ХХ як пораи авлоди азими кангуртиҳо сокини деҳаи Алиҷ они ноҳияи Данғара гашта буданд. Ҳар бори ба хабаргирии хоҳар омадани холаи Эркамоҳ аз ноҳияи Восеъ дар хонадони Ҳайдарбойиён нур меборид. Ба қавли тағоии Алихон бо падид омаданаш Эркамоҳ ба деҳаи Алиҷ он нур меафканд, хушиву хуррамӣ меовард. Ва бесабаб ҳам, бобои Ҷ ӯра ҷ игарбандашро Эркамоҳ ном намондааст. Духтари нурбор, нозофарини падар қобилу кордон ба камол расид.
Пайвандону наздикони хоҳари холаи Эркамоҳ – ҳамсари тағоии Ҷ ӯрахон янгаи Парчамоҳ бо аҳли авлод дар гирди нозофарин парвона мегаштанд. Пас аз шом бародарон бо фарзандон дар хонаи Ҷ ӯрахони Бӯрихон, гирди меҳмони деринтизор – холаи Эркамоҳ давра мезаданд. Бародарон Алихону Ҷ ӯрахон, Шераливу Мустафоқул, ҷ иянҳои хола Файзуллову Нуралӣ, Шодмону Нурулло, Сулаймону Умархон ва дигарон мафтуни суҳбатҳои дилнишин мегаштанд. Болои боми якқабатаи соҳибхона, ки аз 40 метр зиёд дарозӣ дошт, дар гӯшаи ҷ удогона занону духтарон, гӯшаи дигар мардон гирди хони пурнозу неъмат хушнудӣ мекарданд. Ва аз суҳбати меҳмони деринтизор серӣ надоштанд.
Садои дилхурӯши думбра, ханҷ араи ворисони Карими Шиши Кангуртӣ, шӯхиву ҳазл ва қиссагӯиҳо то як поси шаб идома меёфтанд. Навову овои дилнишин аз хонаи марзи деҳ, подомани кӯҳи Кабуд шабонгаҳ ба дуриҳои дур танин меандохт:
Аз ҷавонон ба ҷ аҳон номи наку мемонад,
Фасли гул мегузарад, лаззати бӯ мемонад.
Ин ҷ аҳон косаи даврест ба номи ҳама кас,
Ҳама чиз мегузарад, дидаву рӯ мемонад.
Аҳли хонадон аз доштани чунин хеши қарин, бонуи нурофарин меболиданду мефахриданд. Рӯзи дигар холаи раисаи мо савори мошини ГАЗ – 469 – и сабзранг пас мегашт. Зеро ӯро кори масъули давлатӣ интизор буд. Бонуи нурбор бо либоси шинами расмии вазифавӣ аҷ аб хушрӯ буду босалобат ва шаҳомате дошт.
Ба андешаи ин ҷ ониб, он овон Эркамоҳ Ҷ ӯраева яке аз шинохтатарин бонувони собиқ вилояти Кӯлоб маҳсуб меёфт.
Шояд донистаниед, ки ин бону аз куҷ о, ба чи таърих ва чи сон ба пирӯзӣ расида? Мегӯем, бонуи номвар Эркамоҳ Ҷ ӯраева 99 сол қабл, возеҳтараш 10 феврали соли 1922 дар собиқ ноҳияи Кангурт ба дунё омадааст.
Духтари нозпарварди падар аз хурдсолӣ бо ақлу дониш ва қобилияти баланд аз дигар ҳамсолонаш фарқ мекард. Дар мактаб хонандаи пешсаф ва фаъол буд. Пас аз хатми мактаб гомҳои нахустинашро ба сифати мураббии хонаи бачагони ноҳияи Кангурт оғоз бахшид. Баъдан дар вазифаҳои мудири шуъбаи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС), котиби колхози «Интернатсионали III», корманди нозироти омор, мудири шуъбаи тарғиботу ташвиқот, мудири шуъбаи занони кумитаи ҳизбӣ, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Кангурт заҳмат ба бар дошт (1939 – 1953).
Бо барҳам хӯрдани ноҳияи Кангурт Эркамоҳ Ҷ ӯраеваро мудири шуъбаи занони кумитаи ҳизбии ноҳияи Ховалинг таъйин намуданд. Пас, дар вазифаҳои инструктори ҳизбии ноҳияи Арал (ҳозира Восеъ), муовини директори омӯзишгоҳи касбӣ – техникии №16 (1953 – 1957), директор (1966 -1987), агрономи соҳавии идораи пиллаи ноҳияи Восеъ (аз соли 1987) адои вазифа кард.
Эркамоҳ Ҷ ӯраева борҳо вакили шӯроҳои маҳаллии деҳот, шаҳрак ва ноҳия интихоб гардида, солҳои 1962 – 1974 машваратчии Суди Олии Ҷ ШС Тоҷ икистон буд.
Бонуи нозофарин, ходими ҷ амъиятӣ, агрономи муваффақ Эркамоҳ Ҷ ӯраева 6 июни соли 2002, дар синни 80 дунёи фониро падруд гуфт. Аз қаҳрамонмодар фарзандон, набераву абераҳо ба ёдгор монда.
Хизматҳои арзандаи бонуи заҳматӣ бо орденҳои «Нишони Фахрӣ» (1979), «Шараф» (1998), медалҳои «Барои меҳнати шоён дар давраи Ҷ анги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945» (1974), «30 – солагии Ғалаба дар Ҷ БВ» (1975), «40 – солагии Ғалаба дар Ҷ БВ» (1985), «50 – солагии Ғалаба дар Ҷ БВ» (1995), «Собиқадори меҳнат» (1979) ва медали тиллои «Барои мустаҳкамкунии сулҳ» (1992) қадр шудаанд.
Умари ШЕРХОН