Буд ё набуд?
Буд.
Афсона набуд, ҳақиқат буд, адолат набуд, адоват буд, шафоат набуд, ҷаҳолат буд, муҳаббат набуд, разолат буд, даҳшат буд…
Он замон хуни бегуноҳон мерехт, танку тӯп хок мебехт. Чанголи яъсу ноумедӣ каштали одамонро сар намедод. Аз дуди сиёҳи ҷанг рӯз чун шаби тор сиёҳ менамуд. Хуршед дигар чашми ошноӣ надошт, заррае рӯшанӣ надошт. Хонаҳо валангору бомҳо фурӯ рафта, дару тирезаҳо шикаста. Рӯйи фарши хонаи вайронаву бесоҳиб гаҳвораи шикаста ҳузнангез менамуд. Соати девории зангхӯрда аз кор монда, бари девор яклаба овезон, гӯйи вақтро дар худ фурӯ бурда. Чашмакҳои тирезаҳои хонаҳо торику зулмонӣ, чароғи дудаолуда сияҳсӯзу чароғдор сияҳрӯз. Ҳаво кӯрдуду чанголуд. Замини азодор нафаси бадард мекашид. Аз ҳар гӯша ба гӯш садои тир мерасид. Галаи мурдор домани ёлаҳо сабзаи тар мечарид, Тани тирхӯрдаи токро барги ток бо вазидани бод мелесиду захмашро шифо мебахшид, ҳама ҷо кӯракистон…
Чанд баҳор аст, ки гулҳо намешукуфанд, сабзаҳо намесабзанд, мазраҳо хушку беоб, ҷони мардум дар азоб, дидаҳо пуроб, на садои чанг асту на рубоб. Ҳама ҷо бӯйи марг мекард. Касе ба касе на раҳм дошту на шафқат, ҷаҳл буду ҷаҳолат…
Шаб чун пири хастаҳол домани ҷелаки сиёҳашро оҳиста - оҳиста, шалпару беҳавсала аз рӯйи осмони рангпарида меғундошт.
Мардум саргуму раҳгум, гушнаву бенаво ва бехонаю ҷо.
Ин фоҷиаи даҳшатбор халқро ба даҳшат мекашид. Ҳар лаҳза ҷавоне аз тири силоҳбадасти гумроҳе шаҳди шаҳодат мечашид.
Пур аз шӯру ғавғо, пур аз фитнаву иғво, моҷаросаро гашта буд ин макон. Мардум бе пушту паноҳ чун хаси сари роҳ на қадр дошту на қимат, на зӯр дошту на ҳиммат. Ҳазор дасти тамаъ кушодаву як дасти сахо набуд. Ин суоли рӯзгори ғаминро ҷуз оҳ дигар ҷавоб набуд. Сари ҳар қадам хатар буду ҳазар, ҳазар аз бародар, ҳазар аз падар, ҳазар аз ханҷар.
Бовар ба рӯзи умед намонда буд. Осмон дар азои замин аз пағаҳои абри сияҳ ҷомаи мотам ба бар дошт. Шир дар синаи модарон хушкида, бе хонаву дар, кӯдаки ширхора дар бағал, миёни ин шӯру мағал роҳи наҷот, имдод меҷуст. Ҳама ошуфтахотир сари чорроҳаи тақдир, гурезону тарсон аз садои тир.
Бод бо нолаи ғамолуд сари турбати шаҳидшаҳбачаҳои ормонӣ навҳаи азо мекашид. Мурдаҳои бекафанро ба дарё меафканданд. Хунталаб гашта буд дарё. Наварӯсони бевамонда пажмурдарӯву дилсард, дар ниҳодашон ҳасрату дард, дар лабонашон ханда гирён, навҳаи талху ҷонсӯз аз ҷигари лахт – лахтгашта мекашиданд.
Камондорон кӯр буданду чашми мили камонашон бино. «Кӯр – кӯри ҳавасӣ, касеро дидӣ бирасӣ» гуфта ба чор тараф борони тир мерехтанд. Мардуми аз тарси камон, ҷон сари мӯе ларзон, дар чорроҳаи тақдир ҳайрон, ку тақдирҷунбоне.
Марде сари тобути яккафарзандаш:
- Сари бесоҳибам, давлати аз даст рафтаам,-- мегуфту сар ба пояи тобути фарзанди ҷавонмаргаш мекӯфт, ҷангҷӯро лаънат мегуфт. Бӯйи ҷигари сӯхта мекард оҳаш. Магар синаи раҳми модари даҳр санг гашта буд, ки на раҳм ба фарзанд дошту на ба пайванд.
Мард муҳтоҷи номард гашта буд. Марде сарсону парешон аз барои як бурда нон худро ба сад дар мезад, кӯдакаш рӯйи дастонаш ҷон медод. Субҳ рӯй ба хуни ҷавонмаргон мешӯяд, дар боғ ҷои гул хор мерӯяд. Дар ин боғи пур аз доғ гулҳо нашкуфта фано мегарданд. Модаре афгору зардов, рӯканону мӯканон, лаънат мехонад ба камонсозу камондору камон, ғиреву нолаи талхаш мешикофт синаи ҳафт осмон:
- Эй камондорони девсиришти бенур, рӯйи хунукатон дар гӯр, -- мегуфту рӯй бо ашки шашқатори дида мешуст.
Модар имсол ҷойи куртаи арӯсӣ кафан медӯхт…
- Мардуми раҳгумзадаро раҳнамое набуд. Ва, инак, «раҳми Парвардигори мо омад»*. Дар осмони тираи Ватан нуре рахшид, садои пойи хушқадаме ба гӯш расид, хушхабаре пайғоми наҷот бар лаб, дилаш чун чароғи раҳнамо рӯи каф фурӯзон, нур дар ҷабин, бо гомҳои устувор омад як шаҳсавор. ҷавонпаҳлавоне бо ҷасорату матонат ва ғурури тоҷикона. Бори қисмати талхи Ватану миллатро бар дӯш гирифт.
Борҳо қасд бар ҷонаш карданд, аммо ӯ ҷони ҷавонашро дар хатар гузошту аз роҳаш пас нагашт. Бо азми қавӣ, ғайрати ҷавонмардонаву ҷасуронааш миллатро аз вартаи нобудӣ раҳонд.
Тоҷикистонро аз коми аждаҳои аҳриманӣ берун кашид. Кинаҳо аз синаҳо дур андохт. Дар дили сияҳдилон тухми муҳаббат ва садоқат кошт. Тоҷикистони сияҳпӯшро гулпӯш кард. Дасти рӯи синааш, дили беғашу бекинааш ба дили мардуми ноумедгашта умед бахшид. Панҷаи меҳру шафқаташ сари ятимонро сила намуд. «Шумо бепадар нестед! Ман падари шумоям!»,- гуфт.
Бо шунидани ин суханон чеҳраи ғамолудаи ятимон шукуфт, дар лабонашон табассум гул кард. Бо калиди нохун дари сангини кӯҳ шикофту роҳ кушод, роҳ ба паҳнои ҷаҳон. Кунун Парчами давлатии Тоҷикистон дар баландии баланди беҳамто ҷилва дорад бари Каҳкашон. Моро ин марди шариф ҳадияи Кирдгор аст, Тоҷикистону тоҷиконро мояи ифтихор аст.
Раҳматуллоҳи РАҲМОН