Аҳли оила чун ҳарсола бо баромадан ба таътил ба зодгоҳи волидон, деҳаи хушманзари Некноти ноҳияи Панҷакент раҳсипор гаштанд.
Шодию нишоти кӯдаконро ҳад надошт. Беш аз ҳама Мижгонаи хурдсол хурсандӣ мекард. Бобову модаркалон, ҳавои салқину серуни деҳ, гулу гиёҳҳои шифобахши онро пазмон шуда буд. Хӯроки бо гиёҳҳо тайёрнамудаи модаркалон, таъму мазаи махсусу лазизе дошт. Бахусус ширчое, ки аз шири навдӯшидашуда бо илова кардани чаҳормағз, шохчаҳои биҳӣ, барги зуф, пудина, райҳон, ширинбия ва гиёҳҳои дигар омода мегардад, ба тану ҷони кас роҳат мебахшид.
Тарзи зиндагӣ, урфу одати мардуми деҳ аз шаҳриён ба куллӣ фарқ дорад. Дар деҳ, агар касе бемор шавад, ӯро бо чойу ғизои аз гиёҳҳо омодашуда муолиҷа мекунанд. «Барои чӣ инҷо одамон аз гиёҳҳо зиёд истифода мебаранд?» ба Мижгона ҷолиб буд…
Мутолиаи асари «Ал-қонун-фит-тиб»- и мутафаккири бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино баҳри Мижгона Шарофова ҷаҳонеро боз намуд. Нақши муфиди гиёҳу рустаниҳоро дар ҳаёту саломатии одамон дарёфт.
Духтараки донову закӣ мактаби миёнаро бо баҳои аъло поён бурд ва ҳуҷҷатҳояшро барои идомаи таҳсил ба факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино супурд. Бо баробари фаъолона дар дарсҳову корҳои ҷамъиятии донишгоҳ ширкат варзидан, солҳои донишҷӯӣ, ҳамзамон, ба ҳайси ҳамшираи шафқат дар Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 таҷриба андӯхт.
Пас аз хатми донишгоҳ 10 сол он ҷо баҳри донишҷӯён аз фанҳои фармакотерапия ва фармакологияи клиникавӣ сабақ омӯхт. Саҳми Мижгонабону дар тарҷумаи терминологияи муосири фармакологӣ аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ назаррас аст.
Мижгона Шарофова соли 2007 рисолаи илмии худро дар мавзӯи «Хусусиятҳои таъсиркунандаи омехтаи «фитобет» ба баъзе протсессҳои физиологӣ ва метаболикии организм» дифоъ намуд ва унвони номзади илмҳои тибро сазовор гардид. Ӯ мутахассиси ботаҷриба доир ба фармакологияи назариявӣ ва таҷрибавӣ, инчунин фитохимия ва гиёҳпизишкист.
- Табобат ба воситаи гиёҳҳо дар тиб ин як самти илм аст. Ҳама гиёҳҳоро барои табобат бе маслиҳати духтур истифода бурдан мумкин нест. Ҳатто ҳангоми гиёҳҳоро ҳамчун ғизо истеъмол кардан, танҳо бо меъёри муайян истифода бояд кард. То ба организм таъсири манфӣ нарасонад. Аммо чун одам ва гиёҳу минералҳо як қисми табиат маҳсуб шуда, ҳастиҳо ба ҳам наздиканд, ҳангоми истифодаи гиёҳдоруҳо нисбат ба доруҳои кимиёвиву синтетикӣ таъсири бад камтар дида мешавад, - иброз дошт ӯ.
Муҳимтарин дастовардҳои илмии Мижгонабону дар такя ба омӯзиши асарҳои ҳаким Абуалӣ ибни Сино дар рисолаи доктории ӯ «Омӯзиши таҷрибавии рустаниҳои шифобахш, ки дар системаи тиббии Авитсенна истифода мешаванд барои диабети қанд» инъикос ёфтаанд.
- Яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз одамонро бештар азият медиҳад, ин бемории диабет (дулоб) - и қанд мебошад. Дар асоси системаи тиббии Сино гиёҳдоруи зиддидиабети «Новобет»-ро омода сохтем, ки барои муолиҷаи бемории диабет хеле муфид аст. Ҳама даврҳои то клиникиаш санҷида шуд. Дар ҳамкорӣ бо профессор Юсуф Нуралиев, доктор Содиқ Нӯъмонов, бо дастгирии олимону устодон, аз Фаронса профессор Масъуди Миршоҳӣ, аз Чин профессорон Ҳоҷиакбар Айса, Ҳабаси Майдина, аз Амрико профессорони Донишгоҳи Ратгерс Иля Раскин ва Вячеслав Душенков таҳқиқот бурдем, – мегӯяд муаллима.
Дар омода намудани гиёҳдоруи «Новобет» асосан се намуд гиёҳ: ширинбия, анҷабири теппагӣ ва татум истифода шуданд. Мутахассисон пеш аз истифода намудани ин гиёҳҳо, рустаниҳои зиёд, таркиби кимиёвӣ ва таъсири онро ба организм дар лабораторияҳои Тоҷикистон ва Чину Фаронса аз назар гузаронданд.
Ҳангоми таҳқиқотҳои илмӣ бону Мижгона омилҳи зиёди гирифтор шудан ба бемории дулоб (диабет) - ро дарёфт, ки инҳо стресси зиёд, ҳаракати кам ва истеъмоли нодурусти ғизо мебошанд. Ба андешаи ӯ истеъмоли нодурусти ғизо ба вайроншавии мубодилаи моддаҳо дар организм оварда мерасонад. Ин раванд, ба ғайр аз диабет, инчунин сабаби ангезиши бемориҳои дигар, аз қабили саратон, қалб, гурда, фарбеҳӣ ва фалаҷ низ мешавад. Ӯ меафзояд: «Одамон ғизои равғанӣ, хамирӣ, нӯшокиҳои газноку зараррасонро аз меъёр зиёд истеъмол мекунанд. Аммо имрӯз ба беморон истеъмоли меваву сабзавотҳоро низ тавсия дода наметавонем. Чун онҳо низ бо намаку моддаҳои кимиёвии зиёд парвариш мешаванд. Ҳатто тарбузу харбузаҳо аз офтоб баҳраманд шуда, бо роҳи табиӣ намепазанд. Ҳамаи ин, албатта, ба организм бетаъсир нахоҳад монд ва ба ҷои нафъ зиён хоҳад овард.»
Мижгонабону ҳамчун фитотерапевт ва фармаколог оид ба сабабҳои пайдоиш, тарзи парҳез, муолиҷа ва пешгирии касалии диабет (дӯлоб) хизмати зиёд ба харҷ додааст. Ӯ тавонист дар такя ба пояи молекулавии гиёҳҳо ва намудҳои мизоҷ нақши зиёди микроэлементҳоро дар буния нишон диҳад. Ин навгонии фитотерапеяро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷаҳон собит сохт.
Оид ба таҳқиқоти илмӣ мавсуф зиёда аз 100 мақола, 2 дастур ва 7 китоб таҳия сохта, инчунин дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ матолиб нашр кардааст. Вай дар давлатҳои Амрикову Россия, Чину Корея, Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон дастовардҳои илми тибби тоҷикро муаррифӣ намудааст.
Дар конфронсҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ ширкат варзида дар мавзӯъҳои ба гиёҳдармонӣ ва рустаниҳои шифобахш иртиботдошта маърӯза мекунад.
Хизматҳои шоёни Мигона Шарофова бо нишони «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» ва диплому ҷоизаҳо қадр шудаанд. Барои таҳқиқоти назаррас дар самти илм ба ӯ дар Қазоқистон унвони академикро дода, бо нишони илмҳои проскопи «Kurtca Taup» сарфароз намудаанд.
Мижгона Шарофова алҳол ба сифати роҳбари лабораторияи биотехнологии назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти бо гиёҳҳо аз металҳои вазнин тоза кардани табиат корҳои илмӣ бурда истодааст. Расидан ба комёбиҳои назарраси илмиро ӯ, пеш аз ҳама, натиҷаи тарбияи дурусти волидон ва дастгирии эшон мешуморад. Бинобар ин новобаста аз фаъолияти зиёд кӯшиш менамояд, то фарзандони худро чун зодмандон дар рӯҳияи донишандӯзиву илмдӯстӣ тарбия намояд.
Гулноза БОБОМУРОДОВА