МУАРРИФӢ:
Ҷамила Хоҷамуродова дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шуда, соли 1984 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро бо дипломи аъло хатм намудааст. Ихтисосаш духтур - акушер – гинеколог. Оиладор, модари се фарзанд.
Соли 2000 -ум рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Ҳолатҳои системаи репродуктивии занҳо ҳангоми бемориҳои камии йод дар организм» ҳимоя кардааст.
Бо ибтикори Ҷамила Хоҷамуродова соли 2002 дар Тоҷикистон хадамоти нав – Маркази эндокринологияи гинекологӣ бунёд ёфт, ки дар ҷумҳурӣ ягона шуъбаи махсусгардонидашуда барои табобати занон ба шумор меравад.
Дар Олмон ва Австрия курсҳои таҷрибаомӯзиро гузаштааст. Дар давоми таҷрибаомӯзии дусола дар клиникаи акушерӣ – гинекологии шаҳри Ханновери Нордштадт (Олмон, 2004, 2005) ба гирифтани сертификати байналмилалӣ мушарраф гардид.
Соли 2012 дар Муассисаи федералии давлатии буҷетии «Маркази миллии тиббию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии ба номи академик В. И. Кулаков, дар шаҳри Москва рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Консепсияи муосири расондани ёрии тиббӣ ба оилаҳои безуриёт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд», ҳимоя кардааст.
103 пажӯҳиш, аз ҷумла 65 мақола ва 4 китоби дарсӣ ба нашр расондааст. Таҳти роҳбарии Ҷамила Амоновна 3 кори докторӣ ва 6 номзадӣ ҳимоя шудаанд. Аз соли 2017 роҳбари Ҷамъияти акушер – гинекологҳои Тоҷикистон мебошад.
Бо нишони Аълочии тандурустии Тоҷикистон (2011) сарфароз гардидааст.
Забонҳои русӣ, англисӣ ва олмониро медонад.
Шаҳрбону хоб дид. Ин хоб солҳои охир ба такрор меояд. Ин хоб охири талошу ҷаҳд ва рӯшаниву тирагии як рӯзи ҳаёти ӯ шудааст. Ҳар бор чун сар ба болин ниҳод, хоби зебову фараҳбахш боз аён мегардад.
Миёни шаб ду фаришта ӯро мебарад ба осмон ва бо баландтар рафтани худ дар баҳри беканори нилгуни осмон эҳсос мекунад, ки қалбаш боз ва нафас гирифтан барояш сурур мебахшад. Аз ғояти фараҳ чашмонаш нур мепошанд ва сӯйи офтоб бо умед менигарад. Оре, ба сӯйи Хуршед, зеро тифли нозаш бо анвори Хуршед поин меояд. Мегирадаш оғӯш ва мебӯсад аз мӯйи сараш, ки махмалину заррин аст. Мебӯяд ӯро, оҳ, чӣ қадр дӯст дорад бӯйи дилкашу дилбари ин тифли офтобии худро.
Гоҳо метарсад, ки аз ғояти муҳаббати бузургаш тифлро дар оғӯш нафасгир накунад. Як каме раҳояш мекунад ва тифли хобида гӯё эҳсосоти муқаддаси модарро дарк мекарда бошад, ки табассум мекунад. Ин лабханд шояд барои Шаҳрбону азизтарин ҳадияи зиндагист. Лабханди тифлаки офтобиаш он қадр дилфиребу зебост, ки ӯ мехоҳад барои абад онро дар зеҳну қалби худ ҳифз намояд. Аз шодиву сурур боз ҳам тифлаки худро гарм ба оғӯш мегирад.
Дӯст дорад бӯсидани нохунҳои гулобии пойҳои тифлакро. Аҷаб рангу шакле доранд. Гӯё беҳтарин ороишгари дунё соатҳо онҳоро ороишу ранг додааст. Аз бӯсаҳои модар хушаш меояд. Тани нозуки худро ба ҳам мекашад ва боз ҳам ба модар лабханд ҳадия мекунад.
Хоби Шаҳрбону бо ҳама назокату фараҳ як мушкил дошт. Тифли офтобии ӯ чашм боз намекард. Хеле мехост ранги чашмони ӯро бубинад. Ба умқи онҳо бингарад ва косаи аз муҳаббат лабрези чашмони худро дар онҳо холӣ кунад. Аммо…
Бо садои нахустини парандаҳои баҳор аз хоб бедор мешуд. Бо дили пур аз орзу аз ҷо хеста пардаҳои тирезаро канор мезад, то нурҳои заррину гарми офтоб ба ҳуҷраи хоб роҳ ёбанд.
Солҳои қабл бо расидани анвори офтоб ба рӯяш Рустам табассум мекард ва бо садои паст барои Шаҳрбону рӯзи хушу наку таманно менамуд. Дӯст медошт ин бедоршуданҳои ӯро Шаҳрбону! Дӯст медошт зиндагиро ӯ!
Аммо даҳ соли интизорӣ, даҳ соли бефарзандӣ, даҳ соли ғаму ғусса хӯрданҳо аз лабони Рустам табассумро рабуда буд. Дигар бо ворид шудани нури офтоб ба хонаи хоб ӯ табассум намекард, дигар барои ҳамсараш рӯзи хушу наку таманно наменамуд. Дигар вақти субҳона хӯрдан, аз ғизоҳои пухтаи завҷааш таъриф намекард. Баъзан ҳатто субҳона намехӯрд ва бо баҳонаи серкорӣ аз хона берун мерафт. Дигар ин офтоби бахт ба рӯйи Шаҳрбону намехандид.
Дигар ӯ монда буду хоб ва тифлаки офтобии хаёлаш.
Дар ҷойи кор бо дидани ҳамкорон салом медоду лабханд ҳанӯз дар лабонаш буд, вале таъми ин лабханд талх буд. Дар роҳ саломи ҳамсояҳоро бо лабханд алек мегирифт, аммо ин лабханд дард дошт. Дар ҳавлӣ бо падару модари шавҳар суҳбат мекард, аммо дилаш аз ғусса лабрез буд. Ба суолҳои модар гӯё бо шодӣ посух медод, вале дилаш аз дард пур буд. Дари хонаи хобро барои шавҳар мекушод, аммо пинҳонӣ ва хамӯш мегирист…
Дигар ӯ монда буду хоб ва тифлаки офтобии хаёлаш. Ниёиш мекард назди Офаридгор. Фарзанд мехост. Бо ҳама ноумедиҳои шавҳар Шаҳрбону умед дошт. Ҳарчанд аз чашм накушодани тифл дар хоб дилаш таҳ мекашид, боз ҳам лабханди ӯ дар дилаш донаи умед мекошт. Бовар дошт ба сабзидани ин дона ва интизорӣ мекашид…Меваи сабр ширин аст мегӯянд дар урфият.
Рӯзе Шаҳрбону аз занги ногаҳонии телефон як қад парид. Бо изтироб гӯширо бардошт. Дугонааш Таҳмина бо шавқу шӯр ба ӯ дар бораи дастони сеҳрофари пизишке нақл мекарду аз чашмони ин бонуи чашмбароҳ беихтиёр ашк мерехт. Ашки шодиву умед…
Рӯзи дигар Шаҳрбону офтоббаро ба назди Ҷамила Хоҷамуродова рафт. Бо ҳазор умеду бовар, бо эътиқоду эътимод. Вақте дохили ҳуҷраи кории пизишк шуду ба чашмони ӯ нигарист, худро лаҳзае гум кард. Барои чанд сония ба назараш чунин намуд, ки гӯё яке аз фариштагони хобҳояшро мебинад. Шабоҳату монандие доштанд ба ҳам. Фикр кард рӯъё аст. Баъд аз чанд лаҳза худро ба даст гирифту салом дод.
Маъмулан то кӯдак таваллуд нашавад, номаш намедиҳанд. Аммо Шаҳрбону ҳанӯз аз моҳи аввали дар қадаш пайдо шудани тифл ба ӯ ном ниҳод. Албатта, онро миёни мардум намегуфт. Танҳо дар ҳолати танҳоӣ тифлаки офтобиашро ном мегирифт ва бо ӯ ҳарф мезад. «Митраи (Меҳр, Офтоб) ширину азизам», - мегуфту бо даст ӯро навозиш мекард ва ба сурати духтури муъҷизакораш – Ҷамила Хоҷамуродова бо муҳаббату садоқат менигарист.
Чашми Шаҳрбону рӯшан шуд. Вақте Ҷамила Амоновна тифлакро ба дасташ дод, аввалин коре, ки кард, ба чашмонаш нигарист. Чашмони зебои обӣ. Ин лаҳза ормонҳои даҳсолааш шикаст. Чашмонашро дид. Тифлаки офтобии обичашми қашангу кӯчакаш беист мегирист. Тифл гиря мекарду модар ханда, ҳамзамон аз чашмони ӯ ашки шодӣ мерехт. Баробари Шаҳрбону пизишку хоҳарони шафқату момодоя низ ашки шодӣ мерехтанд. Охир, як модари дигар ҳам хушбахт шуд, як оилаи дигар побарҷо монд, як дили дигар нашикаст. Ин духтари офтобӣ бо хандаҳои беғашу дилкашаш аҳли хонавода, гирифта аз падару модар бо бобоҳову бибиҳо, аммаҳову холаҳо, амаку тағоҳо ва боз пайвандони зиёдеро хушбахт хоҳад кард. Онҳо мунтазири аз хоб бедор шуданаш хоҳанд шуд, то аз пешониву мӯйи сари парешонаш бибӯсанду бибӯянд, интизорӣ мекашанд, ки кай аз кӯдакистон бармегардад, то барояш шириниву бозичаҳои овардаашонро эҳдо намоянд.
Дигар Рустам худаш ӯро ба ширхоргоҳ мебараду меорад. Ӯ падари хушбахт аст. Дар роҳ барои Шаҳрбону гул мехарад то ҳадия кунад ва бо садои паст пӯзиш хоҳад, ки дилмонда шуд, мисли завҷааш шикебоӣ накард.
Шаҳрбону ба Офаридгор дуруд мефиристод, барои ин тифлаки зебои додааш ва ҳамзамон, барои духтури азизу меҳрубонаш – Ҷамила Амоновна баракати зиндагӣ мехоҳад. Охир, ӯ шахсест, ки чароғи хомӯшшудаи ин хонадонро аз нав рӯшан кард…
Шаҳрбону боз ҳам хоб дид…
Шаҳрбону бедор шуд. Рустам болои сар бо лабханди пур аз меҳр тифлакро ба вай дароз мекунад: «Ӯро сер кун, гурусна мондааст…».
Эмомалӣ САЙИДАМИРЗОД