06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МОДАР маро бубахш…

43w Адиби бузург Расул Ҳамзатов фармуда: «Ситоиши модар мавзӯест ба абад тоза хоҳад монд». Бале, то абад афсӯс хоҳем хӯрд, ки натавонистем чуноне мебояд, меҳри худро ба модар баён дорем. Худро фиреб дода, ба забон овардани суханони пурмеҳрро ба фардо мегузорем ва ҳаргиз ба хаёли худ роҳ намедиҳем, ки як рӯз баногаҳ ёвару раҳнамо, хазинаи меҳру вафоямон таркамон мегӯяд ва дигар дасти пурнавозишашро ба сарамон намегузорад.

Талхии бемодариро ҳамон вақте мечашем, ки модарро аз даст медиҳем ва дар чашмони онҳое дурахши хушбахтиро мебинем, ки аз меҳри поки модарӣ комёбанд. Ранҷи бемодариро аз ҳама беш дар баробари ятимон, онҳое эҳсос менамоянд, ки худ модар шудаанд. Шумо ягон бор дидаед хушбахтии модари ҷавонеро, ки пас аз ба дунё овардани фарзанд, дар бари худ модар дорад?

Дили модари ҷавон барои нигаҳбонии навзоди худ тапиданҳои ғайриодӣ дорад. Зеро зарби дили хурдакаки ӯро дар ҳар нафас бо торҳои дили худ месанҷад. Ва ҳар гоҳи гиряи тифл модари ҷавони аз саодати модарӣ дарду ранҷи модариро аз дилу дида гузаронда оромаш месозад.

Дар лаҳзаҳои вопасини умри худ модарон, агар гуфтание дошта бошанд, ба ҷуз дуои тансиҳативу хушбахтии фарзандон, дигар васияте надоранд.

Модари ман чанд гӯшвораву гарданбанди на он қадар гаронбаҳояшро, ки солҳои зиёд дар сандуқи чӯбӣ нигоҳ медошт ва барои ӯ арзишманд буданд, дар миёни нафаскашиҳои душвор бо лаҳни гирифтаву хаста ба духтаронаш васияти мерос кард:

«Гӯшвораҳои қафасиямро, ки аз модарам ёдгор аст, ба духтари калониам, муҳраи гарданамро ба хоҳари ӯ ва даспонаи нуқрагинамро ба хурдакакам бахшидам.»

Он лаҳзаҳои ҳузнбор модарам мехост гуфтугӯи дароз дошта бошад, вале чун нафасаш дар гулу дармемонд, чашмонашро пӯшида, чанде хомӯшӣ ихтиёр мекард, гӯё мехост бозистад то равзанаи нафаскашӣ боз шавад. Модар бо ишораи лаб об пурсид. Холаам хост бо чумча обаш диҳад, аммо лабҳои рангпаридаи модар ҳатто обро қабул надошт. Кампири хешованд мушти пахтаро дар пиёлаи об тар карда ба лабони модар мечаконд.

Беморони ба роҳи сафари абадият равон, чанде пеш аз нафаси охирини ҳаёт ба ҳуш омада, ба гап медароянд. Моро низ чашм кушодану ба гирду атроф нигаристани модар дар дилҳоямон тухми умед кошт. Модар ба ҳозирон нигоҳ карда, чашм ба рӯям дӯхт. Нигоҳаш гаҳе ба сӯйи ман ва хоҳараки хурдсоли чорсолаи мӯйпарешонам, ки қадаме дуртар аз ман нишаста бо ҳайрат ба чашмони гирёнамон нигоҳ мекард, бештар дида дӯхт. Аз ишораҳои модар мани акнун пой рӯйи роҳи омӯзиш ниҳода, чизеро намефаҳмидам. Холаам бо гиря гуфт: «Охир ӯ мехоҳад бигӯяд, ки нигоҳубини хоҳараки хурдсолатро ба уҳдаи ту месупорад. Ту ки ҳамеша сару рӯи хоҳаратро шустушӯву шона мекунӣ ва меҳрубони ӯ ҳастӣ, духтари хурдиашро мехоҳад ту сарпараст шавӣ».

Ин гуфтаи хола дилҳои ғамзадаро доғ кард, ки ҳама якбора ба шеван даромаданд. Баъд фаҳмидам, ки модар гавҳари беҳамтои худ, тифли охирини ба дунё овардаашро ба ман васият кардааст. Зеро хоҳаракам бештар аз дигарон ба ман унс дошт.

Модар, маро бубахш, ки натавонистам васияти бароям муқаддасро иҷро кунам. Хок бар сарам, модарҷон, умре дар дил дарду ранҷи вазнини бевафоиро мекашам. Ранҷи бевафоӣ ба васияти модари дар биҳишт интизорамро. Ман натавонистам ниҳоли навраста - хоҳаракамро бисабзонам.

Ғунчаи ношукуфтаи ту шояд ба иллати камбуди меҳри модарӣ аз дастамон раҳо хӯрд. Шояд барои пур кардани равони аз бемодарӣ холӣ шуда, ба оғӯши ту шитофт…

                                             Маро бубахш, модарҷон!

                                                                                                    Фазиламоҳ Нуралиева, 

устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

 

 

:.  Аз ҳар боб 01.04.2021 10:37 910

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz