06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЧИҲИЛ СОЛИ ХУШБАХТӢ

 

16wЧиҳил сол аст, ки бо ҳаманду бораи зиндагии як ҷуфти ҳамболу хушиқбол, паҳлу ба паҳлу истода пастиву баландиҳо, бешу камиҳо ва ҳамвору ноҳамвориҳои зиндагиро паси сар намудаанд.

Дар як болин сар монда меҳру муҳаббати ҷавонӣ ба қалб, гоҳ дар интизориҳо, гоҳ бо шабзиндадориҳо, гоҳи дигар бо ирсоли номаҳои шайдоӣ якдигарро пазмон шудаанд. Аз боғи умри онҳо шаш ниҳолаке руста, имрӯз худ дарахтони пурмева гаштаанд.

Чил сол қабл, 8 феврали соли 1981 Худованд риштаи қисмати ду ҷавонро ба шоҳроҳи зиндагӣ пайваст карду волидон ба онҳо фотиҳаи нек доданд.

Диловару Роҳилаи ҷавон ба мақоми оила­дорӣ қадамҳои нахустин гузоштанд. Меҳру самимияти хеле ошиқона доштанд бо ҳам. Пас аз нуҳ моҳи оиладорӣ ба номи Диловар хати даъват ба аскарӣ омад.

Диловар дар Ҷумҳурии Муғулистон адои хизмат намуд. Албатта, барои ду дилдода дурӣ зи ҳам мушкил буд. Ҳар ду бо иродаи мустаҳкам, яке дар хизмати Ватан – Модар, дигарӣ дар хизмати пайвандон ду солро паси сар намуданд.

Вақти бозгашти Диловари ҷавону дӯстдори зиндагӣ писарчаашон Ибодуллоҳ роҳгардон гашта буду бо забони ширини кӯдакӣ як ҳарфу ду ҳарф чун лолоии модар ба забон меовард.

Акнун идомаи ҳаёти ширини онҳо оғоз ёфт. Диловар аз давраи аскарӣ меҳнатдӯстии худро бо қалби пок ва заҳмати ҳамешагӣ нишон додааст. Дар давраи хизмат ба рутбаи сержанти хурд мушарраф гашта, то анҷоми он командири тӯпчиён буд.

Баъди хизмат ба ноҳияи Вахш баргашта, 10 сол булдозерчӣ ва 10 сол ҳамчун ҳисобчӣ фаъо­лият намуд. Дар пешрафти хоҷагии халқ саҳм гузошт. Сипас 11 сол чун ронандаи таксӣ заҳмат ба бор дошт.

Ин оила чун дигар шаҳрвандони кишвар дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба мушкилоти зиёд дучор шуд, лекин бо дасту бозуи қавӣ, бо меҳнати ҳалол бо замин аз вартаи буҳрон раҳиданд.

Соли 2005 аҳли оилаи Одинаевҳо ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кӯч баст. Амаки Диловару холаи Роҳила аз имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳра бурда, хоҷагии деҳқонии «Саидшо» - ро дар майдони як гектар замин созмон доданд. Инак, чанд сол аст, ки дар ин хоҷагӣ меҳнати пурсамар намуда, эҳтиёҷоти хонаводаашонро таъмин месозанд.

Самараи зиндагии якҷояи онҳо 4 писару 2 духтар мебошад. Фарзанди калонӣ Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, мудири шуъбаи рӯзномаи «Навиди Балх» ва дар баробари ин дилдодаи шеъру шоирист. Ба наздикӣ маҷмӯаи дуюми ашъораш бо номи «Муҳри муҳаббат» ба чоп расид.

Саидшову Беҳрӯзу Наврӯз ҳам болу пари падару модаранд. Онҳо дар муҳоҷират пайи таъминоти рӯзгор заҳмат мекашанд. Духтарон Зофираву Гулбаҳор соҳиби хонаву дари ободанд.

Ин ду раҳпаймои шоҳроҳи зиндагӣ устоди сахтгири оилаанд.

Аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва Сарвари ғамхору муттакои миллати худ ифтихор мекунанд…

Сафармоҳ ГАДОЕВА,
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

:.  Аз ҳар боб 29.03.2021 06:29 730

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz