Модарон мушобеҳи субҳанд, модари ман ҳам субҳандешу субҳсимо буд, чун субҳ аз бистари хоб боло мешуд, нахуст маро бо лаҳҷаи ванҷӣ садо мекард, ки ин суханони ширини модарро ба шеър гардондаам:
Бихез, ай духтари ширинтар ай ҷунум,
Бизан ҷоруб баргу боли ҳавлиро фаротарбар.
Таҳи он тути марворидро
зан обу бинмо пок.
Бишӯ нақши пайи шабро зи домонаш.
Бар рӯйи сурфааш партой
Дастархони субҳона.
Падарро ширчойи чормағзӣ ор,
Ва нони гандумӣ, ки пухтамаш андар танӯри сад таманною муҳаббатҳо.
Ман то ҳол аз набудани модар ранҷ мекашам, ҳамеша аз пушти ҳарири хотираҳо ӯро дар зеҳнам садо мезанам ва мегӯям:
Модар, бари ту хоби ширинам мебурд,
Ширин- ширин хоби маҳинам мебурд.
Он лаҳза, ки ту навозишам мекардӣ,
Ангушт фаришта бар ҷабинам мебурд.
Ёдам меояд, шонздаҳ сол доштам, як шабии барфии зимистонӣ модар маро дар ин дунёи бераҳму шафқат танҳо гузошту абадӣ падрудам гуфт. Ман дигар он духтари нознозие, ки дар зери боли ҳумои муҳаббати модар шод буд, беғамона ва ошиқона механдиду мерақсид, набудам. Бале, ҷудоӣ аз модар дар ин синну сол, ки духтар ниёзи бештар ба навозишу дилдиҳиву насиҳату муҳаббат дорад, хеле гаронам омад…
Чашмҳои ман истеъдоду нигоҳи пур аз меҳру муҳаббатоварро аз нигоҳи модарам омӯхта буданд. ӯ бароям маънии дар зиндагӣ будану зистанро фаҳмонда буд. Модар дар чашмасори ишқу имон вузӯ мегирифт, то мисли дарё пок бошад, хуб медонист, ки то даме инсон олудаи гуноҳ аст, лаззати инсон будан ва зистани зеборо дарк намекунад. Модари ман зане буд саводомӯхта, таҳсилдидаву сермутолиа. Бо падарам дар мактаби ҳизбии шаҳри Душанбе таҳсил карда. Солҳо кори ҳизбӣ ва сарварии занони ноҳия ва шуъбаи фарҳангро ба дӯш дошт. Ҳатто рӯзе, ки аз фишори баланд азият мекашид, китоб мехонд, агар мушкилаш меомад, мегуфт: «Духтарам, бароям китоб хон». Ман китобхонаки модар будам, баъзан аз китобхонӣ хаста мешудам, зуд аз ин саҳифа ба он саҳифа мегузаштам, аммо чун модарам зеҳни хубу равонполо дошт ва чандин бор ин китобро хонда буд, маро сарзаниш мекард: «Ай духтари ширинтар аз ҷунум, маро фанд накун…».
Ёдам меояд, ки баъди аз сар рафтани модар, падарам ба хотири дӯст доштану эҳтироми рӯҳи модар ва наранҷондани фарзандон натавонист зани дигареро ба хона ба ҷойи модарам биорад. Аммо «омад ба сарам аз он чӣ метарсидам», падарам, вақте моро барои таҳсил ба шаҳр фиристод, бо насиҳати хешу табор тасмим гирифт, ки хонадор шавад. Он рӯзгор падар як маъракае оросту зан гирифт. Болои дастархон тамоми нозу неъмат арзонӣ буд, аммо ман мисли кафтараки паршикастае будам, ки ба чизе майл надоштам: дилам сахт гирифта буд ва ноҷӯр метапид, тамоми вуҷудам гӯё дар оташ месӯхт, зуд-зуд дари яхчолро мекушодаму дӯғи сардро дам мекашидам, то алангаи оташро дар дилам хомӯш кунад, аммо афсӯс оташи қалбам баландтар мешуд. Мане, ки падарамро сахт дӯст медоштам, наметавонистам имрӯз табъи ӯро нохуш намоям, аз ин рӯ, хандаи дурӯғин мекардам, аммо падари доноям кайҳо дарк карда буд, ки ман чи ҳоле дорам. Падар дастам гирифту ба хонаи дигар бурд ва сарамро навозиш карду гунаҳкорона гуфт: «Азизи дилам, худро ба даст гир, ту боз меравӣ, ман танҳо мемонам, ташвиши як ноҳия бар дӯшам, меҳмондорам, пас чӣ кор хоҳам кард? Ман дигар илоҷ надорам, духтарам». Ман ба чашмони пурашки падар нигоҳ кардаму худро дар канораш андохтаму ҳар ду сахт гиристем…
Вақте ҷавонтар будам ва тоза ба шеъргӯӣ оғоз карда будам, қариб тамоми шеъргунаҳоям аз ҷудоӣ бо модар буданд. Дар ҳама маҳфилҳои адабӣ шеъри навбатиамро, ки барои модар гуфта будам, мехондам. Дугонаи азизам, шоираи хуби мо хонум Меҳринисо, ки хеле эҳтиромаш мекунам, гуфт: «Шаҳрия, ту дигар мавзӯъ надорӣ?». Ва илова кард: «Азизам, ту, ки ҳоло ҷавонӣ, ошиқона навис…».
Солҳо пайи ҳам гузаштанду шумхабаре ба гӯшам расид: «Модари Меҳринисо дунёро падруд гуфт». Зуд барои таъзия ба хонааш рафтам. Аммо қариб буд, ки Меҳринисоро нашиносам: он қадар хаставу дилшикаставу ноумед ба назар мерасид, ки гӯё дар ин 10 - 12 рӯзи аз модар ҷудо будан ғами осмон ба сараш борида бошад, беист оҳи сард мекашиду модарашро ёд мекарду ашк мерехт. Ба ман гуфт: «Шаҳрияҷон, ман акнун дарди туро дарк мекунам, ки чи қадар бемодарӣ сахт будааст, мане, ки умрам ба ҷое расидаву фарзанду набераҳои ширинаке дорам, аз ҷудоӣ бо модар ҷонам месӯзад, офарин ба ту, ки шонздаҳсола аз модар ҷудо шудӣ, барои духтар ҷойи модар алоҳида будааст».
Модарам, вақте медид, ки ман шеъри зиёде мехонам, таъкидам мекард, ки духтари ҷуни модар, боз шоир нашавӣ, ки азоб мекашӣ, аммо намедонистам, ки барои чӣ модарам он замон ин суханҳоро мегуфт, ҳоло ба ҳарфҳои модар сарфаҳм рафтам. Бале, модари ҷон, ту фариштаи малакутие будӣ, пешгӯият дуруст буд, ман имрӯз ба гуфте маҳзунтар аз пойизаму боронитар аз баҳор…
Шаҳрия АҲТАМЗОД