Атри Гули Ёл
- Замоне дар рустои бостонии Таги Намак, ҳудуди кунунии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, бонуи танҳое мезистааст, ки бо ҳама шуҳрату овозаи ҳусни беназираш ӯро Қирғизмоҳ ном мебурдаанд.
Бо шукру қаноатпешагӣ аз сарнавишти талху номи ғайримаъмулии ба ӯ гузоштаи волидонаш, умре андармони хайру накукорӣ ба мардум будӣ, то андар ин гардуни гардо ҳеҷ набошад аз худ номи нек боқӣ гузорад. Ҳамдеҳагону пайвандонаш бо ҳусни эҳтиром аз хушкорию одамияти ин кампир ба ифтихори ӯ гузоштани исми навзодеро барои худ қарз медонистанд. Баъди чандин сол аз реҳлати он бонуи умрдида вақте ба дунё меоям, бобокалонам баҳси ёдгорӣ аз хоҳарбузургашро ба миён мегузораду маро Қирғизмоҳ ном мегузорад,- бо лутф мегӯяд Муаттари Неъматулло, - ва илова менамояд, - бар қасди нуқта гузоштан ба урфу одатҳои қолабии номгузорӣ, орзу доштам, ки мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бошаму хатоҳоро ислоҳ намоям, - хандида хотираҳои кӯдакии худро пеши назар меорад ҳамсуҳбати мо. – Бо амри тақдир хонаводаи мо ба деҳаи хушманзари Ёли ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кӯч баста, то кунун дар ин деҳаи гулобод ҳаёт ба сар мебаранд. Ҳамин сон, аз айёми шубобу бедории фикрӣ бо тахаллуси Муаттари Неъматулло таронаву матлабҳо менависам, лекин устодони соҳибқалам аз рӯи лутфу навозиш маро Атри Гули Ёл ном мебаранд.
Гарчанде дар он давра на ҳама зодмандон ба таҳсилоти олии духтарон иҷозат медоданд, то қабули қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳам, зодмандон ба таълиму тарбияи кӯдакон таваҷҷуҳи зиёд доштанд. Ҳар соати ҳаёти кӯдакон таҳти назорати зодмандон буду ҳатто духтарбача бе иҷозат ба кӯча намебаромад. Шомгаҳон аз тафтиши рӯзномаву дафтарнависҳо то дигар вазифаҳои хонагӣ падари омӯзгорам моро пурсупос мекарду субҳ, қабл аз мактабравӣ, ба таъкиду насиҳати модарон гӯш медодем. Он ҳама ҳунарҳои дастиеро, ки имрӯз василаи пешбурди рӯзгори бонувон аст, дар наврасӣ аз пиразанҳои чирадасти деҳамон омӯхта будем.
Зодмандон хушбахтии духтаронро дар барвақт хонадор кардани онҳо медиданд, Муаттар ҳам орзуҳои ҷавониро дар гулдӯзиҳо ва нақшу нигори арӯсиаш гулбандӣ мекард. Баъди издивоҷ солиёни зиёд дар анорбоғи хоҷагӣ заҳмат кашид. Ба умеди «Дарахт аз об баҳра мегирад, одам ба дуо» солиён падарарӯси бемору барҷомондаашро парасторӣ кард. Қисмати талхи пирамард, ки 13 фарзандро бо заҳмати обилаи каф ба воя расондаву аммо дар овони барҷомондагӣ нигоҳбонаш духтари муаллим Самадов аст, сабақи ибрат барои аҳли деҳа буд. Сунҳори солеҳаи хонавода ба тарбияи фарзандони худ таваҷҷуҳи афзун медод, то рӯзгори саромади хонадони шавҳар дар наслҳои ояндаи авлодонаш такрор наёбад.
- Баъди реҳлати хусурам, он қадар мушкилоти зиёде домангири мо буд, ки арӯсакони имрӯза як соати он ҳама ранҷу азоби маро надидаанд, - лаҳзае ба андеша фурӯ меравад Муаттар. - Чӣ шабҳои барфу борониро бо гиря саҳар кардаам, ки аз чак - чаки боми гилии хонаамон ҷой намеёфтам тифлонамро хобонам. Аммо аз мушкилоти рӯзгор назди зодмандон шикоят намебурдам, зеро насиҳати онҳо буд, ки ҳама шахсиятҳои баруманд аз пайроҳаи пуршебу фарози зиндагӣ ба рӯзгори хубу осоишта расидаанд. Падарам, ки аз ҳолу аҳволам огаҳӣ дошт, пайваста таъкид мекард, ки сарфи назар аз мушкилу сарбориҳои хонаводагӣ фарзандонро хононда соҳиби касбу ҳунар гардонам.
Бо гузашти мушкилиҳои иҷтимоӣ замони худсозию саъю талошҳо ба хотири беҳбудии рӯзгори аҳли оила фаро расид. Нахуст ба оғози шуғлҳои гулдӯзию шерозбофӣ ва санъати гулбаст, ки аз нав эҳё намудани онро солҳо дар зеҳнаш мепарварид, Муаттар муштариёни зиёде пайдо кард. Ба гузори начандон вақти тӯлонӣ теъдоди хоҳишмандони ҳунаромӯз меафзуд ва пешавари навтаҷриба дар баробари омӯхтани назокатҳои ҳунари гулбаст ба бонувони деҳ, боз роҳҳои ба бозор баровардани дастранҷи шогирдонашро меҷуст.
Аз баҳори соли 2012 роҳбарии гурӯҳи хонумони Ташкилоти ҷамъиятии «Рушди Ёл» - ро ба зимма дошта, дар баробари иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила, рушду ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ ва дигар машғулиятҳои судманд, ӯ барои идомаи таҳсили зиёд духтарони деҳаи Ёли ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар муассисаҳои олию миёнаи касбомӯзӣ саҳми муносиб гузоштааст. Баъди хатми курси муҳосибӣ, ҳамзамон ба сифати масъули ҳифзи иҷтимоии Ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин фаъолият дошта, дар рушду ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ ва ҳаллу фасли масоили иҷтимоии занону духтарони деҳкада нақши муассир дошт. Ба пиндоре, ки барои хушбахтию саодати бонувони манотиқи кӯҳистон, доштани сад ҳунар кам аст, Муаттар духтарони рустоҳои дурдасти деҳотро ба омӯхтани илму дониш ва забондонию ҷаҳонгардӣ талқин мекард.
Солиёни талошу муборизаҳо ба хотири ташкили шуғлҳои муздноки занона ва авҷу ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ, ҳамзамон, дар таълиму тарбияи фарзандони саводманду хушахлоқ низ намунаи ибрати ҳамдеҳагон аст. Фарҳанги рӯзгордориву муносибатҳои ибратбахши ҳамсоядорӣ ва ташаббусҳои меҳандӯстонаи аҳли ин хонавода баҳри тозагию озодагии муҳити зист буд, ки дар «Соли оила» хонадони Муаттар ба унвони «Оилаи беҳтарин»- и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин пазируфта шуд.
- Ба инояти сулҳу осоиштагии даврони соҳибистиқлолӣ ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа давоми чанд соли охир танҳо аз деҳаи Ёл 97 нафар ҷавондухтар ба муассисаҳои олию касбии кишвар дохил шуд, - иброз дошт Муаттарбону. - Ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дастоварду пешрафтҳои бонувони деҳот дар самти ҳунаромӯзию дарёфти шуғлҳои нақдмузд аз раиси ноҳия Почохон Зарифзода сипосгузорем, ки дар соли эълон шудани рушди ҳунарҳои мардумӣ барои ба ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани духтарони деҳкадаи Ёл 5 ҳазор сомонӣ грант ҷудо карда буд.
Баъди як давраи вакилии деҳот, ки аз ҳаёту фаъолияти сокинони рустоҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмуд наздиктар шинос шуд, ҳамакнун, аз моҳи октябри соли 2020 - ум ба ҳайси мутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ифои вазифа дорад.
- Мо, бонувони рустоҳои дурдаст, ки ба шарафи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ аз сари чагдон ба зинаҳои боло расидем, муаррифгари ҳунарҳои миллии худ дар арсаи ҷаҳонему саҳм гирифтан дар рушди деҳот ва татбиқи сиёсати давлатро дар маҳалҳо вазифаи ҷониву қарзи шаҳрвандии хеш меҳисобем, - бо ифтихор мегӯяд Муаттари Неъматулло.
Ҷ. УСМОН,
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин