Ангуштон сабук печмехи чойники барқиро ламс карда, мурваттобро рӯи он медавонанд. Чанде пас бадана ва симу тарҳи дохили чойник аён мегарданд. Нӯги мурваттоб рӯи ҳар як сим лағжида, коршоямӣ меозмояду нуқсро пайдо. Баъди поку васлу рӯпӯш кардани симҳо барқчанг дохили барқбун гашта, чароғаки сурхи зери чойник чашм рӯшан месозад. «Чойник ба кор аст», нидо дармедиҳад усто.
Ин амали ҳаррӯзаи Малоҳат Искандарова аст, ки пешаи ғайримаъмулии барқкориро ихтиёр намудааст. Қаблан дар ҷамъияти матлуботи ноҳияи Шаҳринав корманди шуъбаи кадрҳо буд. Соли 2015, баъди ба шаҳри Ҳисор кӯчондани коргоҳ, як сол субҳу шом роҳи Шаҳринав – Ҳисорро паймуд. Бо сабаби дурии масофа корро тарк гуфт.
Барои дарёфти рӯзӣ роҳи муҳоҷирати меҳнатиро пеш гирифт. Дар Россия хаёлан тарҳи зиндагии шоиставу гуворо мекашиду орзуҳои ширин. Аммо воқеият хорошикан буду ду соли оворагиву бебарориҳо аз пайи он. Дарёфт, ки бидуни касби бозоргир пайдо намудани шуғли даромаднок маҳол аст. Малулу музтар ба зодгоҳ баргашт ва чанде пас аз фаъолияти маркази захиравии минтақавии ноҳияи Шаҳринав огаҳӣ ёфт, ки ба таври ройгон метавон соҳиби ҳунар гашт. Ӯ аз рӯи барномаи намунавии баробарии гендерӣ ва лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ -техникӣ ва омӯзиш»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар соҳиби касби барқчӣ ва таъмиргари таҷҳизоти техникӣ гардид.
Шавқу рағбати Малоҳат ба ин пеша тасодуф набуд. Ҳанӯз овони мактабӣ ба таъмири таҷҳизоти барқӣ мароқ зоҳир менамуд. Танзими сими барқ, васлсозии барқбуну (электророзетка) барқчанг (электровилка) ва таъмири дарзмолу тоба, агар сурат мегирифт, Малоҳат бодиққат назора мебурду ҳар як ҷузъиёти онро ба хотир мегирифт. Бовар дошт, ки аз уҳдаи ин корҳо мебарояд, аммо аз панҷаи хатарзои барқ меҳаросид. Дар фарқ кардани фазаҳои мусбат ва манфии барқ душворӣ мекашид. Рӯзе ҳангоми таҳияи ғизо тоба аз кор монд ва ӯ даруни онро боз ва симҳои сӯхтаро аз нав пайваст. Тасмаи изолятсионӣ ҷуст, вале пайдо накард. Халтаи полиэтилениро рӯи симҳо печонд. Бехабар аз техникаи бехатарӣ тобаро фаъол кард. Садои ваҳмангезе аз расиши симҳо баромаду бадани Малоҳатро лаҳзае барқ ба ларзиш овард. Аммо Малоҳат аз ин ҳодиса наҳаросид, балки азм намуд, ки дигар чунин амал набояд рух диҳад.
Баъди омӯзиши пешаи мазкур тӯли се моҳ тариқи шартнома дар ҷамъияти маъюбони «Дилсӯз»-и ноҳия давраи озмоиширо сипарӣ намуд. Айни ҳол дар бозори марказии деҳоти Чептураи ноҳия низ ба ҳайси барқчӣ фаъолият бурда, аз ин ҳисоб дар ғанӣ гардондани буҷети хонавода саҳм мегузорад.
Ду писари Малоҳат дар мактаб - интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Шаҳринав дар синфҳои 8 ва 10 таҳсил менамояд. Писари хурдӣ мисли модар олоти барқӣ ва техникиро тагурӯ карда, шогирди устои ботаҷрибаест, ки аз ӯ таъмири телефонҳои мобилӣ, дарзмол ва дигар таҷҳизотро омӯхтааст. Ҳатто Малоҳат баъзе нозукиҳои корро кунун аз фарзандаш меомӯзад.
Алҳол қисме аз ҳавлии худро ба ошхона табдил дода, ба соҳибкории хурд шуғл меварзад. Ғизоҳои миллӣ, аз қабили палав, шӯрбо, гӯштбирён, лағмон ва дигар хӯрокро таҳия намуда, пешкаши мизоҷон мегардонад. Дар ҳолати корношоям гардидани асбобҳои барқии ошхона худ ба дуруст кардани онҳо мепардозад.
Малоҳат Искандарова дар хонаводаи серфарзанд камол ёфта, шебу фарози зиндагиро хуб озмудааст. Ҳашт фарзанди хонавода (4 духтару 4 писар) ҳама даст ба кору пайи зиндагии шоистаанд.
Лаҳзаҳои фориғ Малоҳат рӯзномаву маҷаллаҳоро варақ зада, бо рағбат матлабҳои шавқангез мутолиа менамояд ва ба кору пайкори бонувони муваффақу ҳунарвари кишвар мароқ зоҳир намуда, ҷаҳони маънӣ ва дарси зиндагӣ меомӯзад.
С. ХОҶАЕВА,
ноҳияи Шаҳринав