Лаззату шириниҳои ҳаётро аз меҳру муҳаббат ба халқу меҳан, заҳмати содиқона дар ҷодаи омӯзгорӣ ва арсаҳои гуногуни роҳбарӣ дарёфта, саодату хуррамӣ ва ба гоҳе мушкилу рӯйдодҳои ногувори рӯзгорашро чун амри тақдир имтиҳони зиндагӣ меҳисобад. Аз овони таҳсил дар дабистону донишгоҳ то идомаи фаъолияти пурсамараш дар вазифаҳои гуногуни ҷамъиятиву сиёсӣ, боре ҳам дастоварду муваффақият ва обрӯву мартабаеро дар зинаҳои роҳбарӣ саҳлу осон ноил нашудааст.
Ҳанӯз камтар аз ҳашт моҳ раисии Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Қубодиёнро ба уҳда дошта бошад ҳам, ӯ барои пиру барнои рустоҳои дурдасти ин деҳоти ҳамсарҳад бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шинос асту иззату эҳтиром дорад. Чаро ки дар баробари кулбори роҳбарӣ ва дар ҷодаи сиёсат обутоб ёфтанаш, Сабоҳат Муҳиддинова аз нахустин бонувони пешоҳанги ибтидои даврони соҳибистиқлолист, ки дар он лаҳзаҳои мушкилзо давоми нуҳ сол вазифаи раиси деҳоти мазкурро бар зимма дошт.
Шоҳидони вақт он рӯзгори сангину аз хавфи силоҳдорон ваҳми аз остони хеш берун рафтанро то ҳанӯз ҳам фаромӯш накардаанд, Саодатбону барин шахсиятҳои ҷонфидои халқ ба хотири таҳкими шохаҳои ҳокимияти қонунӣ дар маҳалҳои дурдаст ва ташвиқи сулҳу осоиштагӣ дар ҷомеа, ҷалби таваҷҷуҳи сокинони деҳот ба кишту кори заминҳои бекорхобида ва дигар иқдомҳои созандагӣ ҷон дар каф ифои вазифа доштанд.
- Меҳру шафқати тоҷикона, иродаи мустаҳками таҳаммулпазирӣ буд, ки мардуми ранҷбари Тоҷикистон дар пайравӣ аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон он ҳама мушкилиҳои иҷтимоию иқтисодиро паси сар намуда, миллат ва сарзамини аҷдодии хешро аз вартаи нобудӣ раҳо бахшиданд,- рӯзу рӯзгорони гузаштаро ба хотир меорад Сабоҳат Муҳиддинова. – Дар он солҳо бинобар забондонию малакаи муошират бо сокинони гуногунмиллат омӯзгори фанни забони русӣ миёни мардум обрӯву эътибори баланд дошт ва дар интихоби кадрҳо ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сатҳи маҳал низ ба муаллимони забони русӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешуд. Эҳсоси муборизаву ҳақталошӣ баҳри ҳаллу фасли мушкилиҳои иҷтимоии аҳолии деҳот ва майлу рағбати иштирок дар раванди таҳкими сулҳу субот ва барқарорсозии харобаҳои баъди ҳодисаҳои шаҳрвандӣ маро водор намуд, ки пешниҳод ба вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Навободро бипазирам.
Дар соли 1995 - ум, ки замин ягона манбаи таъминоти рӯзгори деҳотиён буду дар соҳаҳои буҷетӣ кадрҳо намерасиданд, ҳаллу фасли мавзӯъҳои мубраме, ба мисли қабули муҳоҷирони ба Ватан бозгашта ва таъмини амнияту шароити зист барои онҳо, аз муҳимтарин масъулиятҳои рӯзмарраи раиси деҳот маҳсуб меёфт. Ҷиддияту ҳушмандӣ, донишу малакаи кор бо қишрҳои гуногуни ҷомеа, суҳбатҳои дилнишину маслиҳатҳои мушкилкушояш аз зарфиятҳои аслии бонуи пешоҳанг дар иҷрои бечунучарои дастуру супоришҳои ба зимма гирифтааш арзёбӣ мегардид.
Ба пиндори вай ҷамъият дар симои оне пуштибони манфиатҳои худ, ғамхору некхоҳи ниёзмандон ва хизматчии содиқи Ватанро мебинад, ки роҳбар чун хидматгузори халқ иродаву таҳаммули шунидани ҳарфи эшонро дошта бошад ва бо маҳорату кордониаш дар ҳаллу фасли мушкилиҳои ҷомеа мусоидат карда тавонад. Бешубҳа, боварии халқро сазовор шудан мартабаест, ки инсони комил дар ин ҷода аз худ гузаштанҳову ба хотири дигарон зистанро имтиҳон мекунад. Тавре ки моҳтоби кайҳони сухан Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ фармудааст:
Аз мардумаки дида бибояд омӯхт,
Дидан ҳама касрову надидан худро.
Афроди дар рӯҳияи ватандӯстию арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддас ба камол расида, сарфи назар аз мансабу мақоми иҷтимоии худ, хизмати содиқона ба халқ ва ҷаҳду талош баҳри рушду шукуфоии Меҳани азизро шиори худ дар зиндагӣ медонад.
Баъди нуҳ соли аввали раисии деҳот дубора ба фаъолияти омӯзгорӣ баргашта дар МТМУ №42 аз фанни забони русӣ дарс мегуфт. Аз соли 2008 ҳамоҳангсози ташкилотҳои қарздиҳӣ, мудири шуъбаи ташкилӣ, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИМҲД - и ноҳия, аз соли 2015 мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Қубодиён буд. Аз моҳи марти 2020 раиси Ҷамоати деҳоти Навобод мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд дар қиёси ду давраи раисии деҳоти мазкурро ба зимма доштанаш, усули идоракунии мақомоти маҳаллӣ, равиши кору муносибат ба мардум ва дигар уҳдадориҳои роҳбарӣ дар сатҳи маҳал ба куллӣ фарқ мекунанд, вале айни ҳол талаботи мақомоти болоӣ дар мавриди иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо ва дигар барномаҳои давлатӣ дучанд ҷиддӣ аст. Яъне, дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки аз як сӯ, омезиши фарҳангҳо ва паҳни маънавиёти бегона ва аз сӯи дигар, аз асари хуруҷи бемории ҳамагири коронавирус кишварҳои абарқудрат ҳам ба буҳрони иқтисодию иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гаштаанд, кор дар самти идоракунии мақомоти маҳаллӣ ва ҳифзи афкори ҷомеа аз идеологияи бегона донишу таҷриба ва масъулияти дучанд мехоҳад.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Қубодиён