06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

КӮИ МАҚСУД

 

5


22Дар ҷомеае, ки зан мақоми созандаву зиндагии шоиста ба сар дорад, он кишвар рушду нумӯ меёбад. Алалхусус бонувони бомаърифату соҳибфарҳанг дар тарбияи ҷомеа нақши муҳим доранд. Ҳаёту фаъолияти ин гуна занон намунаи ибрат аст.

Зулфия Надимова аз зумраи бонувони хоксору фурӯтан ва масъулиятшиносест, ки бо донишу малака, ақлу заковат дар ҷамъият мақому манзалати хеш дарёфтааст. Бону дар ноҳияи Кӯшониён, дар оилаи коргар чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ҳанӯз овони хонандаи мактаби миёна будан, шавқу рағбати зиёде ба фанҳои дақиқ дошту дар дил орзуи иқтисодчӣ шуданро мепарварид. Пас аз дарсҳо, лаҳзае, ки ҳамсолонаш ба бозиву фароғат овора буданд, Зулфия ба назди муаллимони дабис­тон мешитофту дарсҳои иловагӣ аз фанҳои дақиқ мегирифт.

Баъди соҳиби номаи камол шудан духтараки ташнаи илму дониш ба коллеҷи аграрии шаҳри Бохтар дохил шуда, онро бо ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ хатм намуд. Зулфияи ҷавон бо маслиҳату дастгирии падараш Амир Надимов (равоншод) барои дар оянда ҳамчун корманди молия фаъолият бурдан ва пурра аз бар намудани соҳа донишҷӯи факултаи молия ва қарзи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардид. Ҳангоми таҳсил дар чорабиниҳои ҷамъиятии донишгоҳ пештоз буд.

Фаъолияти кориашро бону Зулфия аз сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба сифати иқтисодчии шуъбаи молия оғоз намуд. Баъдтар мутахассиси пешбари шуъбаи молия, ҳамчунин сардори шуъбаи молияи ниҳоди мазкур таъйин шуд.

Соли 2000 - ум ба ҳайси мутахассиси дараҷаи якуми шуъбаи хазинадорӣ ба сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба кор гузашт. Як сол пас ӯро сармутахассиси шуъбаи хазинадории сарраёсати молияи вилоят таъйин намуданд.

Фаъолияти назаррас, кордонии Зулфия Надимоваро роҳбарияти сарраёсати молияи вилоят ба инобат гирифта, баъди панҷ сол дар бахши мазкур ӯро ба вазифаҳои сармутахассиси шуъбаи иҷроиш ва маблағгузории буҷети давлатии раёсати хазинадории сарраёсат гузаронданд. Аз соли 2019 вазифаи сардори шуъбаи кадрҳо ва сиёсати ҳуқуқии сарраёсати молияи вилояти Хатлонро бар зимма дорад.

Тӯли солҳои фаъолият дар соҳаи молия таҷрибаи зиёд ҳосил намуд. Шогирдони бисёр тарбият кард. Зулфия дар доираи ҳамкасбону ҳамкорон мақому манзалати хоссаро сазовор гаштааст. Бо корафтодагон муносибати хуб дошта, мекӯшад ба эшон маслиҳатҳои муфид диҳаду дасташон бигирад.

Хизматҳои Зулфия Надимова бо ифтихор­номаҳои мақомоти молияи кишвар ва вилояти Хатлон қадр шудаанд.

Далер ШАРИФ,
вилояти Хатлон

P.S.
Ҳамасола 7 декабр чун рӯзи кормандони соҳаи молия ҷашн гирифта мешавад. Ҳайати эҷодии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» тамоми хизматчиёни соҳаро бо иди касбӣ таҳният гуфта, баҳрашон тани сиҳат ва оромиши рӯзгорро таманно менамоянд!

 

:.  Аз ҳар боб 14.12.2020 04:57 795

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz