Ин субҳ низ баъди анҷоми корҳои рӯзгор сари замини хоҷагӣ раҳсипор шуд. Аз таъсири ҳавои тирамоҳ барги дарахтон тиллоранг шуда буданд ва аз шамоли серуни пагоҳӣ бодбез ба замин мерехтанд. Ҳангоми қадам ниҳодан хишир-хишири баргҳо ба гӯши Гулнисо форам мерасид. Ӯ ин фаслро маҳз ба хотири чунин зебоияш дӯст медорад.
Ғарқи андешаҳо аз рангиниҳои табиат ҳаловат мебурд ва чӣ гуна ба сари замин расиданашро эҳсос накард. Аз баландӣ, аз сари роҳи калон қоматашро рост намуда, нашъунамои ниҳолакони пурҳосилро назора бурд. Масоҳати кишти карам баҳри кабудро мемонд, ки байни дигар сабзавоти пухтарасида манзараи диққатҷалбкунанда дошт. Аз поинтари замин қулфинайи навранггирифтаву сурхшудаистода ба замин ҳусн мебахшид. Дилаш аз тамошои ин манзараи бо заҳмат офаридааш фараҳ гирифт ва қаноатмандона ба худ гуфт:
- Сабзавот пухта расидааст ва вақти ҳосилғундорӣ ҳам омад… Ин подоши меҳнат аст. Шукрона, ки ҳосили хуб ба даст меояд. Насибаи фарзандон…
Гулнисо баъди ба муҳоҷират рафтани шавҳараш хулоса бурд, то худ низ дар гардон намудани чархи рӯзгор саҳм бигирад. Насиҳати модараш: «Дасти мардро нигоҳ карда, нашин. Мард аз берун фикри рӯзгорро мекунад, зан аз даруни хона», водораш сохт, дар андешаи афзунёбии ризқи фарзандонаш шавад.
Ӯ аз хурдӣ, ки ба истилоҳ бо кори замин «калон» шудаву устухонаш бо нони деҳқонӣ шах гашта буд, рӯзӣ ёфтанро аз пайи заҳмати кишоварзӣ авло донист. Масоҳати муайянеро барои кишти маҳсулоти полизӣ ба иҷора гирифт. Сар аз соли 2011 лӯбиёгиҳо, ғалладона ва сабзавоту полизиҳоро, аз қабили қулфинай, гандуму мушунг, караму лаблабу, картошкаю пиёз кишт ва парвариш намуд. Ба уҳда доштани кори рӯзгору фарзандбонӣ ва шуғл варзидан ба деҳқонӣ барояш мушкил уфтод. Аз ин миён соле ҳам шуд, ки бо номусоид омадани вазъи ҳаво ҳосили чандон хуб ба даст наовард.
- Вале ҳар ҳолати ба сар омада, таҷрибае барои ояндаи кор мешудааст. Аз ноомади кор ноумед нагаштам. Саъю талош варзидам, то барои ҳосили фаровон гирифтан аз таҷрибаи корозмудагон истифода бубарам. Волидонам кишоварзони таҷрибаандӯхтаанд ва луқмаи ҳалолро барои 8 фарзанд бо обилаи дасту зарби каланд ёфта, ба воя расонданд. Хонаводаи шавҳарам низ аҳли кишоварзанд ва чун деҳқони асил аз таҷрибаашон баҳра мебарам. Ва, албатта, вақте рӯзгор ба сар омад, баъд кас ба қадри заҳмату таҷрибаи корозмудагон мерасидааст. Соли аввали деҳқонӣ баҳори сербориш омад. Киштаҳоро борону жола ба замин яксон намуд. То имрӯз дар мавсими киштукор бо маслиҳату дуои хайри онҳо кори деҳқониро оғоз менамоям, - мегӯяд бонуи кишоварз.
Гулнисо тешача дар даст сари ҷӯяки ниҳолакони қулфинай расид. Ба тоза кардани баргҳои пажмурда пардохта, бехи онҳоро нарм намуд. Агарчи ҳаво хунуку нури офтоби фасли хазонрез кам шуда бошад ҳам, ҳосили қулфинай камшавӣ надошт. Бо нарм кардан ва аз обу пору сер шудани замин ниҳолҳо ғарқи гул шуда, аз дурӣ ҳосили расида диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб месохт. Бонуи кишоварз мегӯяд, ки ҳосилро ба бозор намебарад. Зеро нашъунамо ва ҳосили фаровони замини хоҷагиро мардум дида, ҳар рӯз барои харид меоянд.
Ӯ лаҳзае андешамандона ба бехи ниҳолакони мушунг, ки ваҷабе аз замин қад кашидаанд, назар дӯхта, хотираеро аз вохӯрӣ бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ёд меорад:
- 37 сол дорам. Таҳсилдидаи соҳаи кишоварзӣ нестам. Ҳар чӣ омӯхтам, аз таҷрибаи рӯзгор аст. Ростӣ, худро хушбахт меҳисобам, ки аз таҷрибаи рӯзгор баҳра ва обрӯ аз замин гирифтаам. Маҳз бо шарофату заҳмати кашидаам дар шуғли деҳқонӣ маро дидор бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт. Ҳеҷ гоҳ ҳарфҳои падаронаашон аз хотирам фаромӯш намешаванд, - бо хушҳолӣ иброз медорад Гулнисо.
Дар сафари кории хеш Президенти муҳтарами Тоҷикистон ба шаҳри Ваҳдат аз хоҷагии деҳқонии Гулнисо Маҳмудова дидан намуданд. Суоли нахустине, ки ҳангоми вохӯрӣ бо ин бонуи кишоварз доштанд, чунин буд:
-Чӣ гуна тавонистӣ, ки дар як сол аз замин чор маротиба ҳосил ба даст орӣ?
То ин лаҳза, ки эҳсосоти хешро фурӯ нишонда наметавонист, гӯё аз шунидани ин ҳарфҳои тавсифомез якбора он вуҷудашро тарк гуфт.
- Барои ҳосили хуб ба даст овардан, сидқан меҳнат кардан даркор, -боҷуръатона гуфтам дар ҷавоб. Аз сирри деҳқониам пурсон шуданд. Гуфтам, ки ҳосили сирпиёзро гирифтам, заминро нарм карда, тухми бодиринг ва дар байни пуштаҳои ниҳоли бодиринг ҷуворимакка ва лӯбиё коштам. Ин танҳо дар як қисми замини хоҷагӣ буд. Дар ҳиссаи дигар гандуми тирамоҳӣ кишт карда, то сабзидани он мушунг коштам, ки он пештар аз гандум сабзид ва ҳам пухта расид. Аввали фасли гармо мушунгро сарчин намуда, баъдан ҳосили гандумро ғундоштам.
- Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳсинам хонданд, - бо қалби саршор аз ифтихор иброз медорад бону.
Дилноза Мирзоева, фарзанди нахустини Гулнисо, имсол хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аст. Вақте Президенти Тоҷикистон барои шомил шудани Дилноза ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур маслиҳат доданд, хурсандии модарро ҳадду канор набуд.
- Ростӣ, шавқу рағбати духтарам ба таҳсил зиёд аст. Вақте дар бораи ба мактаби олӣ рафтану соҳибмаълумот гаштан Дилноза гап мезад, тоби суханро дигар сӯ мекашидам. Зеро бо камбуди рӯзгор аз куҷо ҳам метавонам, ӯро ба таҳсил фиристонам? Акнун дилпурам, ки ин мушкил низ ба шарофати дастгириҳои Пешвои муаззами миллат ҳалли худро хоҳад ёфт, - мегӯяд Гулнисо.
Хам шуда, мушти хокро аз замин мегирад. Бо ангуштонаш онро соиш дода иброз медорад:
- Дар урфият масале ҳаст: «Замин гуфтааст, ки соҳибам маро сер кунад, ман ӯро сер мекунам». Ин таҷрибаву гуфтаи бузургонро ба фарзандон низ меомӯзонам. Илм, агар бо таҷриба якҷо шавад, пешрафти соҳа низ ояндадор хоҳад шуд.
Аноҳито,
шаҳри Ваҳдат