06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Қадамҳои ободӣ

 

Варзоб

Соли равон 1 корхонаи саноатии истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва корхонаи мурғпарварӣ дар ҳудуди ноҳия сохта ба истифода дода шуд.

Дар соли ҷорӣ Бобоева Ганҷина аз Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа бо кушодани корхонаи «Ясмина-2011» барои дӯхти либоси мактабӣ бо маблағи 40 ҳазор сомонӣ ва Саидова Робиа аз Ҷамоати деҳоти Зидеҳ барои рушди чорводорӣ бо маблағи 20 ҳазор сомонӣ соҳиби Гранти Президентӣ гардидаанд, ки барои занҳои хонанишин 16 ҷойи кории нав таъсис дода шуд.

 

  Ваҳдат

Соҳибкорон ва мардуми саховатманди шаҳри Ваҳдат барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ камари ҳиммат бас­таанд. Бо дастгирии онҳо соли равон беш аз 20 сехи дӯзандагӣ ва дуконҳо ба истифода дода шуданд.

дар маркази шаҳр корхонаи «Марям», маркази колинбофӣ дар деҳаи Фахробод, коргоҳи сабадбофӣ дар деҳоти Чаман ва корхонаи «Мактаби модарон» дар деҳаи Ситораи Сурх, таъсис дода шуданд. 70 нафар зану духтарони деҳот ба дӯхтани либосҳои мактабӣ ва миллӣ ҷалб гардиданд.

Соли 2020 дар доираи сафари кории Сарвари давлат дар шаҳри Ваҳдат чанд иншооти таъй­иноташон гуногун мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дар маркази шаҳр маркази савдо ва хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти мазкур бо саҳми сохибкор Акмал Раҳимов бунёд гардида, аз 3 ошёна иборат буда, 188 ҷойи нави корӣ омода гардид. Дар ошёнаи якуму дуюми он кошонаи ҳусн ва сехи дӯзандагӣ ҷойгиранд.

 

САНГВОР

Соли равон дар ноҳияи Сангвор як қатор иншоот мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, маркази савдо ва толори варзиш дар деҳоти Сангвор, маркази савдо дар деҳаи Шаҳринав, азнавсозии маркази савдо дар маркази ноҳия, маркази савдо ва майдончаи варзиш дар деҳаи Ёзғанд, маркази савдо, ҳаммом ва сартарошхона дар деҳаи Миёнаду, майдончаи варзиш дар деҳаи Лоҷург аз тарафи соҳибкорон ва аҳолӣ сохта ба истифода дода шуданд.

То ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода додани 102 иншооти хурду миёна, аз ҷумла якчанд меҳмонхонаҳои замонавӣ, осоишгоҳи табобатӣ, марказҳои хизматрасонӣ (кошонаи ҳусн, сартарошхона ва ҳоҷатхонаҳои замонавии сарироҳӣ), синфхонаҳои иловагӣ, майдончаҳои варзиш, иншооти тиббӣ ва биноҳои маъмурӣ ба нақша гирифта шудааст. Алҳол аз ҷумлаи иншооти зикргардида 56 ададаш ба истифода дода шудааст.

 

Шаҳринав

Соли 2020 барои мардуми ноҳияи Шаҳринав соли хотирмон буд. Аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ 3 муассисаи таълимӣ, 2 литсейи хусусӣ ва 2 муассисаи томактабӣ ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин, соҳибкор Аҳмадзода Ҷамолиддин 1 маркази ташхисию табобатии «Муҳаммад»-ро ба истифода дод. Дар ин самт саҳми бонувон, аз қабили Мавҷуда Ҳакимова, Гулнора Зиёдуллоева, Назокат Қурбонова назаррас мебошад.

:.  Аз ҳар боб 13.12.2020 20:09 804

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz