06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ГАРМХОНАҲОИ ШАҲЗОДА

 

3Дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ва раванди рушду ривоҷи хоҷагидорӣ, ки давлат ба хотири беҳбудии шароити зисту сатҳи иҷтимоии мардум то дурдасттарин музофоти кишвар шароиту имкониятҳои бемаҳдудро фароҳам карда истодааст, минҷумла бонувоне худро хушбахт меҳисобанд, ки соҳиби касбу шуғлҳои даромаднок буда, бо дастовардҳои меҳнатии худ ҷойгоҳи худро дар ҷомеа пайдо кардаанд.

Қаҳрамонии навбатии мо Шаҳзода Норбутаева, сокини Ҷамоати деҳоти «Фрунзе»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, бо рушду ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ ва парваришу бодирингу помидори дар шароити гармхонаҳо ҳамкору мададрасони аҳли хонаводаи худ мебошад.

-Афзоиши талаботи бозорҳои маҳаллӣ ба маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар фаслҳои зимистон ва даромади хуб аз шуғлҳои заминкорӣ дар шароити гармхонаҳоро дида, аз солҳои аввали наварӯсиам ба ҳунару касабаҳои хусуру хушдоманам шавқу рағбат пайдо кардам, - риштаи суҳбатро мекушояд Шаҳозда Норбутаева. – Қаблан чунин менамояд, ки бунёди гармхонаву кишту коркарди зироатҳои зери пленка кори дастаҷамъӣ буда, як ё ду нафар аз иҷрои ин корҳо баромада наметавонанд. Аммо бо гузашти мушоҳидаву таҷрибаомӯзиҳо ва омӯзиши асрору нозукиҳои кор, баъзан ҳатто як нафари аҳли хонаводаи мо аз уҳдаи коркарду обёрии саривақтии қитъаҳои гармхонаҳо баромада метавонад.

2Дар парвариши помидору бодиринги барвақтӣ устоду маслиҳатгари мо хусуру хушдоманам мебошанд, ки айни ҳол дар шаҳри Свердловски Федератсияи Руссия кору фаъолият доранд. Зодмандон ҳамарӯза аз рафти парвариши зироатҳои гармхонаҳо пурсон шуда, таъкид медоранд, ки ба қадри обу хоки Ватани азизамон расида, заминро чун неъмати бебаҳо самаранок истифода намоем.

Дар хонавода ду оила, иборат аз 10 нафар зисту зиндагонӣ доранд, ки манбаи асосии пешбурди рӯзгорашон аз даромади ҳосили гармхонаҳо аст. Масоҳати умумии гармхонаҳои наздиҳавлигӣ 10 сотихро ташкил медиҳад, ки солона аз парваришу нигоҳубини зироатҳои дар ин гармхонаҳо 60-70 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ба даст меоранд.

- Шукронаи рушду тараққиёти кишвар ва солу замоне, ки мо зисту зиндагонӣ дорем, ки бо истифодаи оқилона аз воситаҳои технологияи муосир касбу шуғлҳои худро рушду ривоҷ дода, сатҳи зиндагиамонро беҳтар мегардонем,- иброз дошт дар идомаи суҳбат Шаҳзода. – Ҳамсарам тавассути интернет тухмии хушсифати помидору бодирингро аз мамлакатҳои аз лиҳози кишоварзӣ пешрафта дастрас намуд. Айни замон сабзиши буттаҳои помидори зери гармхонаи мо хело хуб буда, умедворем, ки аз ҳосили имсолаи гармхонаҳои худ фоидаи хуб даст меорем.

- Иқлими гарму хоки зархези води зархези Вахш имкон медиҳад, ки бо истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин дар баробари ғанисозии бозорҳои кишвар содироти онро ба кишварҳои ҳамсоя ва ҳатто давлатҳои Аврупо ба роҳ монем, - ба суҳбат ҳамроҳ мешавад ҳамсари Шаҳзода - Ӯктам Норбутаев. Барои рушду ривоҷ додани соҳаи кишоварзӣ, бахусус, ҷалби теъдоди бештари деҳқонон ба бунёди гармхонаҳои помидору бодирингпарварӣ маблағу сармояи зиёд лозим нест. Яъне, дилхоҳ хонаводаҳои дорои қитъаҳои наздиҳавлигӣ имкон доранд, ки аз ҳисоби сарфаи буҷети оилаи худ нахуст бо ташкили як гармхона ва баъдан, аз ҳисоби даромади софи он шумораи гармхонаҳоро зиёд карда, соҳиби сармояи хуб шаванд. Зеро, бе шакку шубҳа парвариши зироатҳои зери плёнка дар қиёс ба кишту кори дигар маҳсулоти кишоварзӣ се - чаҳор баробар даромади бештар меорад.

Ба гуфтаи Шаҳзода Норбутаева ба ин ҳама иқими мусоиду имкониятҳои фароҳамнамудаи роҳбарияти олии мамлакат бобати рушди соҳаи кишоварзӣ ва дигар бахшҳои хоҷагидорӣ дар мамлакати мо, ба хусус деҳотҷойҳо набояд мардум аз бекорию пайдо накардани шуғлҳои ҳақмузд шикоят намоянд. Дар ҳоле, ки бештари саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдонҳои васеъ кишту парвариши зироатҳои камарзишро ба роҳ мемонанд, аммо боз ҳам деҳқонони асиле дорем, ки аз 10-15 сотих заминҳои наздиҳавлигии хеш даромади бештар ба даст меоранд.

Аз кору заҳмати деҳқонону сокинони касбу кори гуногуни деҳоти «Фрунзе»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бармеояд, ки мардуми заҳматқарину меҳандӯст, дар баробари пешбурди шуғлҳои барзгарӣ, ҳамзамон корҳои ободонию бунёдкориро дар зодбуми хеш вусъати тоза бахшида, дар амалӣ намудани ҳадафҳои пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар бобати рушди деҳот, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, афсоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН

:.  Аз ҳар боб 24.11.2020 04:43 895

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz